Аз ҷумла, Хуршед Шарифовро, ки дар Фейсбук навиштааст:
“Мардуми бе пуштибонро ёфтаанд. То замоне иттиҳомот собит нашудааст, онҳо бегуноҳанд. Ҳар касе бо милисаи Русия дучор омадааст, мефаҳмад. Дар паспорт тоҷик бошӣ, пас, ҷинояткорӣ. Агар гунаҳкор бошанд, ҷавоб диҳанд. Ман сад фоиз тарафдор.”
Дар вебсайти Радиои Озодӣ дар бораи ин мавзӯъ даҳҳо шарҳ гирифтем, аз ҷумла аз корбаре бо номи Фарҳод, ки гуфтааст:
“Ҳеҷ милисае на дар Русия ва на дар Тоҷикистон ҳақ надорад, дунбаи касеро, ки ба ҷиноят муттаҳам мешавад, ба мардум нишон диҳаду масхараи хосу ом кунад. Дар ин ҳолат худи милиса аз ҷинояткор камӣ надорад.”
Ширин аз Русия ба муҳоҷирон тавсия додааст, агар ба Русия рафтанд, дуруст рафтор кунанд, то ба бало гирифтор нашаванд.
Ширин чунин менависад: “Муҳоҷирони азизи тоҷик. Шумо чаро вақте ба Русия меоед, фикр мекунед, ҳама духтарони рус тайёранд, парида ба бистари шумо дароянд. Гапҳои бад мезанед. Эҳтиромро ёд гиред. Барои ду-се ҷавони беадаб тамоми мардуми тоҷик дар Русия азоб мекашанд.”
Барномаи нави "Озодӣ Онлайн"-ро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Митинг ва ё намоиши эътирозии гуруҳе аз афрод дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо ба зидди вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳам бисёриҳоро асабонӣ кард. Як корбаре бо номи тоҷик дар вебсайти мо навиштааст, мардум ночор ба инҷо омадаанд.
Ӯ менависад: “Бовар кунед, бисёрии онҳоро маҷбур карда оварданд. Таҳдид карданд, ки аз кор ва ё аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд.”
Корбари дигаре бо номи Бӯрӣ навиштааст, “донишҷӯёни духон, ҳамаатон хона ба хона равед, санҷишро гирифтед.”
Корбаре бо номи Муҳоҷир навиштааст, ки ба худҷӯш будани тазоҳурот бовар надоранд. Ба навиштаи ӯ, “барои зери дари ширкати “Фароз” рафтан, милитсия ҳамаро бурд, вале инҳо дарро бо лагад мезадаанд ва касе чизе намегуфтааст.”
Дар Фейсбук ҳам баҳс дар ин бора ончунон зиёд буд, ки ногуфтанӣ. Валиҷон Мустаханов, навиштааст, “бо сад доллар шарт мекунам, ки 90 дар сади ин мардум мисли ман Бузургмеҳр Ёровро намешиносанд. Кӯтоҳи гап, ин як спектакл аст.”
Сустӣ накунед ва фикру андешаҳоятонро ба мо фиристед, аз тариқи Вотсапп, Вайбер, Имо ва Телеграм ва ба ин шумора: +420 724 053 959. То дидор дар барномаи дигар.