Дар ҷараёни занозанӣ афроди номаълум тирезаҳои қариб 15 хонаро шикаста, ду коҳдонро оташ задаанд. Ба зудӣ наздики сад нафар ба кӯчаҳо рехта, бархе аз онҳо талаб кардаанд, ки хонаводаи се ҷавоне, ки дар занозанӣ ширкат доштаанд, кӯчонда шаванд.
Ба ин ҷо чандсад корманди полис ва нерӯҳои махсус фиристода шуданд. Онҳо дар деҳа навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд. Рӯзи шашуми июн хабар дода шуд, ки вазъият ором ва ҳамаи боздоштшудагон озод карда шуданд. Дар байни онҳо депутати маҳаллӣ низ будааст, вале ӯро ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд.
Субҳ аз нав одамон дар назди масҷиди ҷомеи деҳа ҷамъ омаданд, то аз солмандон ва раҳбарони маҳал шарҳи воқеаро шунаванд.
«Ба як фикри ягона расидем, ки тарафҳо ба ҳамдигар даъвое надоранд, бо ҳамдигарфаҳмӣ дар канои ҳам зиндагӣ хоҳанд кард. Низоъ ҳал карда шудааст, аммо муноқишае, ки ба занозанӣ кашонид, тибқи қонун санҷида хоҳад шуд,» -- гуфт ба ҷамъомадагон Эркинбек Аширбоев, ҷонишини ҳокими вилояти Чуй.
Бо вуҷуди он ки сокинон пароканда шуданд, кормандони умури дохилӣ дар деҳа боқӣ мондаанд. Онҳо мегӯянд, барояшон фармон нашудааст, ки ба маҳалҳои худ баргарданд.
Дар пасманзари ҳамлаҳои дастҷамъона дар Қирғизистон талаби истеъфои раиси вилояти Чуй Туйғуналӣ Абдраимов садо медиҳад. Ҳангоми нишасти матбуотӣ вай аз ҷавоб додан ба суоли як рӯзноманигор саркашӣ кард ва гуфт, симои ин хабарнигор барояш маъқул нест. Дар байни ӯ ва журналист чунин радду бадал ба миён омад:
– Ман ба пурсиши "Ала-Тоо-24" посух медҳам. Ба дигарон ташаккур!
– Ба суоли дигарон ҷавоб намедиҳед?
– Ҷавоб намедиҳам.
– Чаро?
– Рӯятон, рӯятон ба ман нофорам.
– Фақат барои ҳамин?
– Бале.
– Ба Шумо рӯйи журналистон маъқул нест?
– Чаро? Баъзе журналистон ба ман маъқуланд. Аммо, ана, шумо ба ман маъқул нестед.
– Чаро маҳз рӯйи ӯ ба шумо маъқул нест?
– Маъқул нест, тамом. Ман ку гунаҳкор нестам.
Баъдан Абдраимов ба коргоҳаш рафт ва аз гуфтугӯ бо матбуот даст кашид. Бархе аз рӯзноманигорон бар инанд, ки ӯ бо ин кораш қонунро поймол намуд ва дастрасии шаҳрвандонро ба маълумоти барои ҷомеа маҳдуд кард.
"Чунин рафтори ҳама гуна амалдорон, муҳим нест, дар катом сатҳ ҳастанд, ғайри қобили қабул аст. Маълрум аст, ки дар деҳаи Уроқ вазъ мураккаб аст. Вай метавонист, мажданияти бештар нишон диҳад ва гӯяд, ки бубахшед, ман ҳоло банд ҳастам, аммо дареғ, мансабдорон вақтҳои охир ҳамин гуна рафтор мекунанд. Хостанд, маълумот медиҳанд, нахостанд, не,» – мегӯяд хабарнигори шабакаи "24.kg" Татьяна Кудрявцева.
Дертар мансабдор ба ҳар ҳол аз коргоҳаш баромад ва вокуниши худро ин гуна шарҳ дод, ки гӯё рӯзноманигор «бо лаҳни додситон» ба ӯ суол додааст.
Сарвазири Қирғизистон ваъда кард, ки моҷароро меомӯзад ва ба рафтори кормандаш баҳо медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Абдраимов яке аз номзадҳои мансаби нави раҳбари Девони вазирони Қирғизистон шумурда мешавад.
Асли матлаб дар сомонаи "Настояшее время" нашр шудааст.