"Мардум ҳазору як мушкил дорад, аз куҷо консерт мефорад?" Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Сарвинози Руҳуллоҳ

Дар чанд рӯзи гузашта корбарон бештар дар бораи "Панҷ пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон" баҳс карданд. Назарҳо ба ин воқеаи таърихӣ ва таҳаввули он гуногун аст. Фурӯши "маҷбурӣ"-и консерти Нозия ва Муҳаммарофеи Кароматулло дар Панҷакент низ бисёриҳоро бетараф нагузоштааст.

Корбаре бо номи "Ғайри тоҷик" дар вебсайти Радиои Озодӣ мардумро ба "лашкари пароканда"-е монанд кардааст, ки "наметавонанд маънии сулҳ ва ваҳдатро дарк кунанд".

Ӯ навиштааст: "Чаро ки тоҷикон миллати муттаҳид нестанд. Ба ҳама аён аст, шумо ҳисси ватандӯстӣ надоред, чӣ соҳибмансабон ва чӣ мардуми одӣ".

Комил, корбари Фейсбук, ба ин бовар аст, ки "агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд, рӯшанфикрон ватанро тарк намекарданд."

Ба навиштаи ӯ, "Тоҷикистон яке аз давлатҳои беҳтарини Осиёи Миёна мешуд, чӣ дар соҳаи илм ва чӣ дар бахшҳои дигар."

Хонандаи дигаре бе зикри ном навиштааст, "сулҳ оромиву осудагӣ овард, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва аз як гиребон сар берун кардан. Мутаассифона, ин ваҳдат имрӯз вуҷуд надорад. Барои мисол, дар баҳсҳои марзӣ, мо – ҳама тамошогару бетараф!"

"Беном", корбари вебсайти Радиои Озодӣ гуфтааст, "ҷафои ҷангу сулҳро мардум мекашанд". Вай менависад, "кош на ҷанг мекарданд, на сулҳ. Як иди серхарҷро ба гардани мардум бор намекарданд. Ҳар сол ҳар як ноҳия барои таҷлил аз он миллионҳо доллар сарф мекунад. Ҳазорон кӯдак ба "маршировка" ҷалб карда мешаванд".

Мавзӯи дигари сербаҳс консерти Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматулло дар шаҳри Панҷакент буд. Чанде аз омӯзгорон гуфтанд, ба онҳо маҷбурӣ билети консертро фурӯхтаанд. Ба баъзе аз хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ ин рафтори масъулони идораи маориф хуш наомадааст.

"Хирад" менависад, "ман сад дарсад бовар дорам, ки маҷбурӣ аст. Раисони маориф шарм накарда, боз дурӯғ мегӯянд, ки ихтиёрӣ буд".

Раҳмон, корбари вебсайти Радиои Озодӣ, навишт, ҳоло мардум фурсати шунидани суруду таронаро надоранд. "Мардум гурусна аст ва ҳазору як мушкил дорад, аз куҷо консерт мефорад?"

"Беном" ба овозхонҳо тавсия додааст, ки консертро дар Душанбе баргузор кунанд. "Дар ин ҷо мардум дар як лаҳза билетҳоро мехаранд. Ба фикрам, мухлисон садои Нозияро пазмон шудаанд", -- гуфтааст ӯ.

Барномаро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Кош на ҷанг мекарданд, на сулҳ" Озодӣ Онлайн

Ба баҳсҳо дар Фейсбук, Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ ҳамроҳ шавед. Ё ба мо нависед аз тариқи Вотсапп, Вайбер, Имо ва Телеграм ва ба ин шумора: +420 724 053 959. То дидор дар барномаи дигар!