Модари зиндонии даргузашта: Ба заҳролуд шудани писарам бовар надорам

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Саодат Солеҳова, як сокини ноҳияи Варзоб ва модари Некқадам Солеҳови 34-сола, зиндонии фавтида дар роҳи интиқоли зиндониён аз Хуҷанд ба Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми шустани ҷасади марҳум субҳи 8 июл, дар бадани вай, аз ҷумла тахтапушт ва пойҳояш, осори лату кӯб ва доғҳои сиёҳ мушоҳида шудааст. Вай гуфт, ки ба марги писараш бар асари заҳролудшавӣ бовар надорад ва аз президент дархост мекунад, ки аз ҳоли зиндониҳо бохабар шавад