Сулҳи Исроил ва Фаластин. Нақшаи Трамп ва шарти ҷонибҳо

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо раҳбари Фалатиниён Маҳмуд Аббос

Дар нишасти дурӯзаи байналмилалӣ дар Баҳрайн, ки рӯзи 25-уми июн оғоз мешавад, барномаҳои деринтизори президенти Амрико Доналд Трампро барои поёни низоъ миёни Исроилу Фаластин баррасӣ мекунанд.

Барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ раҳбарони ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон даъват шудаанд. Ҳадафи нишаст баррасии рушди иқтисодии Фаластин мебошад.

Бар асоси нақша, ки онро ҳафтаи гузашта Кохи Сафед муаррифӣ кард, интизор меравад бо саҳми кишварҳо ва сармоягузорон тахминан 50 миллиард доллар барои рушди минтақа ҷудо карда шавад. Аз ин маблағ 27,5 миллиард доллар ба Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғазза ва боқимондааш ба Урдун, Миср ва Лубнон равона мешавад. Дар давоми рӯз Трамп ҷанбаҳои сиёсии ин нақшаро ҳам боз мекунад.

Вале мақомот дар Фаластину Исроил гуфтанд, ки ҳеҷ намояндаи ҳукуматҳои онҳо дар ин конфронс ҳузур нахоҳанд дошт.

Ҳайати амрикоиҳоро вазири молия Стивен Мнучин ва Ҷаред Кушнер, ддомод ва ҳамзамон мушовири аршади президент Трамп, раҳбарӣ мекунанд. Қарор аст, ба нишаст вазирони умури хориҷии чанд кишвари арабии шарики Амрико дар Халиҷи Форс ва инчунин раҳбари Сандуқи Байналмилалии Пул Кристин Лагард биёянд. Урдун ва Миср раҳбарони сатҳи поёнро ба нишаст мефиристанд, вале Лубнону Ироқ гуфтанд, ки ба нишони ҳамраъйӣ бо фаластиниҳо дар нишаст ширкат намекунанд.

Нақшаи президенти Амрико Доналд Трамп барои азсаргирии ҷараёни сулҳи Исроилу Фаластин ду сол пеш пешниҳод шуд ва марҳилаи аввали иҷрои он дар конфронси Баҳрайн расман муаррифӣ хоҳад шуд.

Конфронси иқтисодӣ бо номи “Сулҳ ба хотири шукуфоӣ” сармоягузорӣ ба қаламравҳои Фаластинро ба унвони бахши аввали барномаи бузурги Кохи Сафед ба хотири хатми ҷанг ба баррасӣ мегирад. Хабаргузории Reuters навишт, меъмори асосии барнома домоди президент Кушнер аст ва дар остонаи оғози конфронс ӯ бахшҳои муҳими ин барномаро шарҳ дод.

Вале, тавре оҷонсӣ навишт, барномаи шукуфоии иқтисодии Кохи Сафед дар бораи таъсиси давлати Фаластин чизе намегӯяд. Инчунин, то ҳол дар бораи дурнамои сиёсии ин нақша ҳам иттилое нашр намешавад. Чунин талошҳо давоми даҳсолаҳо аз ҷониби сулҳҷӯёни дигар дар минтақа анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарону коршиносони таърихи низои Исроилу Фаластин мегӯянд, чанд масоили калидие вуҷуд дорад, ки бидуни назардошти онҳо дар музокироти сулҳи минтақа пеш рафтан имкон надорад.

Инҳо:

  • Мақоми шаҳри Байтулмуқаддас, ки дар ҳудуди он маконҳои барои яҳудиёну мусалмонҳо ва масеҳиён муқаддас ҷой доранд
  • Таъйини хатти марзе, ки ҳарду ҷонибро қонеъ кунад
  • Дарёфти роҳи ҳалҳои нигарониҳои амниятии Исроил, ки аз ҳамлаҳои фаластиниҳову дигар ҳамсояҳои ба ӯ душманаш эмин бошад
  • Ҳалли масъалаи таъсиси давлати Фаластин ва хатми ишғоли қаламравҳои фаластинӣ аз ҷониби Исроил, ки даҳсолаҳо идома дорад
  • Сарнавишти миллионҳо фаластиниҳои муҳоҷир
  • Дастрасӣ ба захираҳои табиии мисли об
  • Талаби Фаластин барои берун кардани 400 ҳазор исроилӣ аз Каронаи Ғарбӣ, ки дар миёни 3 миллион фаластинӣ хона сохтаанд. Ҳамингуна 200 ҳазор хонаи дигари исроилӣ дар Шарқи Байтулмуқаддас мояи ихтилоф шудаанд

Маълумоти дастрас дар бораи нақша

Барномаи сармоягузорӣ бо арзиши 50 миллиард доллар аз 179 тарҳ иборат аст. Панҷ миллиард доллари он ба сохтмони як долони нақлиётӣ ба хотири пайванд кардани Каронаи Ғарбӣ ва Ғазза равона мешавад.

Беш аз нисфи ин маблағҳо давоми 10 сол дар қаламравҳои фаластинӣ харҷ хоҳад шуд. Пулҳои боқимонда барои кумак дар рушди кишварҳои ҳамсояи Фаластин -- Лубнону Миср, аз ҷумла нимҷазираи Сеной ва Урдун равона мешавад. Ин кишвар назар ба ҳамсояҳои дигар шумори бештари фаластиниҳоро ҷой дода, аз он хатар дорад, ки метавонанд ба таври доимӣ дар ин қаламрав ҷойгир шаванд.

Пулро кӣ медиҳад?

Маъмурияти Трамп умед дорад, ки дигарон, бахусус кишварҳои сарватманди Халиҷ ва сармоягузорони ҷудогона бахши асосии хароҷотро ба дӯш мегиранд. "Вале интизориҳо аз бароварда шудани барномаҳои Трамп чандон зиёд нест", -- навиштааст Reuters.

Дар конфронси Баҳрайн ҳеҷ намояндаи ҳукумати Фаластин ва Исроил иштирок нахоҳанд кард. Нақшаи иқтисодӣ танҳо дар сурате мавриди иҷро қарор мегирад, ки ҳама ҷонибҳо барои амалӣ шудани он изҳори омодагӣ нишон диҳанд.

Даври охирини музокироти сулҳ миёни ду ҷониб соли 2014 ва бенатиҷа анҷомид, вале бо ин вуҷуд ҳам умедҳо барои пурра фароҳам шудани сулҳ хеле ночиз буд. Дар се даҳсолаи гузашта фаластиниҳо ду амалиёти калони низомиро роҳандозӣ карда, Исроил шаҳракҳои яҳудинишинро тавсеа дод ва қудрати Ҳамос, як ҷунбиши мусаллаҳонаи исломӣ ва мухолифи Исроил, ки монеи дастёбии ҷонибҳо ба сулҳ аст, боло рафт.

Ҳарфи нави ИМА чист?

Кушнер ва фиристодаи Трамп барои Ховари Миёна Ҷейсон Гринблатт дар фикри созише ҳастанд, ки ба гуфтаашон, роҳи шукуфоиро барои фаластиниҳо ва таъмини амниятро барои исроилиҳо боз мекунад.

Вале масъалаи ҷиддӣ ин аст, ки дар сӯҳбатҳои маъмурияти Трамп мавзӯи фавқулода калидии ин низоъ, яъне иҷрои нақша бо назардошти ҳалли масъалаи таъсиси ду давлат нодида гирифта шудааст. Ин ҳамон формулаи байналмилалии қадимӣ аст, ки таъсиси давлати Фаластин ва таъмини ҳамзистии ду кишвари ҳамсоя дар канори ҳамро муҳим мешуморад.

СММ ва аксари кишварҳо дар саросари ҷаҳон ҷонибдори ҳалли қазия буда, роҳҳалро дар “мавҷудияти ду кишвар” мебинанд ва ҳамин нуктаро ба унвони шарти аслии сулҳ дар минтақа арзёбӣ мекунанд. Вале тими Трамп ин вижагиро пайваста нодида гирифтааст.

Мавқеи Исроил ва Фаластин

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ба нақшаи пешниҳодии амрикоиҳо гӯш медиҳад, вале аз мавқеи худ даст намекашад. Мавқеи Тел-Авив ин аст, ки Исроил аз мавзеъҳояш дар водии Урдун, як макони стратегӣ ва заминҳои серҳосил такон намехӯрад. “Бар асоси созиши сулҳ, - гуфт Нетаняҳу, - ҳузури Исроил дар ин макон идома меёбад ва ин ба хотири амнияти Исроил ва амнияти ҳама зарур аст”.

Фаластининҳо мегӯянд, ки ҳалли масоили иқтисодӣ муҳим аст, вале муҳимтар аз он сиёсат мебошад. Президенти маъмурияти Фаластин Маҳмуд Аббос ва Созмони озодихоҳи Фаластин Амрикоро ба ҷонибдорӣ аз Исроил гунаҳкор карда, 18 моҳ ба ин сӯ бо маъмурияти Трамп робитаҳоро қатъ кардаанд. Аббос пеш аз ҳама ба нақшаҳои ҷалбу масраф шудани 50 миллиард доллар ва омодагии ҷонибе барои сарфи ин сармояҳо шубҳа кардааст.