Путин дар бораи дидор бо Отамбоев: "Сирре нест"

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24-уми июл дар Маскав бо президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мулоқот кардааст.

Сафари Отамбоев ба Русия ва мулоқоти ӯ бо Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ давоми ҳафтаҳои ахир се даъвати тафтишотро барои посух додан ба саволҳои додситонҳо нодида гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия, Путин рӯзи 24-уми июл ба рӯзноманигорон дар робита ба сафари раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон гуфт, ,"ягон чизи махфӣ нест. Шумо медонед, ки ман ҳамеша барои тамос бо ҳамтоёни кунунӣ ва пешинам омода ҳастам. Бале, дар ҳақиқат ман бо Отамбоев мулоқот кардам ва мо дар бораи вазъи минтақа ва Қирғизистон суҳбат доштем".

Путин ҳамчунин гуфт, ки мавқеи ӯ рӯшан аст ва онро ба Алмосбек Отамбоев низ баён кардааст. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Қирғизистон як кишвари наздик ва ҳампаймони Русия аст ва ҳадди ақал ду бор шоҳиди нооромиҳои дохилии ҷиддӣ шуда буд.

"Фикр мекунам, маҳз ба хотири манофеи мардуми қирғиз бояд ба ин иктифо кард. Кишвар ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи мардум бояд дар атрофи президенти кунунӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди Қирғизистон мусоидат кунанд. Мо бо Қирғизистон нақшаҳои зиёди ҳамкорӣ дорем. Мо мехоҳем, бо ҳукумати кунунӣ ҳамаи нақшаҳоро иҷро кунем",-афзуд Владимир Путин.

Рӯзи 24-уми июл як ҳайат бо раҳбарии Алмосбек Отамбоев аз пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Канти Қирғизистон ба Москва парвоз кард. Мушовири Отамбоев Кундуз Ҷолдубоева дар "Фейсбук" навишт, ки президенти пешини Қирғизистон бо даъвати дӯстонаш ба Русия рафт, вале нагуфт, ки "ҷониби даъваткунанда" кист, вале навишт, ки "дар Москва мулоқоти сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд".

Отамбоевро дар сафараш ба Русия иҷрокунандаи вазифаҳои раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Асел Кодуранова, муовинони раиси ҳизб Муродалӣ Мадеминов, Ирина Карамушкина ва Кундуз Жолдубоева, намояндаи расмии ҳизб дар Русия Темирлан Султонбеков ҳамроҳӣ карданд.

Сафари Отамбоев ба Маскав дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ се дафъа даъвати мақомоти тафтишотӣ барои посух додан ба суолҳоро рад кард. Дар пасманзари баррасиҳои гарми ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки президенти собиқ баъди бозгашт аз Маскав "вазифадор аст", ки ба бозпурсӣ ҳозир шавад. Отамбоев баъди сафари якрӯза буда, рӯзи 25-уми июл ба Бишкек баргашт.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки шаш сол - аз охири соли 2011 то ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекунад. Баъди он, ки парлумон қонуни ҳазфкунандаи масунияти президенти собиқро қабул кард ва нисбати ӯ санҷиш шурӯъ шуд, ҳеҷ гоҳ ба тафтишот ҳозир нашуд ва гуфт, ки дар манзилаш дар минтақаи Кой-Таш омода аст аз худ дифоъ кунад. Ӯ гуфт, ки силоҳ ҳам дорад.

Баъди се дафъа нодида гирифтани даъват ба тафтишот, рӯзи 22-юми июл муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Мирлан Каниметов ба хонаи собиқ президент рафт ва сабаби худдорӣ кардани ӯро аз ширкат дар бозпурсиҳо суол кард.

Вакили дифои ӯ Сергей Слесарев гуфт, ки Отамбоев ба унвони собиқ президент аз масуният бархӯрдор аст ва аз болои қонуни нави қабулкардаи маҳрумсозии президенти собиқ аз масунияти ҷиноӣ ба Палатаи Конститутсионӣ шикоят ворид шуда, ин санад ҷанбаи қонунӣ касб накардааст.

Рӯзи 24-уми июл баъди паҳн шудани хабари ба Русия парвоз кардани Отамбоев, вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки ӯ "вазифадор аст" баъди бозгашт аз Русия ба бозпурсӣ ҳозир шавад.

Моҳи июни соли ҷорӣ Додситонии кулли Қирғизистон аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек гумонбар мешавад. Вале худи Отамбоев гуфтааст, ки ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад ва парвандаи ҷиноии алайҳи ӯ "хаёлпардозӣ" аст ва ба ҳақиқат рост намеояд.

Отамбоев барои сари қудрат омадани президенти феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков кӯмакҳо кардааст, вале баъди интихобот равобити онҳо бад шуд ва мунтақидони Отамбоев дар ҳукумат ва порлумон ба маҳрум кардани президенти собиқ аз масуният, иқдом карданд. Отамбоев гуфтааст, ки то охир аз ҳаққи худ дифоъ мекунад.