Ин духтарро рӯзи 19-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оташ задаанд. Дар ин кор се наврасро гумонбар медонанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, "онҳо дастгир шудаанд", вале хонаводааш иддао доранд, ки "наврасон дар озодӣ ҳастанд".
Ангезаи ин ҷиноят рушан нест, вале хабари он ки се наврас даст ба чунин амал задаанд, бисёриҳоро нигарон ва бераҳмии ин наврасон воқеаро сари забонҳо кардааст. Модари Осия, ки ҳодисаро аз забони духтарчааш шунидааст, мегӯяд, наврасон духтарчаро ба симтур баста, либосҳои ӯро оташ задаанд. Осия фиғон кашидааст ва ноболиғон саги калонҷуссаеро, ки ба ҳамроҳ доштаанд, тарафаш шӯр додаанду таҳдид кардаанд, ки садо набарорад вагарна саг ӯро мехӯрад.
Яке аз хешовандони Осия ба Радиои Озодӣ гуфт, он наврасонро мешиносад: "Онҳо аз қишлоқи мо нестанд, аз қишлоқи ҳамсояанд ва ҳамин гуна бекор дар кучаҳо мегарданд. Ҳоло ҳам озоданд." Ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохилӣ аз боздошти гумонбаршудагон хабар медиҳанд, вале дар бораи кӣ будани онҳо ва чаро ба чунин амал даст заданашон чизе намегӯянд.
Тоҳир Зубайдов, пизишки шифохонаи рақами 3-и пойтахт, рӯзи 22-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "45 дарсади захмҳои бадани Осия Зулфонова амиқ аст. Ҳолати бемор вазнин буда, дар бахши эҳё ва наҷот қарор дорад."
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зубайдов гуфт, асосан пушт ва дасту пойи чапи Осия сӯхтааст ва табобати ҷароҳатҳои ӯ вақти зиёд металабад.
Ҳодисаро муфаттишони Додситонии шаҳри Душанбе таҳқиқ доранд ва то ҳол ҷузъиёти оташ задани духтари шашсола ё унвони парвандаи тафтишотӣ эълон нашудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, президент Эмомалӣ Раҳмон аз хабарҳо дар бораи ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст. Вале дақиқ нест, масъалаи оташ зада шудани духтари шашсола дар маҷлиси рӯзи ҷумъаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шудааст ё дар ин бора ба президент гузориш додаанд ва ё ӯ хабарро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мутолеа намудааст.
Рӯзи 21-уми июн маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар хабарҳои расмии хадамоти матбуоти президент дар ин бора ишорае нашудааст. Мақомот мегӯянд, президент ба вазири тандурустии Тоҷикистон дастур додааст, ки табобат ва нигоҳубини духтари маҷруҳро зери назорати қатъӣ гирад.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи "Фараж" навишт, ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки "духтари шашсола бо дугонаҳояш дар назди бинои истиқоматӣ бозӣ мекард". "Ноболиғон духтарро ба симтур баста, оташ задаанд", -- навишт сомона.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Духтари 6-соларо дар ноҳияи Синои Душанбе оташ задаандПадари духтар Шерзод Зулфонов ба "Фараж" гуфтааст, "ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд."
Назари ҷониби дигар дастрас нест. Мақомот низ ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро ошкор накардаанд.
Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳоро хашмгин ва нигарон кардааст. Баъзе аз корбарон онро “натиҷаи костагии ахлоқи наврасон ва беназоратии онҳо” донистаанд. Вале суоле, ки дар ҳама ҷо мечархад ва аксарият ҷавобашро меҷӯянд, ин аст: чаро наврасон ин корро карданд? Он рӯз чӣ иттифоқ афтод? Оё гумонбаршудагон озоданд ё боздошт шудаанд? Суолҳое, ки, ба қавли мақомот, ба онҳо баъди тафтишот ҷавоб дода хоҳад шуд.