Пешниҳоди тағйир дар ҳайати КМИР як сол пеш аз интихобот

Шумориши раъй. Акс аз бойгонӣ

Аъзои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро аз ҳаққи узвият дар Кумисюни марказии интихобот, як ниҳоди нозир ба ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши овоз, маҳрум хоҳанд кард.

Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки "афроди беҳизбӣ шаффофияти интихоботҳои ояндаро таъмин мекунанд" ва "бархӯрди манфиатҳо аз байн меравад". Вале мунтақидон мегӯянд, ислоҳи "косметикӣ" чизеро иваз намекунад ва ба тасмимгириҳо таъсир намегузорад.

Манобеъ дар порлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин бора тарҳи иловаҳо ба Маҷлиси Намонядагон ворид шудааст ва ба зудӣ баррасӣ ва тасвиб мешавад. Баъзе аз вакилони порлумон рӯзи 23-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ карданд.

Абдуҳалим Ғаффоров, узви Маҷлис ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, гуфт, ҳадаф аз ин тасмим ҳузури афроди, ба қавли ӯ, холис дар Кумисюни марказии интихобот будааст.

"Мо тарафдор ҳастем, ки дар Кумисюни марказии интихобот афроди беҳизбӣ бошанд. На намояндаи ҳизби халқӣ-демократӣ, на сотсиалист ва на ҳизби демократ. Бигзор интихобот демократӣ гузарад ва ягон ҳизби сиёсӣ ба ҷараёни он дахолат накунад", -- гуфт ӯ рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ.

Вале вакилони порлумон гуфтанд, бар асоси тарҳи пешниҳодӣ, аъзои ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд ба ҳайси нозир ва узви қитъаҳои интихоботӣ ҷараёни овоздиҳиро назорат кунанд.

"Тағйирот сирф ба ҳайати Кумисюни марказии интихобот рабт дорад. Дар ҳавза ва қитъаҳои раъйдиҳӣ бояд намояндагони ҳизбҳо иштирок кунанд", -- гуфт як ҳамсуҳбати мо дар ниҳоди қонунгузори Тоҷикистон.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократ, мегӯяд, намояндагони ҳизбҳо ҷараёни интихоботро бештар ба ҳайси нозир пайгирӣ мекунанд. Вале ба гуфтаи ӯ, "онҳо низ мисли нозирони байналмилалӣ бояд ҳашт метр дур аз сандуқи овоздиҳӣ ҷой бигиранд."

Кумисюни марказии интихобот аз раису муовин ва 13 узв иборат аст. Дар гузашта намояндагони ҳафт ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, узви Кумисюн буданд. Ҷалодиддини Маҳмуд, намояндаи ҳизби наҳзат пеш аз интихоботи порлумонии соли 2015 дастгир ва ба зиндон маҳкум шуд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Кумисюни марказии интихобот ҳаргиз намоянда надоштааст.

Баъзе аз мунтақидон тағйирот дар ҳайати Кумисюни марказии интихоботро "таъмири косметикӣ" медонанд, ки ба бовари онҳо "ба созмонҳои байналмилалӣ паёми дигаргунӣ медиҳад, вале дар асл чизеро иваз намекунад".

Яке аз ҳамсуҳбатони мо бе зикри номаш гуфт, "ҳар касе набошад, аз манфиати гуруҳи ҳоким пуштибонӣ мекунад. Кӣ ин ҷуръатро дорад, ки зидди мавҷ барояд? Ва гузашта аз ин, номзадии аъзои Кумисюн аз тарафи президент пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси Миллӣ тасдиқ мешаванд."

Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, "бо ин тағйирот аз интихоботҳо ягон дигаргунии ҷиддиро интизор шудан мушкил аст."

Тағйирот дар ҳоле пешниҳод шудааст, ки соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва президентӣ баргузор хоҳад шуд.

То ин дам интихоботҳои кишвар аз тарафи нозирони ғарбӣ ғайришаффоф ва ноозод хонда шудааст. Вале мақомоту нозирони кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой онро демократӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳо донистаанд.