"Айб аст, ки ҳама берун раванд". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ин дафъа дар барномаи Озодӣ Онлайн дар бораи тарки Тоҷикистон кардани шаҳрвандон сӯҳбат мекунему ҳақталабии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки гоҳҳо барояшон гарон меафтад.

Як пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи чаро тоҷикон ватанашонро тарк мекунанд, баҳси зиёдеро дар вебсайти мо барангехт.

Корбаре бо номи Ҳайрон менависад, "суннати ҳиҷрат буд, ҳаст ва мемонад". Барзу дар посух ба Ҳайрон навиштааст, ки худро чунин таскин надиҳад: "Айб аст, тоҷикон, ҳамаатон бигурезед, кӣ ин ватанро обод мекунад?"

Корбаре бо номи Шаҳрванди Леваканд мегӯяд, ки сиёсатҳои нодуруст дар Тоҷикистон, сабаби дилсардӣ ва тарки ватан шудааст.

Ӯ мегӯяд, "бале, вақте мутахассис мехоҳад тибқи ихтисоси худаш коре кунад, аз як тараф андоз, аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ намегузоранд. Аз ҳамин сабаб, роҳи ҳалро дар хориҷ шудан ё тарки ватан мебинад. Ба самте меравад, ки битавонад тибқи ихтисоси худ кор кунад. Чун дар дигар кишварҳо мутахассисон қадр доранд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Озодӣ Онлайн: Айб аст, тоҷикон агар ҳамаатон бигурезед

Мавзӯи дигаре, ки баҳси зиёд барангехт, боз ҳам дар бораи онҳоест, ки дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд. Баҳс дар бораи бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Озодбек Солиев, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, "вақте дар Русия маъмурони пулис ӯро нигаҳ доштанд, аз онҳо хост шаҳодатнома нишон диҳанд, вале дар иваз ӯро ҳақталаб номида латукӯб карданд".

Баҳси зиёде дар ин бора дар саҳифаи мо дар Фейсбук идома дорад. Латиф Раҳим мегӯяд: "Дар ҳар оилае як ноқис ҳаст. На ҳамаи пулисҳои Русия бо муҳоҷирон рафтори бад мекунанд. Баръакс ман санадҳоямро гум кардам ва ба онҳо муроҷиат намудам. Бо ман муносибати худ доштанд ва меҳрубон буданду бо қаҳва зиёфтан карданд".

Зарина Неъматуллоева ба он муҳоҷирони тоҷик аҳсан гуфтааст, ки ҳаққи худро талаб мекунанд. Ӯ навиштааст: "офарин, агар ҳар як муҳоҷир нотарсида, ҳаққи худро талаб кунад, ҳомиёни тартибот дар ниҳоят худсариро бас мекунанд".

Шӯҳрат Латифӣ мегӯяд, ҳукуматдорони рус худашон тарафдори бадрафторӣ бо тоҷикон ҳастанд, аз ҳамин лиҳоз ба қонуншикании пулис чашм мепӯшанд".

Ба баҳсҳо дар Фейсбук, Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ ҳамроҳ шавед. Ё ба мо нависед аз тариқи Вотсапп, Вайбер, Имо ва Телеграм ва ба ин шумора: +420 724 053 959. То дидор дар барномаи дигар!