"Ин хел бошад, занон бояд кори давлат накунанд"? Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Салом ва ташаккур ки бо Озодӣ Онлайн ҳастед. Мусулмониву номусулмонӣ, кори занони танҳо ва дашном ба волидони Путин аз мавзуҳоест, ки дӯстони зиёде дар борааш ин ҳафта баҳс карданду мо он ҳамаро ба барнома овардем.

Соли оянда дар Тоҷикистон аҳолиро аз нав мешуморанд ва аз ҷумла аз мардум мепурсанд, ки пайрави кадом дин ҳастанд. Баъзе аз мардум зери гузориши Радиои Озодӣ навиштаанд, ин суол набояд пурсида шавад, чун мазҳабу эътиқод масъалаи хусусист.

Корбаре бо номи "Ганда" гуфтааст, "бигузор одамон нотарсида, пайрави кадом дин ё бедин, коммунист, зардуштӣ, насронӣ, баҳоиву буддоӣ будани худро нависанд. Омори 99 фоиз дар Тоҷикистон мусулмонанд дурӯғи маҳз аст. Ин иқдоми хуб аз тарафи ҳукумат аст, ки ҳақиқатро исбот карданист".

Беном гуфтааст, аслан баҳс дар бораи дину мазҳаб ҳоло муҳим нест, муҳим беҳбуди зиндагии мардум ва таъмини онҳо бо ҷойи кор аст. Ӯ мегӯяд, "одамони кишварҳои дигар ба кайҳон рафтаанду мо ҳоло дину ришу ҳиҷоб гуфта гаштем. Одамонро ба ҷойи кор таъмин кунед ва ҳар шаҳрванде, ки паспорт мегирад мисли хориҷа дину миллаташро пурсед, худаш мушаххас мешавад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Озодӣ Онлайн: Мо ҳоло дину ришу ҳиҷоб гуфта гаштем.

Як баҳси дигаре, ки ин ҳафта дар вебсайти Радиои Озодӣ бисёр доғ шуд, дар бораи эроди раиси вилояти Хатлон буд, ки гуфтааст, дар идораҳои ЗАГС занони танҳо кор мекунанд, ки дуруст нест.

Корбаре бо номи Адл эроди Қурбон Ҳакимзода дуруст шуморида ва гуфтааст, ки дар ҳақиқат, агар роҳбарони идораҳои сабти санадҳои расмӣ ё ба истилоҳи мардум ЗАГС оиладор бошанд, ба ҷомеа таъсири хуб мерасонанд. Агар роҳбарон оилаи намунавӣ надошта бошанд, дар ҷомеа обрӯ ва нуфузи лозимаро надоранд.

Адолат чунин эрод гирифтани раиси вилояти Хатлон ба занони танҳоро ноодилона дониста ва гуфтааст, бо насли ҷавоне, ки тифлонро бо занон мепартоянд, чӣ бояд кард? Ин хел бошад ними занони тоҷик бешавҳаранд, пас бояд кори давлат накунанд? Онҳоро низ ба кӯчаҳои фаҳш равона карданиед?

Саида аз тарафҳои баҳс хостааст, масъаларо яктараф нафаҳманд, зеро ба қавли ӯ, манзури раиси вилоят ин аст, ки духтароне, ки шавҳар надоранд, таҷрибаи кофии оиладорӣ надоранд ва ба заноне, ки барои машварат гирифтан меоянд, чӣ гуна тавсия дода метавонад.

Як чизи дигаре, ки на танҳо дар байни тоҷикон, балки дар дигар ҷойҳо ва бахусус Русия ҷанҷоли зиёд барангехт, дашном додани як хабарнигори гурҷӣ ба Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия буд. Бисёре аз корбарон дар саҳифаи "Фейсбук"-и Радиои Озодӣ, Георгий Габуния, хабарнигори телевизиони "Руставӣ 1"-ро сахт танқиду накуҳиш кардаанд, ки волидони фавтидаи Путинро дашном дод.

Музаяма Хайруллоевна навиштааст, он касе, ки модар дашном медиҳад ва фавтидагонро бад мегӯяд, инсон нест. Ин як инсони бетарбия будааст.

Зуҳро Шарипова хабарнигорро бефарҳанг номида ва гуфтааст, ки ӯ худрову мардуми Гурҷистонро шарманда мекунад.

Эшони Вахчӣ навиштааст, "ҳайратовар он аст, ки дар Русия беқадртарин мардум тоҷикон ҳастанд, вале бештар аз ҳама Владимир Путинро дӯст медоранд.

Агар барномаро дидед, ба дӯстонатон ҳам бифристед, ки бехабар намонанд. Агар видео доред ва ё андешаатонро мехоҳед, бигӯед, Вайбер Вотсапп, Имо, Телеграмм, бо ҳар кадоме ки мехоҳед, бифристед.