Гуруҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон дар як дидор бо вакилони Конгресси Амрико дар Вашингтон ҳамзамон бо омӯзиши таҷрибаҳои порлумонии ИМА дархостҳои Тоҷикистонро низ ба миён гузоштанд.
Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин сафар онҳо аз ҷумла бо вакилони Конгресси Амрико аз иёлатҳои Небраска ва Каролина гуфтугӯ доштанд ва пеш аз ҳама бекор кардани қонуни "Ҷексон ва Вэник"-ро нисбат ба Тоҷикистон матраҳ намудаанд.
Мавлудахон Мирзозода, вакили порлумони Тоҷикистон ва узви дигари ин ҳайат, гуфт, "қонуни "Иловаи Ҷексон ва Вэник” дар асл зидди кишварҳое равона шуда буд, ки озодии ҳаракати шаҳрвандон ва ҳуқуқи инсонро нақз мекарданд: “Қонун нисбат ба чунин кишварҳо монеаҳои гумрукӣ ва таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ карданро дар назар дорад. Дар асл ин қонун зидди кишварҳои коммунистӣ равона шуда буд. Аммо президенти ИМА метавонад, амали онро барои як сол нисбат ба кишваре манъ кунад. Нисбат ба Хитой ин кор чанд бор анҷом дода шудааст. Мо аз конгрессменҳо хостем, ҳамин қонун нисбат ба Тоҷикистон бекор карда шавад", -- афзуд ӯ.
Илова ба қонун, ки бо номи пешниҳодкунандаи онҳо Ҷексон ва Вэник гузошта шудааст, аз замони Шӯравӣ нисбат ба Тоҷикистон боқӣ монда, тиҷорати Амрикоро бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи башар поймол мешавад, маҳдуд мекунад. Ба ин феҳрист бештар кишварҳои Шӯравии собиқ шомиланд, аммо аз соли 2000 то 2012 номи Қирғизистон, Русия, Украина, Молдова, Арманистон ва Гурҷистон аз ин рӯйхат берун карда шудааст. То ба ҳол номи Тоҷикистон дар ин феҳрист боқист.
Коршиносон мегӯянд, барои Амрико қонуни “Иловаи Ҷексон ва Вэник”, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта қабул шудаааст, чандон масъалаи усулӣ нест. Як дипломати собиқадори тоҷик дар ин робита гуфт: "Агар Тоҷикистон собитқадамона бекор кардани ин қонунро тақозо кунад, Амрико метавонад, гузашт кунад. Вале чун Тоҷикистон боре дархост кардаву чанд соли дигар ин масъаларо фаромӯш мекунад, ҳалли масъала ба дарозо мекашад."
Соли 2015 нахуст Фарҳод Салим, сафири Тоҷикистон дар Амрико ва баъдан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи бекор кардани ин қонунро нисбат ба Тоҷикистон дар миён гузошта буданд. Лағви ин қонун ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки аз шароити беҳтари тиҷорат бо ИМА бархӯрдор шавад.
Вакилони тоҷик мегӯянд, ҳамтоёни амрикоияшон ваъда доданд, ки ҳам ин ва ҳам дархости дувуми онҳоро баррасӣ мекунанд. Дархости дувум ба гузориши солонаи Комиссияи Амрико оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ рабт дошт. Моҳе қабл ин ниҳод аз нақзи саросарии озодиҳои дин дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, дигарбора ба ҳукумати Амрико тавсия дод, Тоҷикистонро ба феҳрасти “бадтарин кишвари поймолкунандаи ҳуқуқи динӣ” ворид кунад.
Аммо Абдураҳим Холиқзода мегӯяд, гузоришҳои Амрико аз вазъи озодии дин ва эътиқод дар Тоҷикистон мунсифона нестанд ва онҳо аз ҳамтоёни худ хостаанд, ки дастовардҳои кишвар дар ин бобат зикр шаванд. "Мо хоҳиш кардем, ҳангоми таҳияи чунин гузоришҳо пешравиҳои мусбате, ки дар ин масъала Тоҷикистон ба даст овардааст, ҳатман ба назар гирифта шаванд", -- гуфт ӯ.
Мақомоти Душанбе ҳар сол пас аз нашри гузориши Амрико доир ба нақзи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон, “онро ғайримунсифона, якҷониба” мехонанд. Масъулони умури дин ва Шӯрои уламои Маркази исломӣ гуфтанд, озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон таъмин мешаванд ва иддаои гузоришгарони амрикоӣ беасосанд.
Аммо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили дин дар Тоҷикистон, ки гузоришҳои Комиссияи Амрико оид ба озодиҳои байналмилалии диниро мутолиа мекунад, гуфт, навиштаҳои гузоришгарони амрикоӣ беасос нестанд: "Амрикоиҳо дар мавриди нақзи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон чизеро бе далел намегӯянд. Дар паси ҳар як масъала онҳо ба ин ё он далел ишора мекунанд. Масъалаи дигар он аст, ки Тоҷикистон он дастовардҳои худро дар ин бобат хуб муаррифӣ намекунад. Масалан, ба наздикӣ дар матбуот хабаре чоп шуд, ки масъалаи дубора кушодани дари 594 масҷид баррасӣ мешавад. Аммо тақдири ин масъала чӣ шуд? Мақомот иттилоъ надоданд. Манзурам, дастовардҳое, ки онҳо мегӯянд, дорем, аммо дуруст муаррифӣ намешаванд."
Масъалаҳое, ки дар гузориши соли 2019 аз ҷониби Амрико матраҳ шудаанд, фаротаранд. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "сиёсати таъқибот, пешгирии зуҳури диндории мардум, инчунин таъқиби ҷамоатҳои ақаллият" идома дорад. "Мақомот ҷанбаъҳои гуногуну мушаххаси эътиқоду бовари мардумро пайгирӣ карданд, аз ҷумла маросими тӯй ва ҷанозаро маҳдуд карда, барои ришмонӣ ва ҳиҷобпӯшӣ маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ ҷорӣ намуданд. Таҳсилоти олии динии исломӣ тақрибан пурра барҳам хӯрд" ва "зери пӯшиши мубориза бо ифротгароии динӣ, ҳукумат ба шиканҷаи аъзои собиқи ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи ҳизби наҳзат идома дода, аъзои собиқи қатории ҳизбро маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ кардааст ва истирдоди элитаи собиқро аз хориҷа дархост мекунад".
Бино ба қонунҳои Иёлоти Муттаҳида, Комиссияи ИМА оид ба озодии дин ниҳоди мустақил аст ва тавсияҳои он ба кумак ва тиҷорати Амрико бо кишварҳое, ки дар он зикр мешаванд, таъсири ҷиддӣ дорад, ҳатто эҳтимола ба масъалаи бекор кардан ё идома додани таҳримҳои иқтисодии қонуни «Ҷексон ва Вэник».
Ҳайати Тоҷикистон ба шумули вакилони порлумон, кормандони иҷроияи Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент дар доираи барномаи “Ҷаҳони боз”, ки аз сӯи Департаменти давлатии Амрико идора мешавад, аз 11 то 18-уми майи соли равон ба Иёлоти Муттаҳида сафар карданд.