Хулосаи додситони Русия доир ба таъйини як тоҷик дар мақоми "баланд"

Акси Парвиз Тухтасунов аз вебсайти https://kadastr.ru

Вебсайти "Фонтанка" гуфт, ки Додситонии Русия дар як хулосааш ба унвонии вазорати рушди иқтисод навиштааст, ки таъйини Парвиз Тухтасунов як зодаи Душанбе ба мақоми раиси Палатаи федеролии кадаст бо нақзи қонун сурат гирифтааст ва ӯ "бояд барканор шавад".

"Фонтанка" менависад, ки хулосаҳо ду моҳ пеш аз ҷониби муовини якуми додситони кулл Александр Буксман ба номи вазорати иқтисод ирсол шудааст. Ҳанӯз ҳеҷ вокунише аз ҷониби "Росреестр" ба ин матлаб нашр нашудааст.

Рӯзи 11-уми июл дар дафтари матбуоти Хадамоти федеролии "Росреестр" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Парвиз Тухтасунов сари кор аст ва ба вазифааш идома медиҳад. То замони нашри ин гузориш, "Росреестр" ва худи Тухтасунов ба пурсишҳои хаттии Радиои Озодӣ, ки тавассути почтаи электронӣ ирсол шуданд, посух надоданд.

Зодаи Тоҷикистон дар мақоми баланди ҳукуматӣ

Парвиз Тухтасунови 34-сола зодаи Душанбе буда, бо хонавода аз оғози солҳои 1990-ум дар Маскав зиндагӣ мекунад ва шаҳрванди Русия аст. Мавзӯи баҳси сазовор будани ӯ ба мақоми раиси Палатаи федеролии кадастри Русия аз он ҷо сар зад, ки бархе хабарнигорон ба мансубияти миллии ӯ таваҷҷӯҳ карданд. Ноябри соли 2018 мавҷи интиқоду эътирозҳои матбуоти русӣ аз таъйини "як тоҷики ношинос" ба мақоми раҳбари хадамоти муҳими давлатӣ ба чархиш даромад ва дар пайи ин, зиндагии ӯ ҳамаҷониба баррасӣ шуд.

Бар асоси иттилои Кадастри Русия, Тухтасунов соли 2008 Академияи тиббии Маскавро хатм карда, муддати кӯтоҳе дар як бемористон ба ҳайси парастор кор кардааст. Соли 2017 "Донишкадаи боз"-ро бо ихтисоси мудирияти давлатӣ ва Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плехановро дар риштаи "молиёти корпоративӣ", хатм кардааст.

Дар корномаи Тухтасунов навишта шудааст, ки ӯ дар фосилаи солҳои 2011 то 2016 дар муассисаҳои мухталифи тиҷоратӣ ва дар ширкате бо номи "Брендфорд лтд" дар бахши сармоягузорӣ ба фанновариҳои интернетӣ кор кардааст. Соли 2016 давоми се моҳ дар мақоми муовини раиси корхонаи федеролии "Росселхозземмониторинг" ва баъди ин давоми ду сол дар вазифаи мушовири раиси "Росреестр" кор кардааст.

Кадастри федеролӣ муассисаи давлатиест, ки иҷрои салоҳиятҳои "Росреестр"-ро дар заминаи сабти номи давлатии ҳуқуқ ба моликияти ғайриманқул ва ҳам бақайдгирии муомилаҳои марбут ба манзилу дигар масоилро ба ӯҳда дорад.

"Айб"-и Тухтасунов чист?

"Фонтанка" бо такя ба хулосаҳои додситонии кулли Русия навиштааст, ки муфаттишон дар қарори ба вазифаи мушовири раиси "Росреестр" таъйин кардани Тухтасунов дар соли 2016 айб ёфта гуфтаанд, ки дар ин мақом танҳо нафаре метавонад кор кунад, ки 4-5 сол дар сохтори давлатӣ ва ё панҷ сол аз рӯи ихтисосаш кор карда бошад.

Буксман инчунин навиштааст, ки собиқаи кории Тухтасунов барои ишғоли мақоми ӯ ҳам кифоят намекунад. Дар баробари интиқод аз тасмими мақомоти "Росреестр" барои ба тасдиқи номзадии Тухтасунов ба ин вазифа ва тақозои барканор кардани ӯ, муовини аввали додситони кулли Русия танбеҳи мақомдорони вазорати рушди иқтисодиро ҳам тақозо кард.

Тухтасунов -- мутахассиси фановариҳои нав

Баъди мавҷи интиқодҳо аз таъйини як зодаи Тоҷикистон ба вазифаи муҳими давлатӣ дар Русия худи Тухтасунов талош кард мутахассиси улуми замонавӣ ва донандаи фановариҳои рақамӣ будани худро тавассути мусоҳибаҳои матбуотӣ собит кунад. Ӯ дар бораи барномаҳои рақамӣ кардани системаи кадастр ё бақайдгирии моликияти ғайриманқули шаҳрвандон сӯҳбат карда, барои осону бемушкил кардани ин хадамот, ки ба гуфтааш, "бояд ноаён кор кунад", мусоҳибаҳо додааст.

Тухтасунов дар як мусоҳибааш ба оҷонсии давлатии ТАСС моҳи декабри соли гузашта, яъне ду ҳафта баъди таъин шуданаш гуфт, ки "саркӯб кардани инсон бар асоси мансубияти миллиаш кори хеле осон аст. Ман зодаи СССР ҳастам, Русия - кишвари гуногунмилат аст ва дар сохторҳои Росреестр зодаҳои зиёди СССР кор мекунанд, ки мутахассисони баландпоя ҳастанд", гуфт ӯ ва афзуд, "инсонро бояд бар асоси корҳояш баҳогузорӣ кунанд".

Моҷарои атрофи таъйини Тухтасуновро дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мекарданд. Як коршиноси тоҷик дар Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ин моҷаро бо афроди наздик ба Тухтасунов дар Маскав сӯҳбатҳо доштааст ва бардошти ӯ ин аст, ки мавзӯи мансубияти миллии ӯ дар ин моҷаро муҳим нест ва "гап фақат ва фақат сари пул аст".

Дар миёни интиқодҳо аз таъиноти Тухтасунов, ки онро ноябри соли гузашта бахши русии Би-Би-Си нашр карда буд, гуфта шуд, ки модари Тухтасунов (Сапҳия Тухтасунова) дар Росстат – як сохтори дигари марбут ба "Росреестр" кор мекунад ва дар асоси озмун ё тендерҳои давлатӣ ҳадди аққал як ширкати дӯст ва рафиқи Парвиз Тухтасунов тавонистааст, миллионҳо рублро барои иҷрои як тарҳ ба даст оварад.

Пушти ин моҷаро кист?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки моҷарои атрофи "ҳамватани мо" аз ҷониби гурӯҳҳое ташкил шудааст, ки манфиатдори мақом ё вазифаи ӯ мебошанд. Ӯ гуфт, "дар пушти ин моҷаро гурӯҳҳое буданд, ки ғаразҳои молӣ соҳа доштанд ва тавонистанд ин масъаларо дар расонаҳо матраҳ кунанд. Ва чун ин мавзӯъ (мансубияти миллӣ) дар ҷомеаи Русия доғ аст, баҳс чунин шакл гирифт. Додситонӣ санҷиш баргузор кард. Вале асли масъала дигар аст. Кадастр яке аз манбаъҳои сердаромадтарин дар низоми маъмурии Русия мебошад. Он ҷо воқеан ҷои "бегонаҳо" нест." Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён гуфт, ки ҳоло танҳо роҳи " ҳамватани мо" ин аст, ки ба додгоҳ муроҷиат карда, пирӯз шавад.

Оё омили миллӣ дар қазияи Тухтасунов нақш бозид?

Вале ба назари бисёриҳо, омили миллӣ дар қазияи Тухтасунов калидӣ буд, чунки дар кишваре бо мизони баланди фасод дар сохторҳои давлатӣ роҳ ёфтани шахсони "тасодуфӣ” ҳарфи нав нест. Хуршеда Ҳамроқулова, раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия мегӯяд, матраҳ кардани мансубияти миллии шахс дар баҳсҳое мисли мақом "амали таҳрикомез" аст ва матбуот набояд ба ин чиз роҳ надиҳад.

Ӯ гуфт, ки чунин ҳолат танҳо хоси Русия нест ва дар дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Узбекистону Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад, ки намояндагони қавму миллатҳои дигар ҳам аз вуҷуди "табъиз бар асоси миллӣ" ба ҳангоми ба кор гирифтани шахс интиқод мекунанд. "Муҳим ин аст, ки табъиз дар қонун ва сатҳи давлат набошад, гуфт Ҳамроқулова. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки дар асл хулосаҳои Додситонии кулли Русия хусусияти машваратӣ дорад ва аз ин хотир, Тухтасунов имкон дорад, бар асоси қонун исми худро сафед кунад.