Андрей Кобишеви 48-сола миёнаҳои моҳи марти соли 2017 бенишон шуд. Дувоздаҳуми март ӯ ба Пётр Кравченко, яке аз хешовандонаш занг зада, телефони парастори шиносашро пурсид, чун пойҳояш дард мекардаанд. Пётр ба ӯ шумораи телефонро фиристод, вале дигар натавонист, бо Андрей дар тамос шавад, чун ҳарду телефонаш хомӯш буд.
Андрей қариб ҳамаи умр дар зодгоҳаш деҳаи Гончаровка дар вилояти Волгоград зиндагӣ карда ва аз он зиёд берун намерафт. Дастёри маъмулии байтори фермаи деҳа буд. Ду хоҳараш шавҳар карда, рафтанд, бародараш фавтид, худаш зан нагирифт. Мегӯянд, ки дар ҷавониаш бо духтаре буд, вале ӯ мунтазири бозгашти Андрей аз артиш нашуд. Аз Андрей ҳар вақт дар бораи издивоҷ мепурсиданд, бо шӯхӣ ҷавоб мегуфт. Бо модараш зиндагӣ мекард ва машғули кори хонаи калонашон дар деҳа буд.
Онгуна ки Сергей Титов, хоҳарзодаи Кобишев ба Радиои Озодӣ нақл кард, тағояш соли 2014 тасмим гирифт, ки байтор шавад, вале маълум нест, ки дипломашро гирифт, ё не. Аз охири соли 2015 ӯ барои корҳои мавсимӣ ба Маскав мерафт ва мегуфт, ки посбонӣ мекунад. Дар воқеъ аз моҳи ноябри соли 2016 дар шаҳри Грозний ба ҳайси маҳсгар корро шурӯъ кард, аввал дар як ҳавзи оббозӣ ва сипас дар ду ҳаммоми маъданӣ. Дар яке аз утоқҳои маҳсгарӣ зиндагӣ мекардааст. Яке аз мизоҷони Кобишев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ “фавқуллода хуб” масҳ мекард.
Дар бораи Чеченистон фақат ба хоҳарзодааш Сергей Титов нақл кардааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аввал дар кадом як толори варзишии размӣ кор мекард. Медонед, ки онҷо дасту по мешиканад, печ мехӯрад. Дар ҳамонҷо як утоқи маҳсгарӣ боз кард. Ба ман гуфт, ки ба касе нагӯям, ки онҷо кор мекунад. Ман гуфт, “Аҷаб ҷойи коре ёфтӣ, агар ҳодисае бо ту рух бидиҳад, касе туро намеёбад. Ӯ гуфт, воҳима мекунӣ. “
Дар ниҳояти амр ба гуфтаи хоҳарзодааш, Андрей аз Чеченистон безор шуд ва аз ӯ хост, дар ҷойи иқоматаш дар Самара барои Кобишев ҷойи кор пайдо кунад. Ӯ азм доштааст, барои тарки Грозний либосу ашёи лозимиашро ҷамъ кунад.
Мусофири ноаён
Бисту якуми марти соли 2017 ҷавони ношиносе ба модари Кобишев занг зада гуфтааст, ки дар ҷойи ҷомадонгузории қатори Грозний-Маскав телефони Андрейро пайдо кардааст. Худи ӯ дар қатор набудааст, аз ин рӯ хешовандонаш ба пулис муроҷиат карданд.
Азбаски Кобишев дар қаламрави Чеченистон нопадид шуд, аввал вазорати умури дохилии ин ҷумҳурӣ ба ҷустӯҷуи ӯ шурӯъ кард ва сипас Кумитаи тафтишотии он. Радиои Озодӣ бо парвандаи парвандаи Андрей Кобишев ошно шуд ва аз он бармеояд, ки ҳамкоронаш ӯро бори аввал охир соати 11 рӯзи 13-уми март дидаанд. Онҳо гуфтаанд: «Бо шитоб ба яке аз ҳаммомҳо омад, чизеро аз борхалтааш гирифт, вале нигарон буд.»
Ҳамкоронаш ба муфаттишони Кумитаи тафтишотӣ гуфтаанд, «аз чизе нигарон буд» ва шабе пештар аз он дар утоқаш ҳаммом шабро рӯз накард. Рӯзе баъд Андрей ба кор наомад ва касе ҳам ба ӯ занг зада натавонист. Яке аз ҳамкорон дар Вотсапп ба ӯ паём навишт ва Андрей ҷавоб навишт, ки ба назди дӯсташ ба шаҳри Хасавюрт рафтааст ва фаромӯш кардааст, ки онҳоро дар ҷараён бигузорад. Баъдан дигар касе аз рафиқон бо ӯ сӯҳбат накардааст.
Аз парванда бармеояд, ки муфаттишони чечен тафтишро ба дарозо кашидаанд. Парванда бо банди «куштор» - ро фақат 31-уми октябр боз кардаанд, бо ҳамкорони Кобишев суҳбат доштаанд, вале санади ҳузури Андрей дар қаторро, ки онҷо телефонашро ёфтанд, тақрибан як сол баъд ва моҳи майи соли 2018 дархост кардаанд. Идораи Роҳи Оҳани Русия дар Чеченистон ҷавоб додааст, ки иттилоот дар бораи мусофиронро фақат 9 моҳ нигаҳ медоранд. Роҳбалади қатор дар ёд надоштааст, ки Кобишев дар вагон буд, ё не ва ё касе метавонист, телефони ӯро дар қатор бигузорад.
Ба гуфтаи Пётр Кравченко хеши дигари Кобишев, миёнаҳои августи соли 2017 аз вазорати умури дохилии Чеченистон ба онҳо занг зада ва пурсидаанд: «Чӣ шуд, Андрей баргашт?» Маълум шуд, ки рӯзи 18-уми июн нафар ба номи Кобишев дар истгоҳи Салск дар вилояти Ростов ва 500 километр дуртар аз Грозний ва 250 километр дуртар аз деҳаи Гончаровка харидааст.
Билетро ба номи ӯ дар хазинаи роҳи оҳан харидаанд ва 25 дақиқа баъд аз рафтани қатор ба ҳамон ҷо баргардондаанд. Бо вуҷуди онки Кобишевро пулис ҷустӯҷу мекард, хазинадор бо сабаби номаълум ба пулис занг назадааст. Баъди занги вазорати умури дохилӣ, хешовандони Андрей зуд ба Салск рафтаанд, вале ҳеҷ чизеро маълум карда натавонистаанд. Ба гуфтаи Пётр Кравченко, аз муфаттиш хостанд, сабти дурбинҳои назоратии истгоҳи Салскро тафтиш кунад, вале онҳо моҳи декабр дархост кардаанд, ки сабтро ба муфаттиш бидиҳанд. Дар ҳамон рӯз хазинадор ва раиси истгоҳро дар бораи сабти дурбинҳо пурсидаанд, вале ҷавоб гирифтаанд, ки сабт фақат як моҳ ҳифз мешавад ва тамом. Ҳафтуми июн соли 2018 тафтишро боздоштаанд.
Дар ҷойи худатон ҷустӯҷу кунед.
Январи соли 2109 Максим Лапунов, ягона ҷабрдида дар маъракаи зидди ҳамҷинсгароён дар Чеченистон, ки номашро ошкор карда ба пулис расман шикоят навишт, эълони нопадид шудани Кобишевро дида ва ба ёд овард, ки ӯ ҳамроҳаш дар таҳхонаи Раёсати ҷустӯҷуии вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Грозний нишаста буд. Ба гуфтаи ҷабрдидагон, боздошти оммавӣ ва шиканҷаи ҳамҷинсгароён дар Чеченистон моҳи декабри соли 2016 оғоз ёфт, вале хабари он фақат моҳи апрели соли 2017 як ҳафта баъд аз бедарак шудани Кобишев паҳн шуд.
Максим Лапунов мегӯяд, ӯро барои тамоюли ҷинсиаш аз 15-ум то 28-уми март дар таҳхонаи Раёсати тафтишотӣ ғайриқонунӣ нигаҳ доштанд ва азобу шиканҷа кардаанд, то ҳамҷинсгароёни чеченро ошкор кунад. Онгуна ки Лапунов ба рӯзномаи “Новая Газета” нақл кардааст, ҳамроҳи ӯ дар таҳхона даҳҳо нафари дигар буданд, ки баъзе ба ҳамҷинсгароӣ муттаҳам мешуданд. Ба навиштаи “Новая Газета” дар таҳхонаи Раёсати тафтишотӣ ҳақ надоранд, касеро нигаҳ доранд, зеро дар он боздоштгоҳи қонунӣ барои нигаҳдории муттаҳамон нест.
Дар баёноташ ба Владимир Смирнов ҳуқуқдони «Кумитаи зидди шиканҷа», дар моҳи феврал (нусхаи баёнот дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст) Лапунов гуфтааст, яқин дар ёд дорад, ки яке аз боздоштшудагон Андрей Кобишев буд. Ҳамон либоси кабуди тираро дошт, ки дар эълон дар бораи бедарак шуданаш ҳаст.
Ба гуфтаи ӯ, як рӯз онҳо ҳамроҳ дар таҳхона фарш мешустанд ва сӯҳбат ҳам карданд. Кобишев ба Лапунов нақл кардааст, ки масҳгар ва аз Волгоград аст. Ӯро дар ҳамон рӯзҳо дастгир ва сахт латукӯб кардаанд. Лапунов дар гардан, пушт ва камари Андрей доғҳои сиёҳро дидааст.
Владимир Смирнов гуфтааст: «Ман аз Кобишев пурсидам, туро ҳам барои ҳамҷинсгаро будан, дастгир карданд. Ӯ бо ишораи сар тасдиқ кард.” Лапунов мегӯяд, Кобишев ба кормандони пулис мегуфт, ки дар Волгоград зану фарзандаш мондаанд ва шояд мехост, тамоюли ҷинсиашро пинҳон дорад.
Ба қавли Лапунов, Сергей Кобишев чизе наменӯшид ва намехӯрд ва аксаран ба хӯрокаш даст намерасонд. Баъдан ӯро ба утоқи наздик ба ҳоҷатхона бурдаанд. Лапунов мегӯяд, Кобишевро охирин дафъа 27-уми март як шаб пеш аз озодии худаш дидааст: “Ба ҳоҷатхона мерафт, ҳангоми боздошт бисёр лоғар шуд.” Ҳайратовар ин аст, ки телефони Кобишев, рӯзи 21-уми март ба Маскав рафтааст.
Мақомоти интизомии Чеченистон бо кадом сабабе ба телефони ӯ аҳамият надодаанд, ки куҷову чӣ шуд. Доир ба макони ҳаракати телефон ва зангҳои телефонии ӯ фақат моҳи ноябри соли 2017 дархости расмӣ додаанд, аз ширкати телефонӣ ба даст овардаанд ва фаромӯш кардаанд. Бисту дуюми январ баъди онки тафтиши парвандаро боздоштанд ва дигарбора ба таҳқиқ баргаштанд, Абдуллоев, муовини сардори Кумитаи тафтишотии ноҳияи Ленин дар шаҳри Грозний ногаҳон амр додааст, ки феҳрасти зангҳои телефонии Кобишевро фавран биёранд. Онро овардаанд ва рӯзи баъд дар парванда изофа карданд. Феҳраст ба гуфтаи Лапунов далели он аст, ки худи Кобишев ё телефонаш муддати тӯлонӣ дар ҷое буд, ки ӯро нигаҳ медоштанд.
Феҳрасти гуфтӯгуҳои телефонӣ аз 8-уми март шуруъ мешавад, аз замоне, ки Кобишев ба хешовандону ҳамкоронаш занг зада ва онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон табрик гуфтааст. Телефонаш дар ҷойҳои мухталифи шаҳри Грозний ҳаракат мекардаааст, аз ҷумла дар наздикии ҷойҳои кориаш, вале аз рӯзи 14-уми март ба баъд беҳаракат ва фақат дар назди кӯчаи Гвардейская дар муқобили Раёсати тафтишотии вазорати умури дохилии Чеченистон будааст.
Аз телефони ӯ ба интернет васл мешудаанд, вале ба касе занг намезаданд ва ё паёмак намефиристоданд. Фақат 15-уми март аз телефони Кобишев ба як рақаме дар дохили Чеченистон занг задаанд ва чанд соат баъд аз он рақам ба ӯ баргашта телефон кардаанд.
Радиои Озодӣ шумораи ин телефонро дар интернет пайдо кард ва ҳамроҳи он эълон дар бораи фурӯши мошинеро, ки ба марде тааллуқ дорад. Аз ин бештар чизе маълум карда нашуд, чун телефон ҷавоб намедиҳад. Ба гуфтаи Лапунов ва дигар ҷабрдидагон аз дасти кормандони сохторҳои интизомии Чеченистон, бисёре аз онҳоро маҷбур мекарданд, ки ба ошноёни ҳамҷинсгарояшон занг бизананду бо баҳонаи мулоқот ба дом афтонанд.
Аз шоми 16-уми март телефони Кобишев 5 рӯз хомӯш будааст, вале якбора дар назди Маркази ҷумҳуриявии ташхису табобат дар кӯчаи Мамсуров пайдо мешавад. Мақомоти идораи тандурустӣ дар посух ба дархостҳои Кумитаи тафтишотӣ гуфтаанд, ки беморе бо чунин ном дар шифохонаҳо муолиҷа нагирифтааст, вале муфаттишон аз маркази ҷумҳуриявӣ ҳеҷ иттиллое дархост накардаанд. Бо рӯшан шудани телефон дар назди ин марказ, сели паёмаку зангҳо ба телефони Кобишев рехтааст, аммо Андрей ба ҳеҷ яке аз онҳо посух надодааст.
Баъди ин телефон ҳамроҳи ҷавоне, ки онро дар қатор ёфтааст, аз шаҳри Грозний то ба Воронеж омада ва ба дасти хешовандонаш дар вилояти Волгоград расидааст. Ба гуфтаи онҳо, дар телефон видеоҳои порнографӣ пайдо кардаанд ва онро ба муфаттишон додаанд. Ба гуфтаи Пётр Кравченко, муфаттиш парвандаро кӯтоҳ ва чунин шарҳ додааст: «Хешатон мард нест».
Омбудсмени сустҳаракат
Владимир Смирнов, ҳуқуқшиноси «Кумитаи зидди шиканҷа» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 1-уми марти имсол худаш баёноти Лапунов дар бораи Кобишевро ба Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия супурд. Рӯзи 18-уми март ба ӯ гуфтанд, ки ҳамаи ин санадҳоро ба Игор Краснов, муовини сардори Кумитаи тафтишотӣ додаанд.
Ба гуфтаи Смирнов, Москалкова гуфтааст, ҳеҷ сабаберо намебинад, ки парвандаи Кобишевро бо парвандаи Лапунов якҷо кунанд. Ба қавли Лапунов, ҳамингуна ҳеҷ парвандае боз накарданд ва мақомоти Чеченистон аз ҳамон аввал мегуфтанд, ки дар Чеченистон ҳамҷинсгаро вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Владимир Смирнов, муфаттишон ҳатто феҳрасти номҳои кормандони Раёсати тафтишотии вазорати умури дохилии Чеченистонро ҳам гирифта натавонистанд, ки ҳангоми боздошти Лапунов дар таҳхона сари кор буданд. Муфаттишон ҳамчунин ба ширкати телефонӣ дархост накардаанд, ки ҷойи ҳаракати телефони Лапуновро бидиҳанд, чун мумкин аст, нишон бидиҳад, ки ӯ бо Кобишев якҷо буд.
Владимир Смирнов гуфт: «Парвандаи Кобишев ин парванда дар бораи қатл аст. Парвандаи воқеӣ дар бораи қатл. Мо шоҳидро овардем, ки мегӯяд, Андрейро дидааст, вале муфаттишон ҳеҷ коре намекунанд. На танҳо парвандаи Максим Лапуновро дониста ба дарозо мекашанд, балки ҳеҷ чорае ҳам дар бораи парвандаи қатли Кобишев намеандешанд.»
Баъди мулоқоти Смирнов ва Москалкова дар чанде аз вебсайтҳои кумитаҳои минтақавии тафтишотии Русия иттилоъ дар бораи ҷустӯҷуи Кобишев пайдо шуд.
Зоҳиран тафтишот дар робита ба бедарак шудани Кобишевро аз сар гирифтаанд. Радиои Озодӣ ба Кумитаи тафтишотӣ, вазорати умури дохилии Чеченистон ва Татяна Москалкова дархост фиристод ва дар бораи тасдиқи ин иттилоъ пурсид. Айни замон суол кард, ки оё фарзияи нави рабудани Кобишев аз тарафи кормандони сохторҳои интизомии Чеченистон баррасӣ мешавад, ё не. Кумитаи тафтишотии Чеченистон ба Радиои Озодӣ ҷавоб дод, ки барои посух ба дастгоҳи марказии кумита дар Маскав муроҷиат кунем. Дар вазорати умури дохилӣ ва дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия бо гузашти 7 рӯз, яъне мӯҳлати қонунии посух, Радиои Озодӣ ҳеҷ ҷавобе нагирифтааст.
Сергей Хазов-Кассиа ва Карл Шрек
Радиои Озодӣ