Наварӯси ноком хост, шавҳараш барои бадном кардани ӯ ҷавоб диҳад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаби аввали арӯсӣ барои Идимоҳ Шерова, сокини 19-солаи ноҳияи Данғара, “бо фоҷиа ва бадномии ӯ ва хонаводаашон” табдил шудааст. Шавҳараш Фирӯзи Муҳаммадраҷаб иддао дорад, ки вай нодухтар буд ва “дар навори видеоӣ ба гуноҳи худ иқрор кард”. Вале Идимоҳ Шерова мегӯяд, шавҳараш бо латту кӯби зиёд ӯро маҷбур кард, дар назди камераи телефон иқрор кунад, ки бокира набуд.