11 медали варзишгарони тоҷик дар Бишкек

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи XXII байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Татяна Колпакова, ки рӯзҳои 13-14-уми июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, 11 медал (5 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Қирғизистон, дар ин мусобиқаи литсензионӣ ҳудуди 200 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мубориза бурданд.

Варзишгари тоҷик Гулсунбӣ Шарифова дар давиш ба масофаҳои 200 метр бо натиҷаи 23.39 ва 400 метр бо натиҷаи 52.72 соҳиби ду медали тилло гардид.

Се медали дигари тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Кристина Пронженко дар давиш ба масофаи 400 метр бо монеа миёни занон (59.21), Илдар Аҳмадиев дар давиш ба масофаи 100 метр (10.98) миёни мардҳо ва Алишер Пулотов дар давиш ба масофаи 400 метр бо монеа (52.93) оварданд.

Азиз Абдуллоев дар давиш ба масофаи 400 метр бо монеа миёни мардҳо бо натиҷаи 54.21 ва дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.48 медалҳои нуқра гирифтанд.

Медалҳои биринҷиро дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр (3:19.90), Григорий Дерипаскин дар давиш ба масофаи 400 метр (47.48), Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.08 метр) ва Нодира Мирзоева дар давиш ба масофаи 400 метр бо монеа (1:15.12) соҳиб шуданд.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Қирғизистон, вале иштирокчиёни мусобиқаи мазкур натавонистанд меъёрҳои муқарраршударо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 иҷро намоянд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи XXII байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Татяна Колпакова

Давиш ба масофаи 10000 метр

Мардҳо

1. Идилет Киштакбеков (Қирғизистон) — 31:42.6

2. Ҳумоюн Маҳмудов (Узбекистон) – 32:20.21

3. Бердигул Айтпай уулу (Қирғизистон) – 32:59.18

Занҳо

1. Мария Коробитская (Қирғизистон) — 34:50,22

2. Гулшонай Сатторова (Қирғизистон) – 35:09.74

Эстафетаи 4х400 метр

Мардҳо

1. Узбекистон – 3:15.46

2. Қирғизистон – 3:18.88

3. Тоҷикистон – 3:19.90. Пулотов Алишер; Пронженко Леонид; Холиқов Исломҷон; Абдуллоев Азиз.

Занҳо

1. Узбекистон – 3:55.73

2. Қирғизистон – 4:18.30

Эстафетаи 4х100 метр

Мардҳо

1. Узбекистон – 41.39

2. Тоҷикистон – 41.48 Пулотов Алишер; Дерепаскин Григорий; Абдуллоев Азиз; Аҳмадиев Илдар.

3. Қирғизистон – 41.69

Занҳо

1. Ҳиндустон – 45.81

2. Қирғизистон – 51.07

Давиш ба масофаи 100 метр

Мардҳо

1. Аҳмадиев Илдар (Тоҷикистон) – 10.98

2. Исмоилов Суннат (Узбекистон) – 11.05

3. Шеров Эркинбек (Қирғизистон) – 11.12

Занҳо

1. Арҷана Сусеентран (Ҳиндустон) – 11.74

2. Шабданалиева Албина (Қирғизистон) – 13.50

3. Сенкина Виктория (Қазоқистон) – 13.72

Давиш ба масофаи 110 метр бо монеа

Мардҳо

1. Кондратев Владислав (Қазоқистон) – 15.28

2. Сафаров Анвар (Узбекистон) – 15.53

3. Карин Данил (Қирғизистон) – 18.25

Давиш ба масофаи 100 метр бо монеа

Занҳо

1. Шиназбекова Айгерим (Қазоқистон) – 14.41

2. Оспанова Роксана (Қазоқистон) – 14.83

3. Тяпова Ангелина (Қирғизистон) – 15.07

Давиш ба масофаи 200 метр

Мардҳо

1. Гаянанд Баҳодурбҳаӣ Мистрӣ (Ҳиндустон) – 21.50

2. Муртазоев Улуғбек (Узбекистон) – 21.68

3. Сарасов Кирилл (Қирғизистон) – 21.87

Занҳо

1. Шарифова Гулсунбӣ (Тоҷикистон) – 23.39

2. Реватҳи Веераманӣ (Ҳиндустон) – 23.54

3. Раҷабова Малика (Узбекистон) – 25.76

Давиш ба масофаи 400 метр

Мардҳо

1. Ҳарш Кумар (Ҳиндустон) – 46.76

2. Гаянанд Баҳодурбҳаӣ Мистрӣ (Ҳиндустон) – 47.23

3. Дерепаскин Григорий (Тоҷикистон) – 47.48

Занҳо

1. Шарифова Гулсунбӣ (Тоҷикистон) – 52.72

2. Жисна Мэтю (Ҳиндустон) – 53.76

3. Турсун Айдана (Қазоқистон) – 56.79

Давиш ба масофаи 400 метр бо монеа

Мардҳо

1. Пулотов Алишер (Тоҷикистон) – 52.93

2. Абдуллоев Азиз (Тоҷикистон) – 54.21

3. Турғунов Шерзод (Узбекистон) – 55.31

Занҳо

1. Пронженко Кристина (Тоҷикистон) – 59.21

2. Турсун Айдана (Қазоқистон) – 1:05.34

3. Мирзоева Нодира (Тоҷикистон) – 1:15.12

Давиш ба масофаи 800 метр

Мардҳо

1. Муҳаммад Афсал Пуликкалакатҳ (Ҳиндустон) – 1:51.39

2. Сухов Сергей (Қазоқистон) – 1:52.01

3. Беант Сингҳ (Ҳиндустон) – 1:52.18

Занҳо

1. Сенкина Виктория (Қазоқистон) – 2:12.45

2. Толачёва Сабина (Узбекистон) – 2:13.35

3. Абдуллоева Зулфизар (Узбекистон) – 2:14.55

Давиш ба масофаи 1500 метр

Мардҳо

1. Ҷоломанов Мусулмон (Қирғизистон) – 3:49.65

2. Раҳул (Ҳиндустон) – 3:50.69

3. Кочконбоев Жоодар (Қирғизистон) – 4:01.05

Занҳо

1. Лили Дас (Ҳиндустон) – 4:19.05

2. Полюдина Виктория (Қирғизистон) – 4:23.62

3. Баротова Марҷона (Узбекистон) – 4:35.48

Давиш ба масофаи 3000 метр бо монеа

Мардҳо

1. Иванчуков Дмитрий (Қазоқистон) – 9:06.48

2. Тошқувватов Отабек (Узбекистон) – 9:25.78

3. Тяпкин Иля (Қирғизистон) – 9:41.09

Давиш ба масофаи 5000 метр

Мардҳо

1. Кенешбеков Нурсултон (Қирғизистон) – 14:29.66

2. Аҷит Кумар (Ҳиндустон) – 14:46.71

3. Раҳул (Ҳиндустон) – 14:49.61

Занҳо

1. Маслова Даря (Қирғизистон) – 16:08.35

2. Полюдина Виктория (Қирғизистон) – 16:15.11

3. Сатторова Гулшаной (Қирғизистон) – 16:47.10

Ҷаҳиш ба баландӣ

Мардҳо

1. Лошкарёв Роман (Қазоқистон) – 222 см

2. Баймуҳаметов Ботирхон (Қазоқистон) – 208 см

3. Сейтоҷиев Азиз (Узбекистон) – 204 см

Занҳо

1. Овчиникова Кристина (Қазоқистон) – 175 см

Найзапартоӣ

Мардҳо

1. Саҳил Силвал (Ҳиндустон) – 78.50 м

2. Шокирҷонов Бобур (Узбекистон) – 76.80 м

3. Роҳит Ядав (Ҳиндустон) – 73.33 м

Занҳо

1. Қучқорова Наргиза (Узбекистон) – 54.84 м

2. Камолиддинова Зебинисо (Узбекистон) – 42.35 м

Ҷаҳиш ба дарозӣ

Мардҳо

1. Среешанкар (Ҳиндустон) – 7.97 м

2. Резниченко Андрей (Узбекистон) – 7.13 м

3. Аҳмадиев Илдар (Тоҷикистон) – 7.08 м

Занҳо

1. Ҳусейнова Марина (Қазоқистон) – 5.85 м

2. Кукина Юлия (Қирғизистон) – 5.14 м

Гулӯлапартоӣ (ядро)

Мардҳо

1. Индерҷит Сингҳ (Ҳиндустон) – 18.67 м

2. Раҷабов Достон (Узбекистон) – 17.77 м

Занҳо

1. Туналаӣ Нарзарӣ (Ҳиндустон) – 13.83 м

2. Нестерова Екатерина (Қазоқистон) – 13.50 м

3. Камолиддинова Зебинисо (Узбекистон) – 13.34 м

Ҷаҳиши секарата

Мардҳо

1. Муҳаммад Салоҳуддин (Ҳиндустон) – 16.53 м

2. Корнишев Никита (Қазоқистон) – 15.06 м

3. Ҷӯраев Шаҳзод (Узбекистон) – 14.59 м

Занҳо

1. Ахметова Лавра (Қазоқистон) – 12.88 м

2. Овчиникова Татяна (Қазоқистон) – 12.11 м

3. Тореханова Диана (Қазоқистон) – 11.37 м