Гурӯҳи 160-нафараи орзумандони ҳаҷ рӯзи душанбе бо либосҳои якранги обӣ ва сафед, бархе баъд аз як сол ва бархе ҳам баъд аз 20 соли интизорӣ тавассути ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр" ба Арабистони Саудӣ парвоз карданд. Ин ширкат аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маҷмӯъ дар як шаб ба Ҷидда ду парвоз анҷом дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе гусел карданд.
Абдулазиз Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар маросими гусели зоирон гуфт, "ҳамасола дар ин мавсим беш аз 2 миллион нафар вориди Арабистони Саудӣ мешаванд. Умедворем, зоироне, ки имсол мераванд, аз рушду густариши соҳаи Ҳаҷҷ дар Арабистон аз наздик шинос хоҳанд шуд. Хидматгузорӣ ба зоирони Хонаи Худо ба мо ҳам хизмат ва ҳам шараф аст".
Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ки соли ҷорӣ зоирони тоҷикро ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ ба Ҷидда мебарад. Қарор аст ширкати "Тоҷик эйр" ҳам дар интиқоли зоирон ширкат кунад. Нахустин парвоз тариқи ин ширкат пас аз танаффуси 7-моҳа шаби 24 ба 25-уми июл сурат мегирад.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қарордоди ҷониби Тоҷикистон бо ширкатҳои Арабистони Сауди шароити зарурӣ барои будубоши якмоҳаи зоирони тоҷик фароҳам шудааст. "Як гурӯҳи кории Кумитаи дин ҳафтае қабл, барои иҷрои омодагиҳо ва истиқболи сазовори зоирон ба Арабистони Саъудӣ сафар кардааст ва зоирон дар фурӯдгоҳи Ҷиддаи Арабистони Саудӣ истиқбол мешаванд".
Ҳаҷ яке аз фарзҳои шариати исломист ва бо вуҷуди ҳамасола гаронтар шудани харҷи он, сафи хосторони зиёрати Каъба ҳамеша зиёд аст. Аксари зоирон барои ин сафари муҳим тамоми умр пул ҷамъ карда, бархе дигар бо ёрии фарзандонашон ба ин орзуи худ мерасанд.
Харҷи ҳаҷҷи имсола 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муайян шудааст. Ин нарх дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан 1800 сомонӣ бештар аст. Аксари онҳое, ки дар гурӯҳи нахустин ба ҳаҷ сафар мекарданд, афроди миёнсол буданд ва мегӯянд, ки бори аввал аст ба зиёрати Каъба мераванд.
Тибқи муқаррарот, чаҳор соли ахир аз Тоҷикистон танҳо афроди беш аз 40-сола метавонанд ҳаҷ кунанд. Ҳакими Муҳаммадраҷаб, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, 20 соли ахир ин рӯзро орзу мекард ва чанд соли охир мунтазири навбат будааст.
"Солҳои пеш дар навбат будем. Имсол Худо рост овард ва ба ин сафар мушараф шудем. Ҳамаашро аз китобча хондаам. Муддати як моҳ бештар аст, ки дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе мехондем. Ҳамаро аз худ кардаам. Бештар аз ҳама барои ман тавофи гирди Хонаи Худо муҳим аст. Дар ҳаққи мардуми Тоҷикистон аввалин бор дар ҳаҷ дуо мекунам",-афзуд ин сокини Душанбе.
Ин сафар барои бисёриҳо мисли ин мусоҳиби мо бо кӯмаки молии фарзандонашон даст додааст. Аксари зоирон мегуфтанд, барои адои маросими ҳаҷ чандин моҳу сол маблағ ҷамъ овардаанд. Аммо бо ин вуҷуд ба гуфтаи Саодатхон Тоҷиддинова, ки омӯзгор аст, адои ҳаҷ бидуни кӯмаки фарзандонаш номумкин буд. Вай гуфт, "худам 40 сол шуда муаллимаи забони англисӣ кор кардаам. Аз маошам ҷамъ кардам. Ба бачаҳоям раҳмат, ки кор мекунанд, кам бошад ҳам, ҷамъ карда бо пули тоза рафта истодаам".
Маъбур Шарифов, имсол бори дуввум аст, ки ба ҳайси роҳбалад ба Арабистони Саъудӣ сафар мекунад. Ӯ мегӯяд, ба зоирон муддати қариб ду моҳ тартибу қоидаҳои ҳаҷ омӯзонида шуд. "Мо макети хонаи Каъбаро сохтем, гирди он давр мезаданд. Вале бори аввал, ки мераванд, дар ҳаяҷон буданд, ки дар ин қадар одами зиёд роҳ гум намекунем ва оё метавонем қоидаҳоро ба ҷо меорем. Мо ба онҳо гуфтем, ки бо либоси махсус шумо гум намешавед".
Зоирон ва ҳам рӯҳониёни тоҷик аз баҳсу даъватҳо бархе аз олимону донишмандони ислом атрофи ин, ки имсол сафари ҳаҷ бояд таҳрим шавад, огоҳ буданд, аммо гуфтанд ин андешаҳоро қабул надоранд.
Аввали моҳи июл Содиқ Ал-Ғариёнӣ, муфтии Либия аз мусалмонон даъват кард, ки ҳаҷҷи соли 2019-ро таҳрим кунанд. Ӯ гуфт, ҳар касе ки ҳоло ба Макка ҳаҷ меравад, ба ҷои савоб гуноҳ мегирад. Рафторҳои хушунатомези Арабистони Саудӣ дар минтақа ва ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки боиси қатли мардуми бегуноҳи Яман шуда буд, ба сар задани ин баҳсҳо сабаб шуда буд.
Маҳмуд Сангалиев, сармутахасисси раёсати фатвои маркази Исломӣ, ки ба унвони муфтии мавсими имсола сафари ҳаҷ дорад, дар ин робита гуфт, "ин нукта аз нигоҳи дини ислом ғалат аст. Ҳеҷ бандае наметавонад, ки рукни Худовандиро иваз кунад. Ин рукн аст, барои он инсонҳое, ки доро ҳастанд, ҳар сол дар рӯзҳои маъмули иди Қурбон метавонанд адои ҳаҷ кунанд".
Дар маҷмӯъ, имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ мераванд. Қарор аст парвози зоирон то авоили моҳи август аз тариқи Душанбе, Суғд ва Кӯлоб идома кунад. Барои бисёре аз зоирони тоҷик сафари ҳаҷ дар солҳои ахир пас аз анҷоми ягон кори хайр, аз ҷумла кӯмак ба ятимон ё хонаводаи ниёзманд ё сохтани пулу роҳ даст медиҳад.
Дар зимн, имсол бо тасвиби як қонун дар Тоҷикистон пардохти хироҷ барои ҳар довталаби зиёрати ҳаҷ ва умра ҳатмӣ шуд. Тибқи ин қонун, дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ, ки моҳи апрел баъди баҳси тунд ва норозигиҳо қабул шуд, ҳар нафаре, ки сафари ҳаҷ меравад, бояд дар баробари маблағи дигари муайяншуда, 50 доллар хироҷи ҳатмӣ супорад.