Баъди ба бемористони рӯҳӣ бурдани писари 13-солае, ки Осия Зулфоноваи 6-соларо дар як боғи Душанбе оташ зад, садҳо шарҳ ҳам ба вебсайти Радиои Озодӣ ва ҳам саҳифаи Радиои Озодӣ дар "Фейсбук" расид.
Аз ҷумла, Мӯҳсин Табриз дар "Фейсбук" модарони тоҷикро бепарво номида, танқид кардааст. Ӯ мегӯяд, "кӯдакони 4-5-соларо модарон аз субҳи содиқ ба берун сар медиҳанд, алалхусус дар шаҳр ва то ними шаб. Аз саҳар мисле, ки хонаи гунҷишк вайрон шуда бошад. Духтаронро дар синни 17-солагӣ шавҳар медиҳанд, мезоянд ва дар кӯча мепартоянд. Аз ҳукумат хоҳиш ягон қонун бароранд, ки камтар таваллуд кунанд".
Маҳмуд Шамсӣ ҳамақидаи Мӯҳсин аст, ки гуфтааст, бояд занон бештар ба тарбия таваҷҷуҳ кунанд, на таваллуд. Ӯ дар "Фейсбук" менависад, "рост мегӯӣ, занҳо мисли инкубатор шудаанд, таваллуд карда метавонанд, аммо тарбия дода не".
Занон ҳам дар ин баҳс бетараф нестанд ва яке аз онҳо Сабоҳат Хайлоева аз бонувони тоҷик мехоҳад, кӯдаконро беназорат нагузоранд, то фоҷиае ба сарашон наояд. Ӯ мегӯяд, "ман шахсан ба зоидан ва назоидани занҳо кор надорам, лекин кӯдаконро аз соати 6 саҳар аз дар берун мекунанд. Назорат нест, то соатҳои 11 ва 12 шаб бо кӯдакони беназорат ҳар фалокат шуданаш мумкин аст".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳси доғи дигар, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар "Инстаграм" идома дорад, дар бораи шароити тарсноки як хобгоҳ дар Душанбе аст. Як корбар бо номи Наимович баъди дидани видео зери он навиштааст, "аввал фикр кардам, Ҳиндустон ва ё Бангладеш бошад. Бовар надоштам, ки чунин ҷое дар Душанбе ва дар назди Султони Кабир ҳаст".
Корбари дигар бо номи Мирзовалӣ навиштааст, "хуб, агар давлат барои шумо дуруст накард, худатон наметавонед онро таъмир кунед, мабодо ба саратон фурӯ наравад. Ҳар яке 500 сомонӣ ҷамъ кунед, хобгоҳро таъмир кунед". Нафари дигаре дар посух ба ӯ навиштааст, ки агар ин мардум 500 сомонӣ медоштанд, дар ин хобгоҳ зиндагӣ намекарданд.
Мермерӣ -- як корбари дигар бо изҳори сипос барои инъикоси вазъи хобгоҳ навиштааст, ки "бигзор бубинанд, ки мардуми бечора ва кӯдакон дар чӣ шароите зиндагӣ мекунанд, вагарна ҳамеша дар телевизион фақат нишон медиҳанд, ки чӣ гуна Тоҷикистону Душанбе мешукуфанд. Ҳамаи ин дар канор мемонад".
Суҳбатро дар бораи Душанбе идома медиҳем, ки як видео дар бораи зебоиву хубиҳо ва норасоиҳои он баҳси зиёде барангехт. Корбаре бо номи Коваи Кӯҳистон дар шарҳи ин видео дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин навиштааст:
"Шаҳр он вақт зебо мешавад, ки барои сокинонаш зиндагии осон дастрас бошад. Наваду ҳашт фоизи ин шаҳр камбизоат, 2 фоизи Душанбе камтар хубтар зиндагӣ доранд. Култур ё фарҳанг дар хоби гарон аст, чун озодӣ нест. Ҷавонҳо ҳама бесавод, фақат фикри пулу маишат".
Дар "Инстаграм" ҳам шарҳи зиёде гирифтем ва аз ҷумла аз "Фирӯз Таҷикистан", ки гуфтааст, "бе хафагӣ, вақте ман Душанбе меравам, фикр мекунам, ки қишлоқ бошад. На одоб аст, на маданият!!!"
Гулчеҳра Холиқова зоҳиран аз танқиди зиёд нороҳат шуда ва аз мардум хостааст, ба ҷойи айбҷӯӣ, худашон дасту остин барзананд ва зиндагиашонро дуруст кунанд. Шарҳи ӯ дар Инстаграмм чунин аст:
"Мардуми ношукр, ҳама вақт камбудӣ меҷӯянд. Дуруст фикр кунед. Инсон бе камбудӣ зиндагӣ намекунад, солҳо заҳмат мекашӣ, баъд соҳиби мартаба мешавӣ! Шумо ҳам гапро кам кунед ва барои зиндагии хуб меҳнат кунед. Ягон кас тайёр барои мо зиндагии хуб оварда намедиҳад. Айбҷӯӣ роҳи осон ва бефоида аст".
Агар барномаро дидед, ба дӯстонатон ҳам бифристед, ки бехабар намонанд. Агар видео доред ва ё андешаатонро мехоҳед, бигӯед, Вайбер Вотсапп, Имо, Телеграмм, бо ҳар кадоме ки мехоҳед, бифристед.