Ҷавонони тоҷик духтур, сафир, ҳуқуқшинос шудан мехоҳанд, агар нашуд -- муҳоҷир

Бо анҷоми соли хониш дар мактабҳои Тоҷикистон, дар пешорӯи хатмкунандагон ва волидони онҳо масъалаи муҳим -- муайян кардани касби ояндаи онҳо қарор мегирад.

Сарфи назар аз рушди улуми табииву техникӣ ва тахассуси ба онҳо алоқаманд, довталабони тоҷик бештар ба улуми инсонӣ бартарӣ медиҳанд.

Таҳсил ба ҳар қимате, ки набошад

Абдураҳмон, як сокини Душанбе мегӯяд, писараш имсол мактаби миёнаи рақами 59-и ноҳияи Синоро хатм мекунад ва аз ҳоло касби ояндаи худро муайян кардааст. Ӯ тасмим дорад, пизишк шавад ва интихобаш рӯи гурӯҳи ихтисосҳои панҷуми Маркази миллии тестӣ қарор гирифтааст.

Абдураҳмон мегӯяд, ба интихоби фарзандаш арҷ мегузорад. "Бовар дорад бо ин касбе, ки интихоб кардааст, рӯзгорашро пеш мебарад. Баъдан муаллимеро пайдо кардам, ки барои дохил шудан ба донишгоҳ омода мекунад", -- нақл кард ӯ.

Доштани маълумоти олӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ба ин сӯ як нишондиҳандаи муътабар дониста мешавад. Ҳатто сарфи назар аз ин ки бо доштани он мутахассиси дипломдор наметавонад кори мувофиқ пайдо намояд ва бахше аз селаи бузурги муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия мегардад. Аксарият ҳатто ҳангоми муҳоҷират бо умед талош мекунанд фарзандонашон таҳсилоти олиро фаро бигиранд, то мисли онҳо муҳоҷир нашаванд ва дар зиндаги мақоми дигаре пайдо намоянд.

Падару модари Мадина солҳост, ки дар Маскав ба ҳайси коргари одӣ заҳмат мекашанд. Баъд аз он ки имсол мактабро хатм кард, ӯро ба назди худ бурданд. Ҳоло Мадина тасмим дорад ба донишгоҳ дохил шавад ва дар риштаи мудирият (менеҷмент) таҳсил кунад.

"Ин ҳам интихоби худам ва ҳам машварати наздикон буд. Намедонам дар оянда кор пайдо мекунам ё не, вале ҳоло аз ҳама муҳим ин аст, ки вориди донишгоҳ шавам", -- мегӯяд ин довталаби ҷавон.

Риштаҳои серталаб

Аллакай солҳои зиёд аст, ки риштаҳое аз қабили тиб, равобити байналмилалӣ, забонҳои хориҷӣ, иқтисод барои ҷавонони тоҷик аз ҳама бештар мавриди таваҷҷуҳ ҳастанд.

Мисле ёвари мудири Маркази миллии тестӣ Абдувосит Юлдошев мегӯяд, имсол майли бештари довталабон ба гурӯҳи ихтисосҳои чорум - "ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ" аст, ки шумораи умумии довталабон 173%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Юлдошев, дар ҷойи дувум, гурӯҳи ихтисосҳои ду - "тиб, биология ва варзиш" қарор дорад, ки теъдоди хоҳишмандони ин бахш 170% -и нақшаи пешбинишударо дар бар мегиранд.

"Мисли собиқ довталабон, мутаносибан тахассуси табииву техникиро камтар интихоб мекунанд. Вале дар маҷмӯъ, агар бар асоси ҳар тахассус бигирем, дар ҳар кластер ҳастанд риштаҳое, ки шумораи довталабонашон ё аз ҳад зиёданд ё хеле кам", -- таъкид мекунад Юлдошев.

Талаботи бозори меҳнат

Ҳатто омори сатҳӣ дар мавриди интихоби касбҳо нишондиҳандаи он аст, ки довталабони тоҷик ва падару модари онҳо ба талаботи бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он таваҷҷуҳ намекунанд. Бартарӣ ба риштаҳои иҷтимоиву инсонӣ дар ҳоле дода мешавад, ки ба гуфти коршиносон, ҳоло талабот ба тахассусҳои техникӣ зиёд аст.

Яке аз кормандони созмонҳои байналмилалие, ки барои таҳсили донишҷӯён дар хориҷ аз кишвар бурсия медиҳанд, ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди бозгашт ба ватан аз ҳама зудтар барномасозон, баъд иқтисоддонҳову мудирон ва баъдан табибону забондонҳо кор пайдо мекунанд. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, нақши бузургро дар пайдо кардани кори дорои маоши хуб (дар созмонҳои байналмилалӣ) донистани забони англисӣ мебозад.

Ба интихоби касб дар аксари ҳолат андозаи маош таъсир мегузорад. Дар Тоҷикистон мувофиқи маълумоти расмӣ барои соли 2018 ҳаҷми миёнаи маош 1265 сомонӣ ($134)-ро ташкил додааст. Маоши бештар аз кормандони соҳаи бонкдорӣ будааст, ки 3270 сомонӣ, баъдан аз кормандони саноати куҳкорӣ, ки 2534 сомонӣ маош мегирифтаанд ва баъд аз онҳо сохтмончиён қарор доштаанд, ки 2382 сомони ҳаққи заҳмат мегирифтаанд. Маоши аз ҳама камро кормандони бахши кишоварзӣ ва шикор - 504 сомонӣ, дарёфт мекунанд.

Ба хориҷа - барои тахассус

Ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон миёни мардуми соҳиби маълумоти олӣ, мутахассисони обрӯманд онҳое ҳисоб мешуданд, ки хатмкардаи донишгоҳҳои Маскав ва ё Петербург буданд. Мутахассисони дигари маҳаллӣ талош мекарданд, ки таҳсил ва ё бозомӯзиро дар Русия фаро бигиранд.

Бо гузашти солиёни зиёд ин қолаб ҳанӯз побарҷост. Новобаста ба имконоти фароҳамшудаи таҳсил дар Ғарб, бисёриҳо кӯшиш мекунанд маҳз ба Русия бираванд. Танҳо ба ин хотир, ки забонро хубтар медонанд ва ба фарҳанги ин кишвар ошноии бештар доранд.

Имсол дар Душанбе намоиши таҳсилотӣ бо ширкати 49 мактаби олии Русия ва 4 намояндагии донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд. Шумораи квотаҳои таҳсилии Русия имсол 630 ҷой буд.

Роҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Михаил Вождаев дар яке аз мусоҳибаҳо ба "Азия плюс" гуфтааст, ки дар макотиби олии Русия беш аз 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон мехонанд, ки бештари онҳо дар бахши будҷавӣ таҳсил мекунанд.

Дар баробари ин, тавре худи хатмкардаҳои донишгоҳҳои Русия дар яке аз сӯҳбатҳо бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, бисёриҳо ҳатто бо доштани дипломи макотиби олии Русия ҳам наметавонанд коре мувофиқ ба тахассуси худ пайдо кунанд. Дар ватан бар асари набуди ҷойи корӣ ва дар Русия барои надоштани шаҳрвандии ин кишвар. Аз ин рӯ, ҳатто бо доштани касби хосе ҳам, зарур мешавад, ки ба корҳои паст машғул шаванд.

Барои халосӣ аз ин, коршиносон ба падару модарон ва худи довталабон машварат медиҳанд, ки ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳ кунанд ва тахассусҳоро мувофиқ ба талаботашон интихоб кунанд, на бар пояи обрӯяшон, то бо доштани дипломи таҳсилоти олӣ коргари оддӣ нашаванд.

Ҳамасола аз Тоҷикистон ба макотиби олии хориҷӣ бештар аз 800 донишҷӯ равон карда мешаванд. Соли қабл, ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон барои ҷумҳурӣ 830 квота дар донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла 182 дар Чин, 50 дар Қазоқистон, 50 дар Қирғизистон, 20 дар Украина ва 8 дар Белорус ҷудо шудааст.