Латту кӯби муҳоҷири тоҷик пас аз талаби ҳуҷҷат аз пулиси Маскав

Озодбек Ҷабборов

Озодбек Ҷабборов, муҳоҷири тоҷикро барои талаби шаҳодатномаи корӣ аз пулис дар Маскав латту кӯб кардаанд. Муҳоҷир мегӯяд, худро таҳқирдида меҳисобад. Маъмурони пулис гуфтанд, Озодбекро тафтиш карданд, аммо назаданд.

Озодбек Ҷабборов, муҳоҷири 25-солаи тоҷик гуфт, субҳи 28-уми июн дар истгоҳи “Автозаводская”-и Маскав ду корманди пулис ӯро аз роҳ дошта, хостанд, санадҳояшро тафтиш кунанд. Аз рӯйи қонун, қабл аз тафтиш нафари мавриди таваҷҷӯҳ ҳақ дорад, шаҳодатномаи кории корманди милиса ва сабаби боздошташро бипурсад. Ҷабборов мегӯяд, вақте чунин талабро дар миён гузошт, кормандони пулиси ноҳияи Даниловскии шаҳри Маскав ӯро таҳқир ва латту кӯб кардаанд.

Дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Даниловский боздошт, тафтиш ва ба шӯъба овардани ин шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ карданд, вале иддаои латту кӯбу таҳқирро рад намуданд.

Озодбек Ҷабборов мегӯяд, ҳама санадҳояш барои кор дурустанд, вале пеши худ мақсад гузоштааст, аз кормандони пулисе, ки ӯро тафтиш кардан мехоҳанд, шаҳодатномаи корӣ пурсад. Коре, ки аксари муҳоҷирон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо пулис анҷом намедиҳанд. Ин муҳоҷир мегӯяд, рафтори корманди пулис нишон дод, ки онҳо аз ҳақшинос шудани муҳоҷирон асабӣ мешаванд ва тасаввурашон ин аст, ки муҳоҷири тоҷик ҳеҷ эътирозе ба амалҳои онҳо надошта бошад.

“Сабаби манъ карданамро пурсиданд. Асабӣ шуданд, худро муаррифӣ накарданд ва гуфтанд, ки дар Шӯъбаи пулис ҳамаашро мефаҳмӣ. Як нафараш зад ва аз дастонам кашиданд, ки дар замин афтодам ва ҷароҳат бардоштам. Маро ба Шӯъба бурданд. Ҳарчанд, пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳо ҷавоб доданд, вале таҳқири зиёд карданд,” -- гуфт ӯ.

Озодбек Ҷабборов, сокини ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, панҷ сол боз барои кор ба Русия меравад. Ӯ мегӯяд, дар сохтмон кор мекунад ва санадҳояш дурустанд. Ин ҳафта бори дувум аст, ки пас аз шаҳодатнома пурсидан аз пулис шоҳиди чунин бархӯрд мешавад.

Ӯ гуфт: “Одат кардаанд, ки муҳоҷири тоҷик риояи ҳуқуқашро талаб накунад. Вақте саҳар чунин гуфтам, ҷавобашон ин буд: “доно шудед?”

Ҳоло ин муҳоҷири тоҷик тасмим дорад, аз рӯйи рафтори ду корманди пулис ба додситонӣ шикоят барад. Ҳадафаш ин аст, ки кормандони пулисро ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон водорад.

Дар Шӯъбаи пулиси ноҳияи Даниловскии Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, воқеан Озодбек Ҷабборов ба ин шӯъба оварда шуда буд. Навбатдор ин шӯъба, ки аз худ Вовкин ном бурд, гуфт, “Ҷабборов барои тафтиш ба шӯъба оварда шуд ва дертар ӯро ҷавоб додем. Нисбат ба ӯ ҳеҷ рафтори ғайриқонунӣ нашудааст.”

Навбатдори шӯъба гуфт, дар берун бо ӯ чӣ гуна сӯҳбат кардаанд, намедонад, вале дар дохили шӯъбаи пулис “аз рӯйи қонун рафтор шудааст”.

Бархӯрди нодурусти кормандони пулис бо муҳоҷирони тоҷик борҳо аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ танқид шудааст. Дар интиқодҳо ба он ишора мешавад, ки пулиси Русия ҳеҷ гоҳ ҳамчун нигаҳдорандаи тартибот бо муҳоҷирон бархӯрд намекунад, балки аксаран онҳоро озор медиҳанд. Муҳоҷирони тоҷик низ талош мекунанд, бо кормандони пулис рӯ ба рӯ наоянд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 29-уми июн гуфт, Озодбек Ҷабборов аз онҳо кумаки ҳуқуқӣ пурсидааст ва ҳоло барои муроҷиат ба додситонӣ санад омода мекунанд. Ӯ гуфт: “Пулис зоҳиран аз он асабӣ шудааст, ки муҳоҷир қонунӣ рафтор мекунад. Ҳоло мо номи он кормандони пулисро мехоҳем маълум кунем. Ин рафторашон комилан хилофи қонун аст. ”

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, рафтори кормандони пулис дар чанд соли ахир бо муҳоҷирон ғайри қобили қабул шудааст. “Онҳо худро мисли одамони аз осмон афтодае мепиндоранд, ки гӯиё ба ҳамагуна рафтор нисбат ба муҳоҷирон ҳақ доранд. Муҳоҷирон қурбони ҳавобаландӣ ва нописандии онҳо мешаванд,” -- афзуд Валентина Чупик.

Русия бузургтарин кишвари мизбон барои корҷӯёни тоҷик аст. Коршиносон бар инанд, ки Русия муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун нерӯи арзони корӣ истифода мебарад, вале аз ҳуқуқшон дар баробари корфармо ҳимоят намекунанд. Ин аст, ки ба гуфтаи Озод Ҷабборов, муҳоҷири тоҷик, “дар Русия бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон чун ғулом муносибат мекунанд ва талош барои ҳимоя аз ҳаққи худ қаҳрашонро меорад”.