Додситонӣ латукӯби зиндониёнро ҳангоми интиқол аз Суғд ба Душанбе рад кард

Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди латукӯб шудани 14 маҳбусеро, ки ҳангоми интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе ҷон бохтанд, рад кард. Шуморе аз наздикони ин афрод, қаблан ба расонаҳо гуфта буданд, ки дар бадани пайвандони худ осори латукӯбро мушоҳида карданд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарии худ, латукӯб шудани ин маҳбусонро радд кард ва гуфт, "ҳама ҷасадҳо ташхис шуданд, ягон осеб дар дар бадани онҳо мушоҳида нашудааст".

Ба гуфтаи Додситони кул, тафтиши пешакии парванда муайян кардааст, ки марги 14 маҳбус дар натиҷаи заҳролудшавӣ рух додааст ва ҳоло чигуна заҳролуд шудани ин зиндониёнро гурӯҳи вижаи додситонии ҳарбӣ таҳқиқ дорад. Юсуф Раҳмон гуфт, ҳоло ин парванда аз ҷониби додситони ҳарбӣ таҳқиқ мешавад ва бояд муайян карда шавад, ки маҳбусон аз кадом навъи заҳр фавтидаанд.

Ӯ афзуд, "мувофиқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, онҳо нонро (хлеб) истеъмол кардаанд. Мутаассифона, то ин вақт ҳам чандин ҳолатҳое буд, ки дар натиҷаи истифодаи маводи хӯрока, ки бо айби шахсони гуногун ва истифодаи нетрати натрий, сабаби заҳролудшавӣ шуда буд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кулоб ва Хуҷанд. Мо ин фарзияро айни ҳол тафтиш дорем".

Додситони кул гуфт, рӯзҳои наздик хулосаи тафтишоти худро оид ба сабабҳои марги маҳбусон эълон хоҳад кард. Дар робита ба ду маҳбусе, ки ҳангоми интиқол заҳролуд шуда, зинда мондаанд, гуфт, вазъи сиҳатии онҳо хуб аст ва аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд. Ҳоло додситонӣ посухи ташхиси ин ду маҳбусро интизор будааст.

Қаблан гуфта мешуд, 14 маҳбусе, ки дар пайи ба гуфтаи мақомот заҳролудшавӣ фавтидаанд, пас аз ошуби зиндони Ваҳдат ба маҳбаси Суғд интиқол ёфтаанд. Аммо додситони кулли Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ин 14 нафар дар ошӯби Ваҳдат даст надоштанд ва интиқоли онҳо аз Суғд ба Душанбе "тибқи нақша ва дархости муфаттишони воҳидҳои тафтишотӣ сурат гирифтааст".

Марги гурӯҳии 14 зиндонӣ дар таърихи 7-уми июл иттифоқ афтод. Дар шарҳи расмии мақомоти низоми зиндонҳои Тоҷикистон дар бораи марги зиндониҳо гуфта шуд, ки ин афрод дар роҳ аз зиндонҳои Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе аз истеъмоли нон (хлеб)-и "заҳролудшуда" ба ҳалокат расиданд.

Вазири адлия: "Шикоят аз латукӯби зиндониҳои фавтида санҷида мешавад"

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ки идораи зиндонҳо дар тобеияти он аст, дар нишасти матбуотиаш рӯзи 16-уми июл гуфт, шикояти латукӯби бархе наздикони маҳбусоне, ки ҳангоми интиқол ба Душанбе фавтиданд, ҳатман санҷида мешавад.

Вазири адлияи Тоҷикистон афзуд, гуруҳи махсуси додситонӣ ҳамаи шикояти наздикони маҳбусонро месанҷад. Аммо Вазири адлия аз ин бештар шарҳ надод ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки барои исботи аз "хлеб фавтидани маҳбусон чӣ далел дорад", гуфт, "бояд хулосаи додситонӣ"-ро интизор шуд.

Ӯ танҳо гуфт, "дар маҷмуъ 100 маҳбусро интиқол додем. Ин чиз аз нон шудааст ё чизи дигар, бояд хулосаи тафтишотро мунтазир шавем",-гуфт Вазири адлия.

Рустами Шоҳмурод ҳамчунин ба бархе интиқодҳо дар бораи интиқоли гурӯҳи маҳбусон дар шароити номуносиб посух дода, ин интиқодҳоро беасос хонд. Вазири адлия гуфт, ҳамаи қоидаҳои интиқол ҳангоми аз Хуҷанд ба Душанбе фиристодан риоя шудааст.

Саволи бештар назар ба ҷавоб

Шарҳи расмии мақомот назар ба ҷавоб, саволҳои зиёде эҷод кардааст. Наздикони ҳадди ақал се маҳбус қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанда буданд, ки бовар надоранд фарзанд ва хешонашон аз заҳролудшавӣ ба ҳалокат расида бошанд.

Аз ҷумла Саодат Солеҳова, як сокини ноҳияи Варзоб ва модари Некқадам Солеҳови 34-сола, зиндонии фавтида дар роҳи интиқоли зиндониён аз Хуҷанд ба Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми шустани ҷасади марҳум субҳи 8 июл, дар бадани вай, аз ҷумла тахтапушт ва пойҳояш, осори лату кӯб ва доғҳои сиёҳ мушоҳида шудааст. Вай гуфт, ки ҳамаи изи ин шиканҷаро аксу видео гирифтаанд, аммо мақомот аз телефонҳои онҳо ин аксҳоро пок кардаанд.

Саодат Солеҳова гуфт, дар якуним соат фурсате, ки ҷасад пеш аз дафн дар хона буд, мурдашӯ ва дигар наздикон дар ҷасади писараш осори осеби ҷисмониву доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд. Аммо Сафаралӣ Мирзозода сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон дар робита ба доғҳои кабуду сиёҳ дар бадани маҳбусон рӯзи 16 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ташхис ва муайян кардани навъи заҳр ҷасадҳоро колбадшикофӣ карданд ва “аз чандин ҷойи бадани маҳбусони аз ҷумла аз мағзи сар ҳам ташхис гирифтаанд.” Ӯ гуфт, ин изу пайҳо осори ҳамин экспертизаи судиву тиббӣ аст.

Яке аз наздикони Валиҷон Одинаев, як маҳбуси фавтидаи дигар низ мегӯяд, ҳарчанд тамоми бадани ӯро надидааст, вале рӯяш ҳама "зада шуда буд" ва пушти сараш захме дошт, ки гӯё "бо болға зада буданд". Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, осори захме, ки дар тани Валиҷон буд, "монанд ба заҳролудшавӣ аз нон набуд" ва ба бовари хонавода, ӯ бар асари латукӯб ва шиканҷа кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси Одинаевро нашр карданд, ки дар гирди чашми росташ доғи сиёҳе дошт.

Ҳодисаи мазкур ду моҳ баъди ошӯби пурқурбонии зиндони Ваҳдат ва ҳашт моҳ баъди ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд рух дод, ки дар ин ду ҳодиса беш аз 50 нафар ҷон доданд ва мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши маҳкумшудаҳо барои ифротгароӣ вогузор карданд. Ҳанӯз ба ин ду ҳодиса низ баҳои ниҳоии ҳуқуқии додгоҳӣ дода нашудааст ва ҳамчунин гурӯҳ ё созмонҳои мустақил имкони таҳқиқи бетараф ва мустақили ин ҳодисаҳоро надоранд.

Юсуф Раҳмон дар нишасти хабари рӯзи сешанбе гуфт, ки тафтиши ошӯби Ваҳдат дар арафаи анҷомёбист. Вай афзуд, ки нисбати як гурӯҳи маҳбусони ин зиндон ҳам парванда боз шудааст. Аммо ба суоли ин ки чӣ теъдод маҳбусони дигар ҳоло барои даст доштан дар ошуб айбдор мешаванд дар додситонӣ гуфтанд, ки ин сирри тафтишот аст.