Чархаи дувуми "Роғун" ба таври санҷишӣ ба кор даромад

Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун соли 2018 ба истифода дода шуд

Чархаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба таври санҷишӣ ба кор оғоз кардааст, аммо феълан нерӯи барқ истеҳсол намекунад.

Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 7-уми июн бо такя ба манбаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон навишт, "чархаи дуюми Роғун дар марҳалаи аввал бо шиддати камтар кор хоҳад кард". То ҳол санаи дақиқи расман фаъол шудани чархаи дувуми Роғун ва тавлиди барқ дар он маълум нест.

Ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ба таври муваққат насб шудааст ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда хоҳанд шуд.

Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Вале дар моҳи марти имсол чархаи аввал аз кор монд ва мақомот пас аз чанд ҳафтаи сарусадо "хабарҳои холӣ кардани обанборро аз об" тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ин кор "ба хотири таъмир ва санҷиши чархаи аввали нерӯгоҳ" сурат гирифтааст.

Ин вазъият ба истифода додани агрегати дуюми неӯгоҳи Роғунро, ки қарор буд моҳи апрел ба кор сар кунад, низ ба таъхир гузошт.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамн вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.

Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст. Соли гузашта барои сохтмони Роғун кишвар 4,7 миллиард сомонӣ равона карда буд, ки аз он 3,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва боқӣ аз пули евробондҳо ба даст омада буд.

Акнун сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба марҳалаи бунёди сарбанди асосӣ ворид шуд, ки сармояҳои ҳангуфтеро тақозо дорад. Вале кишвар имкони аз будҷаи худ ҷудо кардани маблағи бештар аз инро надорад ва аз ин рӯ барои ҷалби сармояи бештар ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.