"Муҳаммад ва Қосим зиндаанд ё мурда? Зиндониянд ё озод?" ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Гузоришгарони СММ ба Тоҷикистон меоянд, то сарнавишти чанд шаҳрванди ба таври машкук нопадид ё зиндонишудаи тоҷикро таҳқиқ кунанд. Мақомот ҳодисаҳои рабудан ва ба таври ғайриқонунӣ зиндонӣ шудани шаҳрвандонро ҳеҷ гоҳ эътироф накардаанд.

Зебуннисо Торонова чаҳор сол боз писараш -- Муҳаммад Саидови 29-соларо меҷӯяд. Ба гуфтаи ӯ, "ходимони ҳифзи ҳуқуқ Муҳаммад ва ҳамсояашон Қосим Каримови 31-соларо аз маҳаллаи 102-юми пойтахт бо худ бурданд" ва бо ҳамин онҳо нопадид гаштанд.

Торонова рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиатҳои ӯ ба ниҳодҳои расмии Тоҷикистон натиҷа надодааст. Вай намедонад, ки Муҳаммад ва Қосим зиндаанд ё мурда, маҳбусанд ё озод. Онҳо аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд.

Зебуннисо Торонова мегӯяд, кормандони пулисгоҳе ки писараш ва Қосимҷон Каримовро бо худ мебурданд, ба ҳамсарони онҳо гуфтаанд, ки “натарсед, меорем”. Аммо ба таъкиди ин сокини Кӯлоб, аз ин "меорем" чаҳор сол мегузарад.

"Дар ҳаққи бачаам месӯзам. Ба куҷое, ки равам, мегӯянд, ин хел одамро намедонанд. Чанд бор ба ноҳияи Дӯстӣ рафта гуфтам, ки занҳояшонро пурсидед, худашон куҷо шуданд, ягон кас дарак надод дигар. Мегӯянд, ки мо ин хел одамро дастгир накардаем," -- афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам то ҳол расман нагуфтаанд, ки нафароне бо номҳои Муҳаммад Саидов ва Қосимҷон Каримов боздошт шудаанд ё на. Вале бар асоси иттилои манобеи мустақил, сокинони маҳаллаи "Чармгарони поён"-и шаҳри Кӯлоб, ки бо ҳамсаронашон дар Душанбе мезистанд, бо гумони ифротгароӣ боздошт шудаанд.

Рӯзи 26-уми июн хабарнигори Радиои Озодӣ ба чанд сохтори ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда, аз сарнавишти ин шаҳрвандон пурсид, вале дар ҳеҷ як сохтор омода нашуданд, дар ин бора ҷавоб диҳанд.

Сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро эътироф накардаанд, ки гоҳе шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷа ё дохили Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ боздошт мешаванд. Исбот кардани ин ҳодисаҳо ҳам тавассути манобеи мустақил хеле сахт аст, чунки дар бисёр ҳолатҳо афроди бенишоншуда наметавонанд, аз худ хабар диҳанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона матбуот ва ҷомеа дар бораи вуҷуди чунин ҳодисаҳо аз ҳомиёни ҳуқуқ ё наздикони ин афрод огоҳ мешаванд.

Вале масъала вуҷуд дорад, ки Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба нопадидшавиҳо ба Қирғизистон ва Тоҷикистон сафар ва дар ин бобат бо мақомоти давлатӣ гуфтушнид хоҳад кард.

Ин ҳайат аз 30-юми июн то 5-уми июл дар Душанбе ба сар бурда, бо мақомоти Тоҷикистон ҳодисаҳои нопадидшавии маҷбуриро баҳс хоҳад кард. Дар ин дидор раиси Гурӯҳи кории СММ Бернар Дуҳайме ва узви ин гурӯҳ Ҳенрикас Митскевичус ширкат хоҳанд дошт ва дар заминаи ҷамъоварии иттилоъ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ, татбиқи чораҳои маҳви чунин падида дар сатҳи қонунгузорӣ мақомоти тоҷик табодули назар кунанд. Хулосаи ин сафар дар як нишасти матбуотии рӯзи 5-уми июл дар Душанбе эълон хоҳад шуд.

Фаъолон: Дар 14 соли охир 15 дигарандеш рабуда шудаанд

Фаъолон мегӯянд, аз соли 2005 то имрӯз то 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Ба камияш нӯҳ ҳодиса дар чаҳор соли охир сабт шудааст. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбати ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Бенишин шуданҳои ғайриихтиёрӣ қарор аст, оғози моҳи июл дар нишасти кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева ҳам баррасӣ шавад.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch рӯзи 27-уми июн гуфт, ҳодисаҳои рабуда ва ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод шудани мунтақидон аз соли 2005 ва аз собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров шурӯъ шуд. Ӯ баъдан ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Свердлов мегӯяд, солҳои охир чунин ҳодисаҳо афзоиш меёбад. Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт:

"Масалан, соли гузашта фаъоли ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Наимҷон Самиевро аз шаҳри Грознии Русия дуздида, ба Тоҷикистон бурданд. Ин ҷараён бе риояи қонун сурат гирифт ва ҳамингуна ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Як қазияи дигари муҳим ҳам ҳаст. Мақсуд Иброҳимовро соли 2015 аз Маскав рабуданд. Ӯ дар созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" мақом дошт ва бо созмони "Гурӯҳи 24" робита дошт. Ӯро дуздиданд. Ӯро шиканҷа карданд. Баъд дар Тоҷикистон пайдо шуд. Ӯро ба 17 соли зиндон маҳкум карданд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Стив Свердлов дар бораи нопадидшавиҳои маҷбурии тоҷикон

Стив Свердлов гуфт, дар бисёр ҳолатҳо фаъолон ба ин нопадидшавиҳо бо шубҳа нигариста мегӯянд, ки эҳтимол ин рабуданҳо кори дасти ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дигар фаъолон мегӯянд, ки то ҳол кишварҳое ба мисли Русия ва Туркия ба рабуда ва истирдод шудани дигарандешон ба Тоҷикистон мусоидат кардаанд. Ҳарду аз ҷумлаи кишварҳоеанд, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онҳоро барои саркӯби озодиҳо ва фишор ба норозиёни худашон танқид мекунанд.

Аз ҳамин хотир, ба гуфтаи Стив Свердлов, сафари ҳайати гузоришгарони Созмони Милали Муттаҳид оид ба нопадидшавиҳо "бисёр саривақтӣ аст, чунки ба хешовандони ин афрод имкон медиҳад, ки маълумоти дар ихтиёрдоштаашонро бо коршиносони байналмилалӣ дар миён гузоранд". Ба қавли Свердлов, қарор аст, дар ин сафар намояндагони СММ бо Ваколатдори ҳуқуқи башар ва дигар сохторҳои ҳукуматӣ мулоқот ва сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.

Фаъолони дигари ҳуқуқ мегӯянд, аксари ҳодисаҳои нопадидшавии мунтақидони ҳукумат ба ҳам монанд аст: бархе аз хона, дигарон аз кӯча боздошт шуда, бархе дар зиндон пайдо шуданд, вале ҳодисаҳое ҳам буд, ки боздоштшудаҳо дигар комилан бенишон гаштаанд.

Яке аз масоили мавриди баррасӣ дар Женева

Дар як муроҷиати муштараки гурӯҳи созмонҳои фаъоли ҳуқуқи башар, аз ҷумла Human Rights Vision Foundation, Eurasian Dialog Institution ва Tajik Freethinkers Forum ба унвонии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, аз 8 нафар ном бурда шудааст, ки ба гуфтаи ин созмонҳо, чанд нафарашон “дуздида ва баъдан ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод шудаанд”.

Инҳо:

  • Эҳсон Одинаев, блогнавис ва фаъоли “Гурӯҳи 24”. Рӯзи 19-уми майи соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербург нопадид шуд ва то ҳол сарнавишташ норӯшан аст;
  • Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”. Моҳи январи соли 2015 аз Маскав рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Моҳи июни соли 2015 бо ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Мухолифон гуфтанд, ки ташкили намоишҳои эътирозии зидди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия бо ҳузури муҳоҷирон, ки Иброҳимов дар онҳо иштирок кардааст, сабаби пайгарди ҷиноии ӯ шуд.
  • Соҳибназар Абдуназарови 37-сола, сокини Душанбе ва фаъоли “Гурӯҳи 24”. Ба иддаои фаъолон, моҳи июли соли 2017 аз Беларус “дуздида” ва дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфтааст, ки Абдуназаров ҳамроҳ бо фаъолони дигари созмонҳои мухолифин дар “даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” айбдор шуд. Додгоҳ гуфтааст, гуноҳҳои Абдуназаров дар додгоҳ тасдиқи худро пайдо кард.
  • Абдураҳим Восиев, узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, ба иддаои фаъолон моҳи январи соли 2017 дар Русия рабуда ва дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
  • Наимҷон Самиев, раиси пешини бахши ҳизби наҳзат дар вилояти Суғд. Ҷонибдоронаш гуфтанд, Самиев моҳи ноябри соли 2018 дар шаҳри Грознии Чеченистон рабуда ва 3-юми декабр дар Тоҷикистон пайдо шуд. Ӯ дар навори видеоие, ки онро сохторҳои интизомӣ нашр карданд, гуфт, гӯё "ихтиёрӣ" баргаштааст. Додгоҳи Исфара рӯзи 9-уми апрели имсол Самиеви 56-соларо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ” ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Худи Самиев ин ҳукмро "ноодилона" ва худро бегуноҳ донист.
  • Қиёмиддин Ғозиев, узви пешини ҲНИТ. Фаъолони ҳуқуқ гуфтанд, Ғозиев ноябри соли 2017 дар Санкт-Петербурги Русия дуздида шуда, моҳи майи соли 2018 дар Душанбе ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Ғозиев яке аз 29 зиндонии маҳбаси шаҳри Ваҳдат буд, ки шаби 19-уми май аз дасти ба гуфтаи мақомот, ифротгароҳо кушта шуд. Ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба наздиконаш супурданд.
  • Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар Ҳолланд. Моҳи феврали соли 2019 дар Маскав рабуда бидуни ихтиёр ба Тоҷикистон бурда шуд. Таҳти фишори ҷомеаи байналмилалӣ озод ва ба Ҳолланд баргашт.
  • Амрулло Мағзумови 56-сола, фаъоли собиқи ҲНИТ, моҳи май дар фурудгоҳи “Внуково” баъди бозгашт аз Истанбул боздошт шуд. Ба иддаои фаъолони ҳуқуқ, ӯро барои “фаъолиятҳои гузаштаи сиёсиаш дастгир” ва ба Тоҷикистон истирдод карданд. Мақомот дар Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд. Сарнавишти феълии ӯ маълум нест.

Ҷудо аз ин афрод, матбуот солҳои охир дар бораи сарнавишти мармузи чанд нафари дигар, аз ҷумла, Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи спирти Исфара ва узви маҷлиси вакилони Суғд ҳам хабар додааст.

Абдулвосит Латипов ҳам 7 соли пеш аз ҷониби афроди номаълум дар вилояти Волгогради Русия рабуда шуд. Соли 2018 наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи ҷиноии ӯ ҳанӯз дар Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар додситонӣ боз аст ва ӯро аз феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ берун накардаанд.

Латиповро, ки дар замони ҷанги дохилӣ (1992-1997) яке аз фармондеҳони Нерӯҳои мухолифи давлат ва муҳофизи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони мухолифин дар он замон буд, ба қатлу куштор, гаравгонгирӣ, бандитизм, ғоратгарӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар бораи ин шахс ҳеҷ иттилоъ надоранд.

Стив Свердлов мегӯяд, умед дорад, ки сафари гузоришгари вижаи СММ оид ба рабудан метавонад дар ҳалли ин мушкил ва ҳам рӯшан кардани сарнавишти бисёр нафарон мусоидат кунад.

Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ ё ғайриихтиёрӣ дар назди Комиссияи ҳуқуқи башари СММ соли 1980 таъсис шуд. Ҳадафи асосии ин гурӯҳ риоя шудани қонун нисбат ба шаҳрвандон, санҷидани масъулияти сохторҳои давлатӣ дар робита бо нопадидшавиҳо ва гузориш додан ба СММ аст.