Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ мегӯяд, масъаларо замоне шарҳ хоҳад дод, ки натиҷаи ташхисро дастрас кунад, вале экологҳои мустақил ва сокинони деҳоти атрофи дарёи Шинг мегӯянд, ба заҳролуд шудани моҳиҳо аз партовҳои корхонаи оҳакпазии Чину Тоҷикистон шубҳа надоранд. Ин дар ҳолест, ки Корхонаи оҳакпазӣ дар поёноби Шинг бо лавҳаҳое бар пояи сутунчаҳо ба мардум ҳушдор дод, ки “аз оби дарё истеъмол" накунанд.
Масъулони бахши муҳитизисти шаҳри Панҷекат ва сокинони солхурдаи Панҷекат мегӯянд чунин ҳодисаи нобудшавии моҳиҳоро ёд надоранд. Акси моҳиҳои мурда эътирозҳои густардаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.
Кумитаи муҳисти зисти ҷумҳурӣ низ аз ин ҳодиса бохабар аст ва гуфт гурӯҳи корӣ боястӣ масъалаи аз партобгоҳи корхонаи оҳакпазии Чину Тоҷикистон заҳролудшавии моҳиҳоро санҷад.
Аммо масъулони ин корхонаи муштараки оҳакпазӣ ҳануз ибрози назар накардаанд
Дар наворҳои видеоие, ки сокинони Панҷекат ба ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштаанд, дида мешавад, ки туда-туда лошаи моҳиҳои хурду бузург дар соҳили дарё хобидаанд ва тӯъмаипарандаҳо мешаванд.
Ашраф Ғаффоров, раиси бахши экологияи ҳукумати Панҷекат рӯзи 17 июл аз соҳили дарёи Шинг, 35-километрии шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корӣ сабаби аслии марги моҳиҳоро, ки дар чӣ замина сурат гирифтааст, мавриди санҷиш қарор додааст. Вай афзуд, муҳлати ташхис 45 соатро дар бар мегирад ва рӯзи панҷшанбеи 18 июл натиҷаҳо маълум мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷаноби Ғаффоров иқрор кард, ки субҳи имрӯз, соати 6 дар соҳили дарёи Шинг мурдаи садҳо моҳиро мушоҳида намудааст: “Ман дар соҳили дарё истодаам ва гуруҳи корӣ моҳиҳои мурдаро барои ташхис ҷамъ карда гирифтаанд. Мо дар лабораторияи корхонаи тило ва дар озмоишгоҳи шаҳри Панҷекат санҷида, ба ташхисгоҳи вилоятӣ, ба Хуҷанд мефиристем ва дар зарфи ду рӯзи оянда сабаби аслии заҳролуд шудани моҳиҳоро дақиқ хоҳем кард.”
Вай афзуд, аз 19 нуқтаи дарё намунаҳои обро гирифтаанд ва ба ташхисгоҳ пешниҳод мекунанд.Ташхис бояд ҳамаҷониба сурат гирифта, ҳамаи фарзияҳо санҷида шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар миёни сокинони ноҳия ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фарзияи аз партовгоҳҳои корхонаи оҳакпазӣ заҳролуд шудани моҳиён зикр мешавад.
Абдусаттор Ғафффоров, сокини деҳаи Шинг, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи зуди рӯзи чоршанбе ранги оби дарёи Шинг зард шуда буд. Як рӯзи қабл ба ин шакл набуд. Вай афзуд, ҳоло сокинон аз оби дарё намехӯранд, то замони тоза шудани таркиби об.
Гулмаҳмад Давлатзода, раиси Кумитаи муҳитзисти Тоҷикистон низ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корӣ дар наздиктарин фурсат маълум хоҳад кард, ки сабаби аслии заҳролуд шудани моҳиҳо аз чист.
Исмоил Зарифӣ, корманди пешини Корхонаи тилои "Зарафшон", шоир ва рӯзноманигор, мегӯяд, ҳам кони тилои муштарак ва ҳам корхонаи оҳакпазӣ дар саргаҳи дарёи Шинг қарор доранд ва шаби 16-уми июл баъди шустани анборҳои корхонаи оҳакпазӣ маводи кимиёвии оҳак ба дарё ҳамроҳ шуда сабаби нобудшавии моҳиҳо шудааст.
Вай мегӯяд, азбаски бахши экологии шаҳр аз тарафи Корхонаи тиллошуии муштараки Чину Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, аз ин рӯ кӯшиш мекунад масъалаи олуда шудани оби дарёи Шингро ба корхонаи оҳакпазӣ рабт надиҳад ва сабабҳои дигарро пеш меорад.
Аммо Ашраф Ғаффоров раиси Бахши экологияи Панҷекат мегӯяд: “Азбаски сатҳи оби Ҳафткул боло шудааст, ин боиси беҷо шудани сангҳои даруни дарёи Шинг шуда, сабаби марги моҳиҳо шудааст, вале мо бидуни натиҷаи ташхис ҳоло чизе намегӯем”.
Тавре сокинони мавзеъҳои назди дарёи Шинг мегӯянд оби дарё то расидан ба наздикии Корхонаи оҳакпазӣ шаффоф аст ва моҳиҳо дар кулҳои он зиндагӣ доранд, вале вақте ки ба қисмати поён аз корхона мерасед, дигар моҳии зинда ба чашм намехӯрад ва ранги об тира ба назар мерасад.