Гузориши Департаменти давлатии ИМА: Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2017

ГУЗОРИШИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2017

Хулосаи гузориш

Тоҷикистон давлати авторитарӣ аст ки президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш онро зери султаи сиёсӣ нигоҳ доштаанд. Қонуни асосӣ системаи бисёрҳизбиро дар назар дорад, вале ҳукумат таърихан монеи плюрализми сиёсӣ буда дар давоми сол ба он идома дод. Ислоҳоти конститутсионие дар референдуми умумие ки дар с.2016 қабул гардид, ҳизбҳои нодунявиро ғайриқонунӣ сохта ҳар гуна маҳдудиятро барои дар сари қудрат боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмон чун “Пешвои Миллат” барканор ва барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳукмрониаш мусоидат мекунад. Мақомоти шаҳрвандӣ назорати воқеиро аз болои мақомоти амниятӣ танҳо қисман нигоҳ доштанд. Масъалаҳои муҳимтарини нақзи ҳуқуқи башар аз ҷумла иборат буданд аз: шиканҷаву озордиҳии боздоштудагон аз тарафи нерӯҳои амниятӣ; ҳабс ва ё боздоштҳои худсарона ва аз ҷумла аъзоёни оила; шароитҳои ногувори зиндонҳо; маҳдудиятҳо дар озодиҳои баён, расонаҳои хабарӣ ва рафти озодонаи маълумот ба шумули масдудсозии якчанд сомонаҳои мустақили хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ; маҳдудияти озодии анҷуман ва аз ҷумла бо роҳи таъқиб, озордиҳӣ ва зиндонӣ кардани фаъолони ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсӣ; шароити бади озодии дин; маҳдудият дар иштирок дар фаъолияти сиёсӣ; хешу қавгароӣ ва фасод дар саросари ҳукумат; хушунату табъиз бар асоси ҷинс, гароишу ҳуввияти ҷинсӣ ва меҳнати маҷбурӣ. Якчанд кормандони давлат, барои нақзи ҳуқуқи башар ҷазо диданд. Мақомот дар нерӯҳои амниятӣ ва дигар бахшҳои давлат беҷазо амал мекарданд.

Қисми 1. Эҳтиром ба тамомияти шахс аз ҷумла озодӣ аз:

а. Маҳрумсозии худсарона ва ғайриқонунӣ аз ҳаёт:

Дар ҳоле, ки қонун кушторҳои берун аз судиро аз тарафи кормандони амниятии давлат манъ месозад, якчанд гузориш оид ба даст задани ҳукумат ва ё агентҳои он ба куштори худсарона ва ё ғайриқонунӣ расиданд. 26-ӯми июл, Толибҷон Дӯстов, сокини 50 солаи ноҳияи Шаҳритуз, баъди аз тарафи пулис ҳабс гаштанаш ба ҳалокат расид. Тибқи гузоришҳои расмӣ Дӯстов бар асари сактаи қалб ҷон бохтааст. Дӯстов бо шубҳа дар қочоқи маводи мухаддир, аз тарафи афсарони вазорати корҳои дохили ноҳияи Дӯстӣ боздошт гардид ва чанд соати пас хешовандонаш ӯро дар беморхона ҳалокшуда дарёфтанд. Бо вуҷуди даъвои ибтидоии пулис ки Дӯстов аз сактаи қалб ҳалок гардид, модараш бар он бовар буд ки вай аз бадрафтории пулис ҳаёташро аз даст дод. “Ба фикри мо вай ҳамоно латукӯб гашта, ҳангоми ба беморхона оварданаш, аллакай ҷон супурда буд” гуфт модари Дӯстов. Дар охирҳои моҳи декабр прокуратураи маҳаллӣ як корманди пулиси ноҳияро бо айби истифодаи изофабор аз қувва, ки он боиси марги Дӯстов гардида буд, ба ҷавобгарӣ кашид.

б. Нопадидшавӣ

Аз ҳодисаҳои оиди нопадидшавӣ аз тарафи ва ё аз номи мақомоти давлатӣ гузорише нарасида буд.

в. Шиканҷа ва дигар амалҳои муомилаи бераҳмона, ғайриинсонӣ, номусшикан ва ё ин ки ҷазодиҳӣ.

Қонуни асосӣ истифода аз шиканҷаро манъ месозад. Агарчи ҳукумат кодекси ҷиноятиро бо иловаи моддау алоҳидае ки шиканҷаро мувифиқи қонунҳои байналмиллалӣ ифода мекард, дар с.2012 ислоҳ намуд, гузоришҳо оиди латукӯб, шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ки бо мақсадӣ зӯран ба даст овардани иқроршавӣ истифода мешуданд, расиданд.

Мақомот дастрасии кофӣ ба маълумотро ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар барои таҳқиқоти иддаҳои шиканҷадиҳӣ муҳайё насохтанд.

Дар се моҳи аввали сол Эътилофи Алайҳи Шиканҷа ва гурӯҳи созмонҳои дохилии ғайридавлатӣ (СҒД) 38 парвандаи оид ба бадрафториро ба санад гирифтанд. Он парвандаҳоро бар асоси арзҳои ҷабрдидагони озори шадиди ҷисмонӣ боз намуда буданд. Мушаххасан, 13 шахс аз 15 нафари ҷабрдида аз озорҳои ба мисли латукӯби рӯй, сар, гурда ва батни онҳо, дар ҳоли дасту пой баста буданашон ва инчуни аз зери нохун гузаронидани мавҷи барқ хабар додаанд. Дар 28-ӯми март шаҳрванд Ҷовидон Ҳакимов дар суд изҳор дошт ки иқроршавии вай дар кӯшишҳои ҷалби ҷангиён ба сафи гурӯҳи ифротии Давлати исломӣ (ДИИШ) бар асари фишор ба даст оварда шуд. Ҳакимов дар ҷалби чанд шаҳрванд барои ҷангидан аз ҷониби ДИИШ дар Ироқу Сурия муттаҳам шуда буд. 30-ӯми март суд Ҳакимовро ба 15 соли зиндон маҳкум намуд. Мутобиқи гуфтаҳои вакилонаш Ҳакимов баъди дар моҳи январ ҳабс шуданаш, ҳангоми истинтоқҳо аз тарафи кормандони пулис, шадидан латӯкӯб шуда буд. Ба гуфти вакилон бинии Ҳакимов ҳангоми истинтоқ шикаста ва ӯ инчунин мавриди зарбаҳои барқӣ (электрошок) қарор гирифта буд. Вакилони Ҳакимов инчунин изҳор доштанд, ки суд хоҳиши онҳоро барои тасдиқи озори ҷисмонӣ аз санҷиши тиббӣ гузаштани Ҳакимов рад намуд. Якчанд афсарони пулис ки дар суди ш.Душанбе гувоҳӣ доданд даъвоҳои Ҳакимовро рад карданд.

Нисбати аз соли 2015 (ба бахши 1.e. нигаред) ҳадафи муомилаи бад қарор гирифтани вакили зиндонгашта Бузургмеҳр Ёров хабарҳои зидду нақиз мерасиданд. Дар моҳи октябр сардори ҳабсхонаи рақами 1 боздошти пеш аз мурофиа (СИЗО) ба радиои Озодӣ хабар дод ки аз 28-ӯми ентябр Ёров дар ҳуҷраи танҳонишин нигаҳ дошта мешавад; вай айбҳои гӯё мавриди шиканҷа ва дигар муомилаи бад қарор гирифтани Ёровро рад намуд. Завҷаи Ёров ба рӯзноманигорон гуфт ки сардори боздоштгоҳ дар амн будани Ёров бовар кунонида таъкид кард, ки Ёров бо сабаби аз тарафи посбонон дарёфтани пули нақд дар ҳуҷрааш, ки он вайронкунии қоидаи ҳабсхона ҳисоб мешавад, ба ҳуҷраи танҳонишин фирстода шуд. Созмони Авфи Байнамиллал хабар дод ки Ёров то ин дам чаҳор бор дар ҳуҷраи танҳонишин нигаҳ дошта шуд. Модари Ёров ба аз дидор бо писараш изҳор дошт ки писараш ва дигар ҳамҳуҷрагони мавриди латукӯби доимӣ қарор гирифтаанд ки яке аз чунин латукӯб боиси ба беморхонаи боздоштгоҳ афтидани писараш шудааст. Вай инчуни аз нақли писараш гуфт ки ин латукӯбҳо якҷо бо дашном, таҳқир ва таҳдид сурат мегирифтанд.

Шароити зиндон ва марказҳои боздошт

Тибқи гузоришҳои расида, аз сабаби аз маҳбусон пур буданашон ва аҳволи ногувори тозагӣ, шароитҳои зиндонҳо тоқатфарсо ва ба ҳаёт таҳдидовар буданд.

Ҳолати ҷисмонӣ: Ҳукумат 10 зиндон ва аз ҷумла як зиндони барои занон ва 12 маркази боздоштро таҳти амал қарор дошт. Шароити аниқи зиндонҳо номаълум боқӣ монд, валекин боздоштшудагон ва маҳбусон аз шароити зишт ва ба ҷон таҳдидкунандаи зиндонҳо ба шумули изофабории афрод ва шароити ғайрисанитарии онҳоро хабар доданд. Ташкилоти Ислоҳоти Байналмиллалии Зиндонҳо (Penal Reform International), ки бо намояндагии минтақавии худ аз Қазоқистон, машғули татбиқи ислоҳот дар зиндонҳо мебошад, шароити зиндони занонаро чун хеле сарду, таъмини барқу гармиаш номунтазам ва норасоии хӯрокворӣ барои зиндониҳо ва кормандони маҳбас, шарҳ дод. Бемориҳо ва гуруснагӣ мушкилоти ҷиддӣ буданд. Ожонсиҳои СММ хабар доданд ки сатҳи сирояти бемориҳои сил ва СПИД дар зиндонҳо қобили мулоҳиза ва сифати хадамоти тиббӣ бад буд. Аксаран наврасони мардина бо мардони калонсол ҳамроҳ нигоҳ дошта мешуданд.

Маъмурият: Идораи ҳукуматии омбудсмен (нозири ҳуқуқи башар) вуҷуд дорад ва омбудсмени он аз зиндонҳо дидан кард, вале тавонист танҳо камтар аз 2 фоизи ҳамаи арзу шикоятҳоро ҳал намояд. Созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД), аз беэътимодӣ ба механизми омбудсмен аз барои садоқаташ ба президент Эмомалӣ Раҳмон, беэътиноии бардавом ба нигарониҳои ҷамъиятӣ аз эҳтиром ба ҳуқуқи башар, хабар доданд. Гурӯҳи махсуси назоратии назди омбудсмен ва намояндагони СҒД санҷишҳои эълоншуда аз шароити зиндонҳоро ба ҷо оварданд. Кадом арзу шикояти хос аз шароитҳо санад нагаштааст.

Назорати мустақил: Вазорати адлия ба маҳдуд сохтани дархости дастрасии намояндагони ҷомеаи байналмиллалӣ ва ҷомеаи маданӣ ба зиндонҳову марказҳои боздошт идома дод. Дар таи тамоми сол Эътилофи алайҳи шиканҷа ва омбудсмени ҳуқуқи башар аз муассисаҳои баста дидан карданд агарчи мақомот мусоҳиба кардани боздоштшудагонро аз тарафи нозирони эътилоф ва ё дастрасии онҳоро ба асноди муассисоти дохилии ислоҳотӣ рад намуданд. Адами дастарасии Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх ба далели надоштани мувофиқатнома бо ҳукумат идома ёфт ки чунин вазъият аз с.2004 ба ин тараф вуҷуд дорад.

г. Ҳабсҳо ва боздоштҳои худсарона

Қонун бо сароҳат ҳабсҳои худсаронаро манъ намесозад ва ҳабсҳои худсарона маъмулӣ буданд. Қонун зикр мекунад, ки пулис бояд идораи прокуратураро дар бораи ҳабс дар давоми 12 соат бохабар сохта, дар давоми 10 рӯз айбҳоро вогузорад. Қонун ҳаққи чолиши қонунияти ҳабс ва ё боздошти ӯро дар суд таъмин месозад вале истифода аз чунин ҳуқуқ маҳдуд аст. Танҳо чанде аз шаҳрвандон аз ҳуқуқи аппелятсия кардани ҳабсашон воқиф буданд ва танҳо чанд мавриди тафтишоти қудрати пулис ва афсарони низомӣ дар боздошти шаҳрвандон вуҷуд дошт.

Нақши пулис ва дастгоҳи амниятӣ

Вазорати корҳои дохилӣ, ожонсии назорати маводи мухаддир, ожонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод, кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), кумитаи давлатии андоз ва хадамоти гумрук бо ҳам масъулияти органҳои шаҳрванди ҳифзи ҳуқуқро бар ӯҳда доранд. Вазорати корҳои дохилӣ аввалан масъули тартиботи ҷамъиятӣ буда, қувваҳои пулисро назорат менамояд. Ожонсии мубориза бо маводи мухаддир, ожонсии бар зидди фасод ва кумитаи давлатии андоз салоҳияти тафтиши ҷиноётро мансуб буда, ба президенти кишвар итоат мекунанд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) масъули разведка буда нерӯҳои сарҳадиро назорат мекунад. Он инчунин парвандаҳои марбут ба айбдоршавӣ дар ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи инсон ва парвандаҳои ҳассосияти сиёсӣ доштаро тафтиш менамояд. Хадамоти гумрук бевосита ба президент итоат мекунад. Прокуратураи генералӣ тафтишотро, ки ин ожонсиҳо анҷом медиҳад, назорат мекунад.

Масъулиятҳои ожонсиҳо ба ҳадди чашмгир рӯи ҳам рафта ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ ба кумитаи давлатии амнияти миллӣ сарфурорӣ мекунанд. Органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар тафтиши гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ босамар набуданд, зеро гурӯҳҳои ҷиноӣ иртибототи баландпояи худро бо ходимони давлат ва ожонсиҳои амниятӣ нигоҳ доштанд. Фаҳмиши бесадо миёни органҳои ҳифзи ҳуқуқ чунин буд, ки якчанд ашхос аз ибтидо дастанарасон буда, тафтишотро аз ибтидо пешгирӣ менамуданд.

Беҷазоии расмӣ мушкилоти бузурге боқӣ мемонад. Дар ҳоле, ки ҳукумат иқдомоти маҳдудеро ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон ба амал овардааст, шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати маҳбусон идома ёфт ва фарҳанги беҷазоӣ ва фасод тафтишоту ҷазодиҳиро заиф сохт. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми шуниданҳои пеш аз зиндонӣ кардан ва судҳо, судяҳо даъвоҳои айбдоршудагонро дар бораи таҳқиру шиканҷа ҳангоми боздошт рад намуданд. Осебдидагони аъмоли сӯиистифода аз ҷониби пулис метавонанд шикояти расмиашонро ба таври хаттӣ ба корманди сатҳи боло ва ё идораи омбудсмен бидиҳанд. Бештари осебдидагон дар сукут монданро аз хатари қасосгирии мақомот дида, афзалтар донистанд. Идораи омбудсмен чанде аз кӯшишҳоро ҷиҳати посухдиҳӣ ба шикоятҳои нақзи ҳуқуқи башар ба амал оварда, бо иддаои он, ки идораи мазкур салоҳияти изҳороту тавсеаҳоро нисбати ин парвандаҳои ҷиноятӣ надорад аҳёнан ба онҳо мудохила намуд.

Ҷараёни ҳабс ва муомила бо боздоштшудагон

Мувофиқи қонун пулис метавонад шахсеро то 12 соат пеш аз айбдоршавии вай аз тарафи ҳукумат боз дорад. Агар ҳукумат баъд аз 12 соат ӯро айбдор насозад, он фард бояд озод гардад, вале пулис аксаран боздоштшудагонро аз айбҳои ба онҳо вогузоршуда бохабар намесозад. Агар пулис айбро расмӣ бисозад, пас метавонад шахсро то 72 соат пеш аз пешкаши он айбҳо ба судя, барои шуниданҳои эълони ҷурм нигоҳ дорад. Судя соҳиби ҳуқуқи содир кардани фармони боздошт, ҳабси хонагӣ, пардохти замонатпулӣ ва интизор шудани суд мебошад.

Мутобиқи қонун аъзои оила ҳаққи боздид аз маҳбусонро баъд аз содир шудани айбнома доро мебошанд, вале кормандони ҳукумат бештари вақт ҳаққи маҳбусонро барои мулоқот бо адвокатҳо ва аъзои оилаашон рад мекунанд. Қонун изҳор мекунад, ки адвокат ҳаққи ҳозир будан дар бозпурсиҳоро бо дархости шахси боздоштшуда ё адвокат дорад, валекин дар аксари вақт кормандони ҳукумат иҷозаи дастрасии сари вақти адвокатонро ба муштариашон намедиҳанд ва бозпурсиҳои ибтидои бедуни онҳо сурат мегиранд. Боздоштшудагони дар ҷиноятҳои ба амнияти миллӣ ва ё ифротагароӣ шубҳа гардида ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ бе айбдор кардани расмии онҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Ҳабсҳои худсарона: Ҳукумат умуман далелҳои ба ҳабсгириро дар назар мегирад, вале баъзан боздоштшудагон ва гурӯҳҳои ҷомеаи маданӣ хабар додаанд, ки кормандони ҳукуматӣ айбҳоро месозанд ва ё мавридҳои хурдандозаро бо мақсади ангезаи сиёсӣ боло мебаранд.

Барои мисол, даҳҳо аъзоёни оилаҳои фаъолони бадарғашуда бо мақсади қатъи фаъолияти хешонашон дар хориҷ, бар асоси айбҳои ба сари табори дар хориҷ монда ҷазо додa шуданд. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар исрор дошт ки падари як фаъоли сиёсӣ пеш аз маҷлиси моҳи сентябри Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ш.Варшава (САҲА) оид ба Мулоқоти Татбиқи Андозаҳои инсонӣ дастгир гардид. Созмони Нозирини Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Норвегиягии Ҳелсинки инчунин дар моҳи июл хабар дод ки мақомот даҳҳо хешовандони фаъолони осоиштаи мухолифони давлатро ки дар Олмон дар ҷамъомаде барои таҷлили 20-мин солгарди мувофиқатномаи сулҳ ки ба ҷанги дохилӣ хотима бахшида буд ҷамъ омада буданд, боздошт, истинтоқ ва таҳдид намуда буданд.

Баъзе аз кормандони пулис ва кормандони адлия ба таври муназзам дар мубодила бар нармсозии ҷазо ва ё раҳосозӣ пора мегирифтанд. Мақомоти органҳои ҳифзи ҳуқуқ барои тамдиди боздошти шахс дар ҳабси пеш аз судӣ бояд баъди ду, шаш ва 12 моҳи боздошт аз судя иҷозат гиранд.

Боздошти пеш аз суд: Адвокатҳои боздоштшудагон шикоят карданд, ки прокурорҳо аксари вақт гумонбаршудагонро барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта, сабти боздошти ибтидоиро танҳо дар сурати тайёр будани гумонбаршуда ба иқроршавӣ анҷом медоданд. Дар аксари вақт боздошти пеш аз судӣ аз як то се моҳ давом кард, вале метавонист то 15 моҳ ҳам идома ёбад.

Тавоноии боздоштшудагон дар чолиши беқонунии боздоштгоҳ пеш аз суд: Новобаста аз айби бар онҳо вогузошта шахсони ҳабс ва ё боздоштшуда ҳаққи дар суд чолиш намудани асоси ҳуқуқӣ ва ё табиати худсаронаи боздошташонро соҳиб мебошанд. Бо вуҷуди чунин ҳуқуқҳои чолиш додани боздошт поён рафтани шумораи адвокатони дорои литсензияи муносиб барои бурдани парвандаи ҷиноӣ ва ё боздоштҳои умумӣ ки дар адвокатон дар парвандаҳои ҳассос иштирок мекунанд, истифодаи чунин ҳақро барои ҳабсшудагони айбашон ангезаи сиёсӣ дошта маҳдуд месозад.

д. Радди мурофиаи боинсофонаи судӣ

Агарчи қонун додгоҳи мустақилро таъмин месозад шохаи иҷроия ба прокурорҳо, адвокатҳои тарафи мудофиа ва судяҳо фишор меовард. Фасодкорӣ ва нокоромадӣ мушкилоти калоне буданд.

Ҷараёноти судӣ

Айбдоршудагон қонунан ба фарзияи бегуноҳӣ ҳақ доранд валекин дар амал ин фарзия вуҷуд надошт. Судҳо қариб тамоми айбдоршудагонро гунаҳкор донистанд. Айбдоршудагон на дар ҳама вақт нисбати ба суд кашида шуданашон сари вақт маълумот мегирифтанд ва ё ба ҳаққи пасгузории мурофиа ба муддати номуайян насиб мегаштанд. Судҳо умуман ба айбдоршудагон, барои иштирок дар мурофиаашон ва машвараи сари вақт бо адвокаташон, иҷозат медоданд валекин бисёр вақтҳо гирифтани адвокат дар марҳалаи пеш аз суд ва давраи тафтишотиашонро, махсусан дар парвандаҳои ҳассос, рад мекарданд. Ҳукумат ба бознамоии парвандаҳои аз назари сиёсӣ ангезаёфтаи ҷиноятиро ба муқобили баъзае аз вакилони мудофиа, барои халалрасонӣ дар дарёфти машвараи ҳуқуқӣ аз тарафи мухофилини сиёсии ҳабсшуда ва дилсардсозии дигар адвокатон аз гирифтани кори ин парванда идома дод. Ҳангоми зарурат ҳукумат адвокатҳоро аз ҳисоби ҷамъиятӣ таъмин намуд вале айбдоршудагон ва ҷомеаи маданӣ шикоят доштанд, ки ҳукумат баъзан адвокатҳоро бо қасди рад намудани дастрасии айбдоршудагон ба машвараи ҳуқуқии бо интихоби худ таъин менамуд.

Айбдоршудагон ва адвокатҳои шахсӣ гуфтанд, ки адвкотаҳои аз тарафи ҳукумат таъингашта ваколати камсифат ва бемаҳсулро ба ҷо оварданд.

Бар илова, бо сабаби тағироти ба қонуни оид ба вакилон ва таъсиси шӯрои ҳуқуқи ҳамаи адвокатҳо бояд имтиҳони касбиро то моҳи июни 2016 аз нав месупориданд то литсензияҳояшонро ба даст оранд. Бисёре аз адвокатҳо аз ӯҳдаи супоридани он имтиҳонҳо набарамоданд. Бар замми он ҳукумат низоми эҳтироми таҷрибаи касбиро ки мувофиқи он адвокатони таҷрибадор ба корашон идома медоданд, бекор кард. Дар натиҷа шумораи адвокатони ҳаққи дифои парвандаҳои ҷиноятӣ дошта аз тақрибан 2000 нафар ба 532 нафар коҳиш ёфт. Нозирини байналмиллалӣ изҳор доштанд дар суд мурофуаҳое буданд ки айбдоршуда адвокат надошт.

Айбдоршудагон метавонанд гувоҳу субутро дар суд бо иҷозаи судя пешкаш намоянд. Айбдоршудагон ва вакилон ҳуқуқи муқобил баромадану савол додани шоҳид ва пешкаши гувоҳӣ ва арзи шаҳодатро доранд. Ба айбдоршудагоне ки забони тоҷикӣ, забони расмии мавриди истифода дар судро намедонанд тарҷимон таъмин мегардад. Ҳеҷ гурӯҳе аз арзи шаҳодат маҳрум нест ва умуман ҳамаи шаҳодатҳо баррасии баробар мегиранд. Валекин судҳо маъмулан баррасии прокуратураро аз баррасии тарафи ҳимоя авлотар мебинанд.

Маоши ками судяҳо ва прокурорҳо онҳоро дар муқобили ришвахӯрӣ, ки амали умум гаштааст, осебпазир боқӣ мемонад. Кормандони ҳукумат судяҳоро дар зери таъсири сиёсӣ қарор додаанд.

Агарчи бештари судҳо ҳамагонӣ ҳастанд, қонун гузаронидани судҳои махфиро дар сурати тобиши амнияти миллӣ доштани он иҷозат медиҳад. Гурӯҳҳои ҷомеаи маданӣ дар пайдо кардани дастрасӣ ба парвандаҳои овозадор дар ҷомеа, ки онҳоро ҳукумат аксаран “махфӣ” эълон дошт, ба душвориҳо дучор гашта буданд. Дар давоми сол ҳукумат якчанд парвандаи судии ангезаи сиёсӣ доштаро дар паси дарҳои баста анҷом дод.

Се мурофиаи судӣ аз ҷумла бо иштироки вакили ҳифзи ҳуқуқи башар, адвокати аъзоёни ҳизби манъгаштаи наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) Бузргмеҳр Ёров дар ш.Душанбе доир гашт. Ҳамаи мурофиаҳо бар асоси “махфӣ” будани онҳо барои мардум баста буданд. Созмонҳои барҷастаи байналмиллалии ҳуқуқи башар нигаронии худро аз суди Ёров иброз доштанд ки ба гуфти онҳо ҷараёни ҳимоявӣ таъмин нагардид, иброз намуданд. Вай дар моҳи октябри соли 2016 барои гӯё даъват ба сарнагунии ҳукумат ва таблиғи нобасомониҳои оммавӣ муттаҳам гардида ибтидо ба 23 соли зиндон маҳкум гардид. Дар моҳи январ суд мӯҳлати ҳамин ҳукмро ба се соли дигар тамдид намуда дар моҳи март дар мурофиа паси дарҳои бастаи судӣ Ёровро бо иттиҳом беэҳтиромӣ нисбати суд ва таҳқири корманди давлат ба ду соли иловагии зиндон маҳкум сохт.

Маҳбусону боздоштшудагони сиёсӣ

Дар ҳоле, ки ҳукуматдорон аз набудани маҳбусони сиёсӣ ва ё ҳабсҳои ангезаи сиёсӣ дошта даъво доранд, ҳизбҳои мухолиф ва нозирини маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки ҳукумат интихоби мухолифини сиёсиашро ҳабсу ҷазо додааст.

Агарчи тахмини боэътимоди шумораи маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надошт, ҳукумат аз 239 маҳбусе ки аъзои ҳизби ҷунбиши манъгашта буданд гузориш дод. Дар моҳи январ суди вилоятии Хатлон, Саид Зиёев, сокини ноҳияи Қубодиёнро барои иштирок дар мулоқоти гурӯҳи манъгаштаи “24” ба ҳафт соли зиндон маҳкум намуд. Суд қарореро нисбати Зиёев оиди иштироки вай дар мулоқоти дар моҳи ноябри 2014 дар ш. Екатеринбурги Русия ташкил намудаи “Гурӯҳи 24” бар асоси гувоҳи видеоӣ баровард, Вакили Зиёев даъво мекард ки видео дар моҳи сентябри 2014, замоне ки “Гурӯҳи 24” ҳанӯз қонунӣ буд, ба навор гирифта шуда буд. Зиёев бо иттиҳом ба вайрон кардани ду банди кодекси ҷиноятӣ: соҳибии ғайриқонунии маълумоти компутарӣ ва созмондиҳии ташкилоти ифротагаро айбдор гардид. Зиёев арзашро (аппелятсия) ба Суди Олӣ бурд, вале то охири сол ягон таҳавуллоти наве ба қайд гирифта нашуд.

Ҷараёноти шаҳрвандии судӣ ва муҳофизати ҳуқуқӣ

Парвандаҳои шаҳрвандӣ дар судҳои умумии шаҳрвандӣ, судҳои иқтисодӣ ва судҳои низомӣ баррасӣ шуданд. Судяҳо метавонанд пардохтани ҷубронпулиро ба осебдидагони парвандаҳои ҷиноӣ дастур диҳанд. Суди алоҳидаи ҷавонсолон вуҷуд надорад, агарчи судҳое ҳастанд, ки утоқҳои ҷудогонаро барои назорати кӯдакон аз болои толори суд ба воситаи видеокамера таъмин мекунанд.

ё. Мудохилаи худсарона ба зиндагии шахсӣ, оила, манзил ва мукотиба

Қонуни асосӣ изҳор дорад, ки манзили фард халалнопазир аст. Бо чанд истиснои маълум, бо зӯр дохил шудан ба манзил ва ё маҳрум намудани фард аз манзил хилофи қонун мебошад. Қонун изҳор медорад, ки бедуни иҷозати судя пулис набояд ба манзили хусусӣ дохил шавад ва онро кофтуков намояд. Кормандони ҳукумат танҳо бо иҷозати прокурор дар мавридҳои истисноӣ “дар мавриде, ки хатари воқеии пасмонии ашёи ҷустуҷӯ гардида ва тасарруфшаванда вуҷуд дошта он метавонад гум, осеб ва ё мавриди истифодаи ҷиноӣ қарор гирад ва ё муҷрим метавонад фирор намояд” метавонанд кофтуковро анҷом диҳанд. Қонун иброз медорад, ки судҳо бояд роҷеъ ба чунин кофтуковҳо дар давоми 24 соат бохабар гарданд.

Пулис такроран ин қонунҳоро ба инобат нагирифт ва ба зиндагии шахсӣ, ба шумули кофтуковҳои шахсӣ бе кафолат, бе ҳукми суд мудохила намуд.

Мутобиқи қонун “ҳангоме, ки барои ҳосил намудани боварӣ оиди он, ки ашёи ба парвандаи ҷиноятӣ таалуқдошта метавонанд дар дохили мактубҳо, телеграммаҳо, радиограммаҳо, бастаҳо, посилкаҳо ва ё дигар навъи ирсоли почтаю телеграф бошанд асоси кофӣ дорад, онҳоро метавон танҳо бо ордери аз тарафи судя бароварда шуда” ба даст овард. Қонун изҳор медорад, ки танҳо судя метавонад ба назорати телефонҳо ва ё дигар воситаҳои муҳобираро иҷозат диҳад. Идораҳои амниятӣ зудзуд мухобиротро ба мисли шабакаҳои иҷтимоӣ ва зангҳои телефониро бе иҷозати хуқуқӣ назорат мекарданд.

Дар моҳи маю июн дастаҳои кормандони расмӣ аз ожонсиҳои гуногуни амният дар ш.Душанбе хона ба хона гашта аз паи дарёфти “нохушояндон” буданд. Ин амал бахше аз маъракаи амниятии “Амалиёти Интизом” буд ки аз тарафи ҳукумат ба роҳ андохта шуда буд. Мутобиқи ахбори расонаҳо асноди давлатӣ мафҳуми “нохушояндон” аз ифротагароёну террористони эҳтимолӣ сар карда то барқдуздону касони фурӯзонаки номатлуб истифода бурдаро дар бар мегирифт. Кофтуковҳо бе иҷозати муқарраршуда аз ҷониби судҳо амалӣ гардида мақомот оиди миқёси ин чорабинӣ хабаре пахш накарданд. Дар бисёр мавридҳо сокинони ш.Душанбе, аз чунин бозрасиҳо танҳо баъди дар дами дарашон пайдо шудани дастаи тафтишчиён огаҳ шуданд. Ин гузориш маълумоти оиди берун аз ҳудуди ш.Душанберо дар бар нагирифта, муассисоти тиҷоратӣ ва ё дигар ташкилотҳоро шомил насохтааст.

Қисми 2. Эҳтиром бар озодиҳои маданӣ ба шумули:

а.Озодии баён ва аз ҷумла барои матбуот

Қонун озодии сухан ва аз ҷумла барои матбуотро таъмин месозад валекин ҳукумат ин ҳуқуқҳоро маҳдуд сохтааст.

Озодии баён: Мақомот ба тангсозии озодии сухан аз тариқи боздошт, ҷазодиҳӣ, таҳдиди ҷаримаҳои вазнин, татбиқи қонунгузории тӯҳматҳои сахту изофабор барои тӯҳмат ва бастани маҷбурии нашрияҳо идома дод. Мутобиқи қонун шахсе метавонад ба муддати то панҷ сол барои тавҳини президент зиндонӣ шавад. Дар моҳи март пулиси ш.Хуҷанд Ҳасан Абдураззоқов сокини вилояти Суғдро барои гӯё таҳқири обрӯи президент ҳабс намуд. Мутобиқи гузоришҳои ахбори умум Абдураззоқов акси президентро аз деворе канда, онро дар ҳузури мушоҳидон, ба замин андохт. Прокуратура бо айбдорсозии Абдураззоқов дар пастзании шаъни президент, авбошӣ ва харобкорӣ дар ин бобат парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Мақомот оиди ин парванда шарҳе надоданд ва аз рӯи хабарҳо ҳеҷ вакиле аз ин шахс ваколат накард. Агар гунаҳкор дониста шуд Абудурззақов метавонад то ба мӯҳлати 8 сол зиндон шавад.

Озодиҳои матбуоту расонаҳо: Расонаҳои мустақил аз ҷониби ҳукумат таҳдидҳои қобили мулоҳизаро бар сари сомонаҳои расонавӣ дучор гаштанд. Бо вуҷуди он ки баъзе аз нашрияҳои чопӣ тафсилоту таҳқиқоти сиёсиеро ки аз ҳукумат танқид мекард ба нашр расонданд журналистон шоҳиди он гаштанд ки мақомот баъзе аз мавзӯъҳоро берун аз ҳудуди иҷозат медонист, ба шумули мавзӯҳои вайронкориҳои молии ононе ки ба президенти кишвар наздик ҳастанд ва ё мавзӯҳои ба ҳизби манъгаштаи наҳзати исломи Тоҷикистон дахлдошта.

Якчанд телевизиону радиоҳои мустақил дар масоҳати хурди кишвар мавҷуд буданд, вале ҳукумат аксари василаҳои пахшкунандаро зери назорат дошт.

Қарори аз тарафи ҳукумат ба номи “дастурҳои таҳияи барномаҳои радио ва телевизионӣ” содир гардида муқаррар сохтааст ки ҳукумат аз тариқи кумитаи давлатии телевизион ва радио дорои ҳуқуқи “танзиму назорат аз болои тамоми шабакаҳои телевизион ва радио новобаста аз навъи соҳибияти онҳо мебошад”. Ҳукумат ба фаъолияти озоди чанде аз матбуоти хориҷӣ иҷозат дод, ба шумули пахши дубораи барномаҳои телевизионии ва радиои Русия.

Дар моҳи ноябри с.2016 нашрияи мустақили хабарии Тоҷнюс дар паи озордиҳӣ аз тарафи ҳукумат баста шуд. Сармуҳаррири нашрия бо нигаронӣ аз амнияти худ ва таҳдиди ҷазобинӣ тарки кишвар намуд.

Хушунату азият: Рӯ ба рӯ гардидани рӯзноманигорон ба хушунат ва азият аз тарафи кормандони ҳукумат давом ёфт. Агарчи дар соли 2012 ҳукумат тӯҳматро аз феҳристи ҷурм берун сохт, кормандони ҳукумат ба таври муназзам аз тӯҳмати расонаҳои матбуотӣ ҳамчун қасос барои нашри маводи инитиқодӣ роҷеъ ба ҳукумат пардохта буданд.

Дар охирҳои фасли баҳор суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ш.Душанбе журналисти нашрияи “Озодагон” Миҷгона Ҳалимоваро бо айби “ифшонасозӣ ва пинҳонсозии ҷиноят” гунаҳкор донист. Суд иддао намуд ки Ҳалимова аз ифшосозии маълумот оиди як шаҳрванде ки ба Сурия, барои пайвастан ба ДИИШ сафар мекард рӯй тофта ба Ҳалимова 25000 сомoнӣ ($2,850) ҷарима баст. Зимни мурофиа Ҳалимова намояндаи ҳуқуқӣ (адвокат) надошт аммо журналистон барои пардохти ҷаримааш ёрӣ доданд. Ҳалимова бо эҳтимоли он ки ҷараён бонуқсон мешавад аз қарори додгоҳ арз накард. Баъзе аз манбаъҳо тахмин намуданд ки мақомот ин айбҳоро нисбати Ҳалимова аз сабаби ҷидоли вай бо раиси Кумитаи Умури Занон ки он баъд аз оиди ҳиҷобпӯшӣ савол додани Ҳалимова бархост, монда буданд. То соли 2015 Ҳалимова дар нашрияи Наҷот, нашрияи ҳафтаинаи ҲНИТ ва дар сомонаи хабарии Nahzat.tj кор мекард.

Сензура ва маҳдудсозии мундариҷа: Журналистон такроран аз худсензуранамоӣ, барои пешгирӣ аз қасосҷӯиҳо аз тарафи кормандони ҳукумат истифода мекарданд. Сиёсатмадорони мухолифин дастарсии маҳдуде ва ё ҳеҷ дастрасие ба телевизиони давлатӣ надоштанд. Дар ҳоле, ки ҳизби президентӣ фурсатҳои зиёде барои пахши паёмҳои худ дошт, ҳукумат ба ҳизбҳои мухолиф барои ифодаи назарҳои сиёсиашон ҳадди ақали вақтро иҷозат дод. Дастрасӣ ба иттилоот барои журналистон, махсусан дар вақти интихоботи парламентии референдуми 22-ӯми май мушкил буд. Стансияҳои давлатии телевизион ва радио дар каналҳои худ ҳеҷ барномаеро, ки дар он назари мухолифини ислоҳоти конститутсионӣ дарҷ гардида бошад, пахш накарданд.

Нашркунандагони рӯзномаҳо хабар доданд, ки ҳукумат нисбати паҳнсозии мавод бо талаби он, ки ҳар нашрияи бештар аз 99 обуначӣ дошта, бояд худро дар вазорати фарҳанг ба қайд гирад, маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд. Ҳукумат ба назорати ҳамаи матбааҳои асосӣ ва таъмини қоғази нашриявӣ идома дод. Радиостансияҳои мустақил ба дучор шудан бo батаъхиргузории литсензиядиҳӣ, ки онҳоро аз пахши барномаҳо боз медошт, идома доданд. Ҳукумат судури литсензияҳоро ба стансияҳои нав, қисман бо ҷараёни беҳад мураккаби аризадиҳӣ маҳдуд сохт. Кумитаи миллии телевизион ва радио муассисаи давлатӣ аст мустақиман стансияҳои радио ва телевизиониро дар мамлакат идора намуда, аввалан ибрози ризоият ва сипас литсензияҳоро таъмин месозад. Ҳукумат ба рад намудани барқарори литсензияи пахши барномаҳои Би-Би-Сӣ дар мавҷи FM идома дод.

Қонунҳо дар бораи бӯҳтон/тӯҳмат: Дар соли 2012 ҳукумат қонуне, ки бӯҳтону тӯҳматро амали ҷиноӣ медонист бекор кардa, дараҷаи онро то ба вайронкориҳои шаҳрвандӣ фаровард, агарчи қонун ҳанӯз шарҳи банди зидду нақизеро, ки тибқи он таҳқири ошкорои президент гуноҳест, ки метавонад боиси ҷарима в ё то панҷ соли зиндон ба бор оварад, нигоҳ доштааст. Бо вуҷуди он ҳукмҳо бар асоси тӯҳмат ба хусус бар зидди нашрияҳое, ки аз ҳукумат танқид мекарданд, маъмулӣ буданд.

Озодии Интернет

Шахсони алоҳида ва гурӯҳҳо ба назорати фарохи интернет аз ҷумла имейл дучор гашта, ибрози назари хешро дар интернет худсензура менамуданд. Бинобар гузориши маълумоти мухобироти с.2016, 19.5 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доштанд.

Мутобиқи гузориши 17 июн баровардаи Бонки Ҷаҳонӣ 17 фоизи аҳолӣ муназзам аз интернет истифода мебаранд. Маҳдудсозиҳои наву такрории дастарасӣ ба сомонаҳои интернетӣ аз тарафи ҳукумат ба шумули Facebook, YouTube, Google, ва Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ идома ёфтанд агарчи баъзе аз маҳдудиятҳо дар давоми сол бардошта шуданд.. Хадамоти давлатии мухобирот (ХДМ), ба таври маъмул дахл доштани худро ба масдудияти дастрасӣ ба ин сомонаҳо рад менамуд, вале вазорати корҳои хориҷӣ ба кормандони расмии хориҷӣ дар моҳи июн марҳалавор татбиқ намудани қонунеро, ки ба “манфиати амнияти миллӣ” иҷозати қатъи мундариҷаи интернету мухобиротро фароҳам меоварад, эътироф кард. Ҳукумат ба татбиқи қонуни аз с.2015 амалкунандаеро ки бар асоси он кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ҳангоми амалиётҳои амниятӣ ҳуқуқи хомӯш сохтани интернету мухобиротро соҳиб аст, идома дод.

12-уми июл Маҷлиси Олӣ, палатаи болоии парламент қонунеро ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҷозаи дар интернет пайгирӣ намудани шаҳрвандро медиҳад, қабул намуд. Тибқи ин қонуни нав, ожонсиҳои амниятӣ метавонанд гардиши интернетиро назорат карда ба маълумоти ки шаҳрвандон ба кадом сомонаҳо дохил мегарданд ва дар ҷустуҷӯи чӣ иттилоте ҳастанд дастрасӣ ёбанд.

Озодии маориф ва рӯйдодҳои фарҳангӣ

Вазорати маориф қоидаҳои тарзи либоспӯшӣ, ки ҳиҷобро дар мактабҳо манъ месозад, ҳифз кард. Ҳукумат пӯшидани рӯймоли миллии занонаро, ки қисми сарро пӯшонида гарданро боз мемонад, дар мактабу донишгоҳҳо иҷозат дод. Бисёре аз толибагон ҳангоми ба мактаб рафтану аз мактаб омадан ҳиҷоб пӯшида дар вақти даромадан ба мактаб онро мекашиданд. Волидайну масъулони мактаб ба назар ин рафторро қабул доштанд. Тибқи гузоришҳо, шогирдони ришмонда аз синф хориҷ гардида мавриди пурсишу қарор доштанд ва ба тарошидани ришашон даъват гаштанд. Шогирдони ришдошта аз синф берун оварда шуда баъди пурсиш ба риштарошӣ водор мешуданд.

Дар моҳи январ, вазорати маориф қарореро баровард ки он аз 1-ӯми март то охири соли хониш дар моҳи июн ҳамаи муаллимон, донишҷӯён ва толибагони ҷинси занро ба пӯшидани либоси миллӣ вазифадор месозад.

Дар моҳи июлу август мақомоти давлатӣ талошҳои худро дар боздории шаҳрвандон аз пӯшидани “либоси бегонагон” ки аввало ҳиҷоберо ки мӯю, гӯшу гардани занонро мепӯшад дар назар дошт, афзоиш дод. Мутобиқи гузоришҳои ахбори умум Кумитаи давлатии умури занон маъракаҳои иттилоотӣ ва ё “рейдҳо”-ро дар маҳалоти ҷамъиятӣ алайҳи занон ҳиҷобпӯш ба роҳ андохта онҳоеро кашидани ҳиҷобашонро рад мекарданд бо бастани 1000 сомонӣ ($115) ҷарима ва ё зиндон шудан ба муддати 6 моҳ таҳдид мекарданд. Дар ҷавоб ба чунин гузоришҳо вазорат мавҷудияти чунин чораҳоро инкор намуда исрор дошт ки ҳукумат чунин маъракаҳои ҷамъиятиро барои ривоҷи фарҳангу либоси миллӣ анҷом медиҳад.

Дастури вазорати маориф аз маъмуриятҳои мактаб талаб менамояд, то шогирдонро оид ба қонуни масъулияти волидайн, ки иштироки ҳамаи ашхоси синнашон поёнтар аз 18-ро дар фаъолиятҳои мазҳабӣ ба истисно аз ҷаноза манъ мекунад, бохабар созанд. Қонун дар назар дорад, ки бо иҷозати волидайн ашхоси аз ҳафт то 18 сола метавонанд дар таҳсили мазҳабӣ, ҳангоми вақти берун аз мактаб ва хориҷ аз барномаи мактабиашон ширкат намуда, чун қисме аз фаъолиятҳои таҳсилӣ дар муассисаҳои динӣ ба ибодат пардозанд.

Ҳукумат аз ҳамаи шахсоне, ки машғули омӯзиши мазҳабӣ дар хориҷ мебошанд, талаб менамояд то онҳо худро дар кумитаи давлатии умури динӣ (КДУД), вазорати маориф ва вазорати умури хориҷӣ ба қайд гиранд. Қонун барои вайрон кардани маҳдудиятҳо дар фиристодани шаҳрвандон барои таҳсили мазҳабӣ ба хориҷ, мавъиза (тарғиб), таълими мафҳумҳои динӣ ва таъсиси робитаҳо бо гурӯҳҳои динӣ дар хориҷ бе иҷозати КДУД ҷазои ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.

Вазорати маориф ширкати донишҷӯёнро ҳангоми соатҳои дарсиашон дар маҳофили аз тарафи созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ ва барои он созмонҳо ташкилшуда манъ кардааст.

1-уми апрел пулис иштирокчиёни ярмаркаи дурӯзаи байнамиллалии таҳсилиро дар ш. Душанбе пароканда сохт. Мудири ширкати ташкилкунандаи он дар саҳифаи Фейсбук хабар дод ки вай барои гузаронидани ярмаркаи таҳсилӣ ҳама гуна иҷозатҳотро ба даст оварда буд вале пулис ба толор ворид гашта чорабиниро қатъ сохт. Пулис инчунин видеои ташвиқӣ ва маводи аккосиро аз он чорабинӣ нобуд кард. Вазорати маориф дертар бо даъвои он ки ташкилкунандагон дар дарёфти асноди лозима норасоиҳо доштанд, изҳоротеро пахш намуд.

Чанде аз хабарҳо буданд ки дар давоми сол олимону муҳаққиқоне ки оиди мавзӯъоти ҳассоси сиёсӣ, динӣ ва таърихӣ кор мекарданд аз тарси қасос мақолаҳои на танҳо чоп балки ҳатто ба нашрияҳо намесупориданд. Сензураи расмӣ вуҷуд надошт валекин оиди филмҳо, намоишномаҳо, намоишгоҳҳо, барномаҳои мусиқӣ ва фаъолияти фарҳангӣ татбиқ мегардид.

б. Ҳуқуқи ҷамъшавии озод ва мансубият

Ҳукумат озодии ҷамъшавии осоишта ва анҷуманҳоро ба воситаи талаби дарёфти иҷозат аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ва инчунин ба воситаи гузаронидани тафтишҳои сершумор аз тарафи ожонсҳои гуногуни давлатӣ маҳдуд сохт. Қонуни асосӣ ҳаққи озодии ҷамъшавии осоиштаро таъмин месозад валекин ҳукумат аз шахсони алоҳида барои гузаронидани тазоҳуроти оммавӣ иҷозати ҳукуматро талаб мекунад. Шахсоне, ки нияти гузаронидани эътирози осоиштаро доштанд тибқи гузориш аз тарси амалҳои барқасди ҳукумат аз баҳри чунин ният гузаштанд. 16-ӯми август, суди ноҳияи Ванҷи вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ шаш сокини он ноҳияро барои эътироз дар рӯ ба рӯи бинои пулиси маҳаллӣ ҳар якеро ба 10 – 12 рӯзи зиндон маҳкум намуд. 8-ӯми август пулиси маҳаллӣ ҳамон шаш нафарро барои эътирозашон дар рӯзи қаблӣ дар пешрӯи бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ боздошт намуд. Сокинон аз сабаби дастгир шудани хешовандонашон ки гӯё ба ҳаракати Салафия пайваста бошанд, ба эътироз пардохта буданд. Мақомот он шаш нафарро дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ташвиқи дигар сокинон барои ҷамъшавӣ дар назди бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ айбдор карданд.

Озодии анҷуман

Қонуни асосӣ озодии анҷуманро ҳимоят мекунад, вале ҳукумат ин ҳуқуқро маҳдуд сохтааст. Созмонҳои ҷомеаи маданӣ оид ба афзоиш додани намоёни шумора ва шиддатнокии бақайдгирӣ ва тафтишоти андозсупорӣ аз тарафи мақомот гузориш доданд. Чун порсола ҳукумат ба ҷорӣ намудани манъи чорабиниҳо дар зери парчами ҲНИТ-ро идома бахшид.

Дар натиҷаи ҳамапурсии умумии с.2016 ҳизбҳои нодунявӣ ғайриқонунӣ дониста шуданд.

Лутфан ба сомонаи Департаменти Давлатӣ оид гузориши озодии байналмиллалии мазҳаб нигаред. www.state.gov/religiousfreedomreport/

в. Озодии ҳаракат

Қонун озодии сафар ба хориҷа, муҳоҷират, баргашт ба ватанро таъмин месозад валекин ҳукумат дар ин бобат баъзе маҳдудиятҳоро ҷорӣ кардааст.

Дар амри таъмини ҳимояту кӯмак ба шахсони маҷбуран тарки макон кардаи дохилӣ ва дигар шахсон ҳукумат гоҳ-гоҳе бо Идораи Комиссариатии Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Паноҳандагон (UNHCR) ва дигар созмонҳои башарӣ ҳамкорӣ менамуд. Чанд мавриди ихроҷи мардум аз кишвар низ буд.

Ҳаракот дар дохили кишвар: Қонун ҳаракотро маъқул медонад, валекин ҳукумат баъзе аз маҳдудиятҳоро ҷорӣ намудааст. Ҳукумат сафари хориҷиёнро ба ҷуз дипломатҳо ва кормандони созмонҳои кӯмакҳои байналмиллалӣ бештар аз минтақаи 15 мил то сарҳадот бо Чину Афғонистон, дар вилояти Хатлону Вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон (ВМКБ), ба истиснои дарёфти иҷозати вазорати корҳои хориҷӣ, манъ мекунад. Кормандони ҳукумат на ҳама вақт аз маҳдудиятҳои сафар ба сарҳади ғарбӣ бо Афғонистон кор мегиранд, агарчи ҳукумат ба талаб кардани дарёфти иҷозатномаҳои махсус (ба шумули кормандони созмонҳои кӯмакҳои байналмиллалӣ ва дипломатҳо) идома дод. Инчунин ҳукумат ба сиёсате ки сукунати паноҳандагони афғонро дар маҳаллоти шаҳрӣ манъ месозад идома дод.

Сафари хориҷӣ: 14-ӯми май марзбонон ҳамроҳ бо кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ Файзиниссо Воҳидова, вакили маъруфи ҳуқуқи башарро ҳангоми гузариш ба Қирғизистон барои иштирок дар маросими дафни ҷиянаш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздоштанд. Марзбонон вайро бо баҳонаи он ки дар шиносномаи вай “ғалатие” вуҷуд дораду вай ҳаққи “тарк намудани Тоҷикистонро надорад”, барои ҳашт соат нигоҳ доштанд. Дар чанд ҳафтаи пеш аз ин боздошт, хадамоти амниятӣ Воҳидоваро баъди он ки вай чанд эзоҳи танқидӣ оиди он ки Бузургмеҳр Ёров, вакили ҳуқуқи башар аз тарафи ҳукумат ҳабс шуда буд. Воҳидова арз дошт ки масъалаи паспорт баҳонае барои роҳ надодан ба тарки кишвар буд.

Ҳукумат, бо мақсади дарёфту ба зиндон бозгардонидани норозиёни сиёсии дар хориҷи кишвар сукунат дошта аз механизмҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқ ба мисоли Огоҳномаҳои Сурхи Интерпол сӯиистифода кард. Чунин норозиён бар асоси аз ҷиҳати сиёсӣ ангезаёфтаи айб дар ифротгароӣ боздошт мешаванд. 8-ӯми октбяр, Мирзокарим Кӯзов раҳбари болорутбаи ҲНИТ дар ш.Афинаи Юнон, ҳангоми бозгашти худ аз конфаронси ҳуқуқи башар дар Варшаваи Полша боздошт гардид. Вай то охири сол дар боздошт боқӣ монда буд.

Ҳимоят аз паноҳандагон

Ихроҷи маҷбурӣ: Ҳукумат дар баъзе ҳолатҳо паноҳҷӯёни сиёсӣ ва ё паноҳандагонро маҷбуран ба кишвари аслиашон ки дар онҷо онҳо метавон дучори ҷазо ва ё шиканҷа қарор гиранд, ихроҷ мекард. Дар давоми ҳафт моҳи аввали сол ҳукумат 11 паноҳҷӯи сиёсӣ ва паноҳандаро ба Афғонистон табъид намуд.. Пасфиристодашудгон шомил аз паноҳандагоне буданд, ки мақоми онҳо ба асоси нақзи қонуне, ки ба чунин ашхоси ҳаққи зиндагӣ дар маҳалҳои шаҳрнишин иҷозаи сукунатро намедиҳад ва ё шарту шарити вазнине ки ба сифати паноҳанда сабт гардидани аризадиҳанда монеа эҷод мекунанд, бозпас гирифта шуд. Парвандаҳои бозпас гирифтани мақом бо кӯмаки UNHCR ба додгоҳ бурда шуда дар ҳоли баррасӣ ҳастанд.

Дастрасӣ ба паноҳандагӣ: Қонун мақоми паноҳҷӯӣ ва ё паноҳандагиро дар назар мегирад ва давлат низоми таъмини ҳимоятро ба паноҳандагон таъсис намудааст. Бо вуҷуди ин, ҷараёни ташхиси мақоми паноҳандагӣ номуайяну ношаффоф боқӣ монда ҷараёноти маъмурӣ ва ҳуқуқӣ ба маъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқат накарданд. Бо вуҷуди он, ки қонун талаби онро надорад, кормандони расмии ҳукумат аз паноҳандагон ва ҷӯяндагони паноҳандагӣ гирифтани виза ва соҳиб будан ба ҳуҷҷати амалкунандаи мусофиратро пеш аз дохил шудан ба кишвар талаб менамуданд. Кормандони расмии ҳукумат шахсонеро, ки соҳиби виза набуданд, пеш аз анҷоми мароҳили қонунӣ боздошт ва депортатсия карданд.

Ҳукумат аризаҳои паноҳҷӯиро ба воситаи Комиссияи миллии таъини мақоми паноҳандагӣ (КМТП) баррасӣ карда, асноди маскуниятро, ки аз табъид (депортатсия) эмин медорад, ба аризадиҳандагон бахшид. Огоҳиномаҳои расмӣ аз қарорҳои маъмуриву ҳуқуқи фаҳмиши хурде дар бобати мантиқи гирифтани тасмими судӣ фароҳам месохтанд. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми рад намудани мақоми паноҳандагӣ ба аризадиҳанда, мақомоти давлатӣ маъмулан далели камбуди гувоҳӣ аз репрессия дар ватани аризадиҳанда ва ё нотакмилӣ аз таҷдиди мақоми паноҳандагӣ аз тарафи онҳо, аз қабили вайрон кардани қоидаи истиқомат дар шаҳри Душанберо зикр карданд. Мутобиқи маълумоти ғайрирасмӣ, баъзе аз паноҳандагон иддао доранд, ки ба ҷуз пардохти ришваи бузургандоза ҳукумат метавонад ҳар аризаро рад намояд.

Ҳукумат ба таҳмил намудани маҳдудиятҳои назаррас бар аризадиҳандагон идома дода, кормандони расмӣ ба татбиқи қонуни дар соли 2000 қабулшудаеро, ки он истиқомати дархосткунандагони паноҳандагии сиёсӣ ва паноҳҷӯёнро дар пойтахту шаҳрҳои калон манъ месозад давом доданд. Кормандони амният ҷамъияти паноҳчӯёнро муназзам назорат менамуданд. Дархосткунандагони паноҳандагони сиёсӣ ва паноҳҷуён муназзам ба UNHCR хабар медоданд, ки кормандони амният маъмулан бо баҳонаи адами ҳуввияти шахсӣ онҳоро азият дода, аз онҳо пул меситонданд. Пулис паноҳҷӯёнро дар сурати боварӣ бар он, ки онҳо дар маҳалли манъшуда истиқомат мекунанд мавриди рейдҳо қарор медод.

Тафтишоти дар давоми сол афзудаи шахсони дар минтақаҳои наздики Душанбе сукунат доштаву ба қарори шумора 325 ҳукумат ки он қонун ба паноҳандагон иҷозати сукунат дар маҳалоти шаҳрӣ ва аз ҷумла Душанбе иҷозат намедиҳад, ҳамроҳ шудааст ба афзоиши чашмгири парвандаҳои маъмурӣ ба муқобили паноҳандагон расонд. Дар натиҷа наздики 40 паноҳанда ва оилаҳои онҳо зери хавфи ҷарима ва ё ихроҷ аз кишвар монда буданд.

Қонун пешбинӣ менамояд ки мақоми паноҳанда ба муддати то сел дода шавад. Аз соли 2009 Шӯъбаи Шаҳрвандиву Шуғли Паноҳандагон, раёсати бақайдгирии шиносномаи назди вазорати корҳои дохилӣ ҳалли масъалаҳои оид ба паноҳандагонро бар ӯҳда дошт. Паноҳандагон бояд солона аз қайд гузаранд то ба тамдиди мақоми паноҳандагиашон тамдид гардад.

Мутобиқи омори давлатӣ дар кишвар 2185 паноҳандаи бақайдгирифташуда буданд ки 98 фоизи ҷамъи онҳо афғон буданд, вуҷуд доштанд. Бар иловаи он 141 нафари ҷӯёндаи паноҳандагӣ аксарашон агғон мақоми паноҳандагӣ мечустанд.

Озодии ҳаракот: Мутобиқи қатъномаи рақами 325 ҳукумат сукунат дар маҳаллоти шаҳрӣ, аз ҷумла ш.Душанбе барои паноҳандагон манъ аст ки он пайдо кардани мактабу ҷои корро барояшон маҳдуд месозад.

Дастрасӣ ба хидматҳои аввалия: Ҷӯяндагони паноҳандагӣ ва муҳоҷирон дар баробари шаҳрвандон ба таҳсилу хизмати тандурустӣ қонунан мустаҳақ мебошанд. Вазорати маориф ба волидайни афғонӣ иҷозат дод, то онҳо атфоли худро бедуни пардохти боҷ ба мактаби маҳаллӣ фиристанд. Шарикони UNHCR китоб, формаи мактабӣ ва баъзе аз дарсҳои забономӯзиро ба он кӯдакон таъмин намуда дар ҳиссаи пардохти хароҷоти тиббӣ ёрӣ доданд. Қонун паноҳандагонро бо таъмини баробар ба ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ ва низоми ҳуқуқӣ таъмин мекунад агарчи дар амал паноҳандагон на ҳама вақт дастарсии баробарро соҳиб буданд. Оилаҳои осебпазири паноҳандагон ёрдампулиҳои тиббӣ гирифтанд. Паноҳандагон мавриди озору пулситонӣ қарор мегирифтанд.Дар чуни ҳолат шарики ҳуқуқии Комиссариати олии созмони миллали муттаҳид оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) мизоҷонро дар дарёфти ҷуброни он хисорот ва таъмини омӯзишу гузаронидани дарсҳои болобарии огаҳӣ барои мақомоти маҳаллӣ бо мақсади фаҳмиши бештари онҳо аз ҳуқуқҳои паноҳандагон дарсҳои омӯзишву огаҳсозӣ доир намуданд.

Роҳҳои ҳалли бодавом: Дар паи қонуни ислоҳгаштаи оид ба шаҳрвандӣ ки дар с.2015 қабул гашта буд, ҳукумат муқаррароти гирифтани зудтари тобеиятро бекор карда паноҳандагонро дар як қатор бо хориҷиёне ки паноҳанда набуда барои дарёфти шаҳрвандӣ ариза додаанд гузошт.

Шахсони бешаҳрвандӣ

Барои раҳнамоии тарзи татби, дар моҳи апрел ҳукумат актҳои зерқонунии Қонуни конститусионии с.2015 оид ба шаҳрвандиро қабул намуд. Азбаски қонуни шаҳрвандӣ танҳо доираи умумии масъалаҳои оид ба шаҳрвандиро матраҳ месозад зарурати равшансозии ҷараёнот барои аризадиҳандагону мақомоти давлатӣ пайдо шуд. Муқаррароти актҳои зерқонунӣ раҳнамои возеҳеро оиди асноди зарурӣ ваколатҳои ҳар ожонсии вазифадори қабулу иҷрооти он аснод, эҷоди низоми тасмимгиранда ва салоҳияти оид ба ноил гаштан ба шаҳрвандӣ, таъини масъулиятҳои ожонсиҳои давлатӣ дар таъмини маълумоти саривақтӣ оиди тасмимҳои гирифташуда, шарҳи ҳуқуқҳои аризадиҳандагон оиди ба додгоҳ бурдани арзи оиди тасмимҳои ожонсиҳои давлатиро, таъмин намуд. Актҳои зерқонунии қабулшуда, барои таъмини ҷараёни бештар шаффофу муассар парвандаҳои марбут ба шаҳрвандӣ ва инчунин дар амри умуман коҳиш додани ҳолати бешаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳ ёфта буданд.

Комиссариати олии созмони миллали муттаҳид оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) ҳамроҳ бо шарикони давлатӣ ва СҒД-ҳо ба татбиқи пружаҳои ташхису дарёфти ҳалли масъалаҳои оид ба шахсони бешаҳрвандӣ монда ва шахсони тобеияташон номуайян дар се вилоят (Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои Тобеи Марказ) идома дод. Ба таърихи 31-ӯми июл 27809 нафари бешаҳрвандӣ ва шахсони хавфи бешаҳрвандӣ гаштан ташхису ба қайд гирифа шуд. Аз он шумора 13607 нафаре ки ба қайд гирифта шуданд аз кӯмакҳои пешкашшуда барои тасдиқи шаҳрвандиашон истифода бурданд. Валекин баъзе аз шахсон, дар роҳи дарёфти ҳалли бодавом кӯшиш ба харҷ доданд, зеро онҳо дар минтақаҳои дурдаст сукунат дошта аз василаҳои молӣ барои пардохти харҷи нақлиёту боҷҳои барои тасдиқи шаҳрвандиашон лозимро камбудӣ доштанд. Дар моҳи май комиссариати олии созмони миллали муттаҳид оид ба умури паноҳандагон (UNHCR), ҳамроҳ бо шариконаш аз СҒД, меъёри осебпазирӣ ва раванди расонидани кӯмак бо шахсони аз ҳама бештар осебпазири бешаҳрвандӣ ва ё дар ҳоли хавфи бешаҳрвандӣ мондаро бо ҷуброни харҷи тасдиқи шаҳрвандиашон таҳия намуд. Қисми

3. Озодии иштирок дар раванди сиёсӣ

Қонун ба шаҳрвандон имконияти интихоби ҳукумати худ да интихоботҳои озоду мунсифона бар асоси ҳаққи умум ва баробар интихоб таъмин мекунад, валекин ҳукумат ин ҳуқуқро маҳдуд сохтааст. Президент ва тарафдоронаш ба ҳукмфармоӣ дар ҳукумат идома медиҳанд. Ҳизби сиёсии президент Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ҳар ду палатаи Маҷлиси Олӣ ҳукфармост. Аъзоёни ҲХДТ аксари вазифаҳои давлатиро ишғол кардаанд. Президент аз ҳуқуқи васеъ дар таъину бекор кардани кормандони давлатӣ салоҳияти васеъ дошт ва дар тӯли сол он салоҳиятро татбиқ менамуд.

Интихоботҳо ва иштироки сиёсӣ

Интихоботҳои ахиран ҷойдошта: Интихоботи аз ҳама наздиктарини баргузоршуда интихоботи с.2015 парламентӣ буд ки аз назари мушоҳидон дар он адами гуногунандешӣ ва интихоби аслӣ ҷой дошта ба фикри аксари мушоҳидон худи раванд амиқан вайронгашта буд. Интихоботи аз ҳама ахирӣ ки дар с.2013 баргузор гардида буд ҳамчунон бо адами гуногунандешӣ ва интохоби аслӣ гузашта ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ набуд.

Дар моҳи маи соли 2016 ҳукумат ҳамапуурсии умумиро бо пешниҳоди 41 ислоҳот ба Қонуни Асосӣ баргузор намуд. Аз шаҳрвандон талаб гардид то бо раъйҳои “Бале” ва ё “На” ба тамом маҷмӯъи пешниҳодот якбора овоз дода ба раъйи алоҳидаи сари ҳар яке аз онҳо имкон надоштанд. Дар ҳоле ки ҳукумат аз розгии раъйдиҳандагон бо маҷмӯи ислоҳот ва иштироки 90 фоиза хабар доданд , қиссаҳои латифабоб, шарҳҳо дар шабакоти иҷтимоӣ ва хабарҳои расонаҳо субут мекарданд ки дар асл фоизи иштирок хело поёнтар буд.

Якчанд расонаи маъруфи хабарӣ ба шумули “Озодагон”, “Фараж” ва “Tojnews” аз рафти референдум ҳеҷ хабаре надоданд. Бо вуҷуди он, як ҳафта пеш аз референдум, Хадамоти Давлатии Мухобирот ба таъминкунандагони интернет фармон дод ки дастрасиро ба сомонаҳои мустақили ба мисоли “Азия Плюс”,”Озодагон” ва “Озодӣ”- ро манъ созанд.

Аз 41 ислоҳоти пешниҳодшуда сетои аз онҳо боиси тағироти назаррасе дар қонуни асосӣ гардиданд. Яке аз онҳо ки унвони “Пешвои Миллат”-ро ки он дар моҳи декабри с.2015 ба президент Раҳмон бахшида шуда, вале тасдиқашро аз тариқи ислоҳоти конститутсионӣ талаб мекард, расмӣ намуд. Ин унвон ҳадди замониро бари ишғоли курсии раҳбари давлат барои Эмомалӣ Раҳмон бекор сохт ва ӯро расман аз ҳар гуна маҷози ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ масъун (иммунитет) сохт. Ислоҳоти дуввӯм синни мустаҳақ ба вазифаи президентӣ гузоштани номзадии шахсро аз 35 ба 30 поён оварда ва ислоҳоти сеюм фаъолияти ҳизбҳои сиёсии ғайридунявиро манъ намуд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ: Дар кишвар ҳафт ҳизби сиёсӣ, ҷумла ҲХДТ қонунан ба қайд гирифта шуда буданд. Ҳизбҳои сиёсии мухолиф хеле кам аз дастгирии аҳолӣ насиб гашта ва ба расидагиҳо аз тарафи ҳукумат дучор гаштанд. Бештари аъзоёни маҷлиси миллӣ ки дорои 97 курсии ваколат аст узви ҳизби ҲХДТ. Ҳизбҳои дигари тарафдори ҳукумат ва шӯъаботи ҲХДТ буданд.

Иштироки занону ақаллиятҳо: Ҳеҷ қонуне иштироки занон ва/ё аққалиятҳоро дар раванди сиёсӣ маҳдуд намесозанд ва онҳо иштирок карданд. Намояндагии занон дар раванди тасмимгирӣ дар ҳар сатҳи муассосити сиёсӣ камшумор буд. Намояндии занон дар се шохаи ҳукумат камтар аз 30 фоиз буд. Аз ҷумлаи вазирон танҳо яке аз онҳо зан буд вале аз аққалиятҳо касе дар савияи вазир набуд. Агарчи ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ дар ташвиқи мушорикати онҳо талош мекарданд ки аз он ҷумла метавон қарори президент аз с.1999 ки он ҳар вазоратро дар ба доштани аққалам як ҷонишини вазири аз занон вазифадор месохт ном бурд, шеваҳои фарҳангӣ занонро аз иштирок дар сиёсат дилсард мекарданд. Ҷомеаи маданӣ ин қарорро танқид намуда, онро чун монеаи барои аз тарафи зан ишғол намудани вазифаҳои болоии давлатӣ донист.

Қисми 4. Фасод ва адами шаффофият дар ҳукумат

Қонун ҷазои ҷиноиро барои фасодкорӣ аз тарафи кормандони ҳукумат дар назар мегирад, вале ҳукумат ин қонунро самаранок истифода намекунад. Мақомоти давлатӣ зуд-зуд ба аъмоли фасодкорӣ даст мезананду беҷазо мемонанд. Дар таи тамоми сол хабарҳои сершуморе оид ба фасодкорӣ, хешу қавмгароӣ ва маҳалгароӣ ҳангоми ба корқабулкунӣ дар ҳамаи сатҳҳои давлат расида буданд.

Фасодкорӣ: 30-уми май ҳукумат ба қонуни мубориза алайҳи фасод ислоҳотеро қабул ки ба Ожонсии Мубориза Алайҳи Фасод салоҳияти тафтиши фаъолияти молии ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва анҷуманҳои маҳаллии ҷамъиятиро медиҳад. Қаблан ожонсии мазкур танҳо салоҳияти тафтишу ревизияи муассисоти давлатиро соҳиб буд. Тибқи талаботи нав ҳизбҳои сиёсӣ бояд солона гузориши арзёбии хавфи фасодро ба ожонсии мубориза алайҳи фасод бисупоранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ва коршиносони дохилӣ иброзӣ нигаронӣ карданд ки пурзӯр намудани ожонсии мубориза алайҳи фасод бо ҳаққи тафтишоти фаъолиятҳо ва ҳолати будҷаи аҳзоб ба зери назорат мондани он фаъолиятҳо боис мегардад.

Фасод дар вазорати маориф муназзам сурат мегирифт. Аз донишҷӯёни ояндаи мактабҳои олӣ талаб мешуд, то ҳазорҳо сомониро (садҳо доллари амрикоӣ) ба сифати ришва барои дохил шудан ба донишгоҳҳои шӯҳратдор бипардозанд ва ҳатто коллеҷҳои вилоятӣ то чандсад сомонӣ ришваситонӣ мекарданд. Донишҷӯён маъмулан барои гирифтани баҳоҳои хубтар дар имтиҳонҳо ришваҳои иловагӣ доданд.

Бисёре аз кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ҷаримаҳои барои вайрон кардани қоидаҳо ҷамънамударо бо худ нигоҳ карданд. Афсарони БДА, ки дар фосилаи маъмулӣ аз ҳамдигар ҷо гирифтаанд, ба таври ихтиёрӣ ронандагонро манъ намуда ришва меситонанд. Мушкилот ба шакли низом бо сабаби кам будани маоши афсарони БДА даромадааст. Мутобиқи гузоришҳо бисёре аз афсарони БДА барои нигоҳдории корашон бояд маблағ пардозанд ва ҷуброни он пардохтҳоро ба воситаи ситонидани ришват аз ронандагон боз мегардонанд.

Вазорати корҳои дохилӣ, ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод ва прокуратураи генералӣ масъули тафтиш, ҳабс ва ҷазо додани кормандони фосиди ҳукуматро бар ӯҳда доранд. Ҳукумат вуҷуди мушкилот дар кори мубориза бо фасодро эътироф карда якчанд иқдомро барои мубориза алайҳи он ба шумули ба суд додани мақомоти поёнрутба барои ришвахурӣ анҷом дод.

Ҳам вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам ожонсии мубориза бар зидди фасод баъд аз хотимаи тафтиш парвандаҳоро ба прокуратураи генералӣ месупоранд. Дар баъзе мавридҳо ожонсии мазкур дар давоми тамоми ҷараёни тафтишот бо прокуратураи генералӣ ҳамкорӣ намуд.

Дар моҳи апрел якчанд кормандони расмӣ аз ожонсии мубориза алайҳи фасод бо айби фасодкорӣ дастгир шуданд. Раиси ожонсӣ Сулаймон Султонзода ба ахбори умум гуфт ки маълумоти ба он дастгиршавӣ робита дошта чун махфӣ меъёрбандӣ шудааст. 17-уми июл раиси Суди Олӣ изҳор дошт ки 13 нафар ба шумули 10 афсари оҳонсии зидди фасод ба додгоҳ барои ришвахурию тақаллубкорӣ кашида мешаванд. Дар миёни айбдоршудагон кормандони баландрутбаи ожонсӣ ва аз ҷумла собиқ ҷонишини раиси ожонсӣ Давлатбек Ҳаирзода, собиқ ҷонишини раиси ожонсӣ Фирдавс Ниёзбадалов ки дар тафтишоти Зайд Саидов, собиқ корманди давлат ва дертар мухолифи давлат гаштаву нияти президентшавӣ дошта ва ҳоло бо айби тақаллуб, бисёрзанӣ, пулситонӣ ва суиистифода аз вазифа ба муддати 26 сол зиндон аст, иштирок дошт, ҳастанд. 1-ӯми август ахбори умум хабар дод ки Суди Олӣ Ҳаирзодаро ба 10,5 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ҳамон рӯз суд Фаридун Беназирзодаро, собиқ ҷонишини сардори хадамоти гумруки вилояти Суғдро барои ришвахурӣ ба 10,5 соли зиндон маҳкум намуд. Мурофиаҳо дар паси дарҳои баста анҷом ёфта маълумоти бештар оиди ҳукм ва маҳкумкунӣ муҳайё набуд.

Дар моҳи декабр мақомот рӯзноманигори мустақил Хайрулло Мирсаидовро аз вилояти Суғдро боздошта ӯро дар исрофкорӣ, сохтакорӣ, ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва таҳрики бадбинии қавмию мазҳабӣ айбдор намуданд. Ҳабси ӯ на он қадар дертар баъд аз номаи кушодаи вай ба президенти кишвар Э. Раҳмон, прокурори генералӣ ва ҳокими вилояти Суғд бо хоҳиши саркӯби фасодкорони маҳал навишта буд ва иддао дошт, ки раиси вилояти раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш талаби $1,000 пора карда буд, рух дод. Мирсаидов ба 21 соли зиндон маҳкум гардид.

Шаффофияти молӣ: Мақомоти давлатӣ воҷиби шаффофияти молӣ набуданд.

Қисми 5. Рафтори ҳукумат нисбати тафтишоти байналмиллалӣ ва ғайридавлатии гумонбариҳои нақзи ҳуқуқи башар

Гурӯҳҳои дохилӣ ҳимояти ҳуқуқи башар ба афзоиши мушкилоти назорату гузоришдиҳӣ оид ба вазъи умумии башар дар дохили кишвар дучор гаштанд, агарчи гурӯҳҳои байналмиллалӣ ба шумораи камтари чунин мушкилот рӯ ба рӯ шуданд. СҒД-ҳои дохилӣ ва рӯзноманигорон аз танқиди оммавии президент ва ё дигар кормандони олирутбаи давлатӣ ва муҳокимаи масъалаҳои ба ҳизби манъшудаи наҳзати ислом робита дошта,эҳтиёткорона ҳазар мекарданд. СҒД-ҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ ба фишори афзоишёбанда аз тарафи ҳукумат рӯ ба рӯ гаштанд. Мақомот якчанд СҒД-ҳоро барои гумонбарӣ дар мушкилоти бақайдагирӣ ва бесариҳои маъмурӣ тафтиш намуданд.

Созмони Милали Муттаҳид ё дигар ниҳодҳои байналмиллалӣ: Ҳукумат умуман бо СҒД-ҳо ҳамкорӣ намуд. Он барои ташрифи кормандони олирутбаи СМ, САҲА ва ғайра созмонҳои байналмиллалӣ мусоидат намуд, аммо ба рад намудани боздидҳои КБСС аз зиндонҳо идома дод.

Ниҳодҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқи башар: Идораи омбудсмени ҳуқуқи башар барои посухдиҳӣ ба шикоятҳо аз омма дар давоми сол талоши хеле хурде варзид ва маҳдудияти кадриву будҷавии он зарфияти иҷрои онро боз ҳам тангтар месохт. Идораи омбудсмен бо СҒД барои муҳокимаи парвандаҳои ҳуқуқи башар ва масоили умумии ҳуқуқи башар дар кишвар мулоқот намуд, аммо он бе ҳеҷ амале аз тарафи ҳукумат наовард. Дар моҳи май вазорати адлия ба СҒД-ҳо имконияти баррасии бештари татбиқи қоидаҳо бар қонуни оид ба анҷуманҳои ҷамъиятиро фароҳам намуд, валекин СҒД-ҳои ҳифзи ҳуқуқи башар аз идомаи мудохилаи ангезаи сиёсӣ доштаи ҳукумат ба фаъолиятҳояшон зери ҳимояи қонун гузориш доданд. Идораи давлатии тазмини ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандон ба тафтиш кардану ҷавоб додан ба шикоятҳо идома дод, валекин норасоии кормандону ҳамкории ноустувор аз тарафи дигар муассисаҳои давлатӣ ба самаранокии ин идора монеъ шуд. Кодекси тартиби иҷрои иттиҳомоти маъмурӣ, ҳимоятҳои тартиби амалро ба онҳое, ки дар қонуншиканиҳои хурд айбдор шуданд, таъмин мекунад.

Қисми 6. Табъиз, таъқиботи иҷтимоӣ ва қочоқи ашхос

Занон

Таҷовуз ба номус ва хушунати хонагӣ: Қонун таҷовуз ба номусро манъ мекунад, ки ҷазои он то 20 соли зиндон аст. Кадом асосномае оид ба зӯроварии ҷинсӣ аз тарафи ҳамсар мавҷуд нест. Ҳукумат ба муҳайё сохтани омори шумораи ҳукмҳоро қодир набуд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ маъмулан ба занон маслиҳат медоданд, то ариза надиҳанд, вале дар сурати исрори шахси осебдида парванда боз мекарданд. Аксарияти нозирин мӯътақиданд, ки бештари ҳодисаҳо берун аз хабардиҳӣ монданд, зеро осебдидагон аз тарси беномусӣ хабар надоданро авлотар диданд.

Хушунати хонагӣ дар кодекси ҷиноятӣ мақоми худро надорад. Хушунат бар зидди занон ба шумули зӯроварии ҳамсар чун мушкили умдае боқӣ мондааст. Мутобиқи тадқиқоте, ки аз тарафи Кумитаи давлатии омор гузаронида шуд, 19 фоизи занони аз синни 15 то 49 хабар доданд, ки онҳо аз синни 15 сар карда зери амали хушунати ҷисмонӣ афтида буданд. Занҳо аксаран аз ҳодисаҳои хушунат аз тарси қасос ва ё амали номасовӣ аз тарафи пулис ва ё органҳои судӣ хабар намедоданд, ки дар асл гунаҳкоронро беҷазо мемонд. Мақомот аксаран бо такя бар нақшҳои анъанавии ҷинсӣ, хушунати хонагиро “масьалаи оилавӣ” хонда, онро қабул надоштанд. Аз сабаби хонадоршавии барвақту сабтношуда, занону духтарон аз хушунати хонагӣ ҳатто бештар осебпазир монда буданд.

Барои кӯмак ба осебдидагони хушунати хонагӣ Кумитаи давлатии умури занон маблағи маҳдуде дошт, валекин намояндагони кумитаҳои маҳаллии умури занон осебдидагонро барои гирифтани кӯмаки лозима ба паноҳгоҳои таъҷилӣ раҳнамоӣ мекарданд.

Дар моҳи апрели с.2016 ҳукумат дастурҳои расмиро барои вазорати корҳои дохилии кишвар оиди чӣ гуна ба қайд гирифтани мавридҳои хушунати хонагиро қабул кард дар ҳоле ки моддаи кодекси ҷиноятиё ки ин дастур аз он бояд бармеомад дар даст надошт. Мавридҳои хушунатҳои хонагӣ дар зери банди умумии авбошӣ бо ишораи хос дар аснод оиди хушунати хонагӣ буданаш ба қайд гирифта мешуданд.

Мақомот ба нудрат мавридҳои хушунати хонагиро тафтиш карда, танҳо дастае аз гунаҳкорони гумонбаршударо зери ҷазо қарор дод. Вазорати корҳои дохилӣ салоҳияти судури дастуроти мамнуъиятро соҳиб аст, валекин кормандони пулис, дар мавриди хушунати хонагӣ, бештари вақт танҳо бо додани огоҳӣ, боздошти кӯтоҳмуддат ва ё ҷарима бастан зери банди “вайронкории маъмурӣ” ба корашон анҷом медоданд.

Азияти ҷинсӣ: Ҳеҷ ягон асосномае азияти ҷинсиро дар ҷойҳои корӣ манъ намекунад. Осебдидагон аксаран аз тарси беномусии иҷтимоӣ хабаре надодаанд. Занҳои аз азияти ҷинсӣ шикоят карда, одатан бо қасоси кордиҳандагон ва инчунин беобрӯгӣ аз тарафи хонаводаҳо ва ҷамоатчигииашон рӯ ба рӯ гардиданд.

Ҳукумат аксари вақт азияти ҷинсиро чун бофтаҳои занон талқин мекард.

Маҷбурият дар назорати афзоиши аҳолӣ: Ҳеҷ хабаре оиди исқоти маҷбурии ҷанин, ақимсозии (стерилизатсия) ғайриихтиёрӣ ва ё дигар чораҳои маҷбурии назорати афзоиши аҳолӣ нарасиданд. Тахминҳои оиди маргу мир ҳангоми валодат ва пешгирӣ аз бордоршавиро дар сомонaи зерин метавон дарёфт: www.who.int/reproductivehealth/publications/monitoring/maternal-mortality2015/en/.

Табъиз: Агарчи қонун пардохти музди кори марду занро баробар мешуморад, монеаҳои фарҳангӣ имкониятҳои касбии занонро маҳдуд месозанд. Қонун дар соҳаи издивоҷу оиладорӣ аз ҳуқуқи зан ҳимоят мекунад, валекин оилаҳо бисёри аз вақт духтарони наврасро ба хонадоршавӣ маҷбур мекунанд. Бо сабаби хироҷи калони бақайдгирии издивоҷи қонунӣ, ҷои онро гирифтани издивоҷи мазҳабӣ ки он ба мард қудрати беш медиҳад, амалӣ оддӣ гаштааст.

Фатвои с.2004 Шӯрои Уламо ки мутобиқи он ба занони аҳли мазҳаби суннӣ, ки онҳо аксарияти томи аҳолии занро ташкил медиҳанд, ибодат дар масҷид манъ гардид дар эътибор боқӣ монд. Инчунин, бо вуҷуди ғайриқонунӣ донистани бисёрзанӣ маросимҳои динӣ онҳоро имконпазир сохтаанд. СҒД хабар доданд ки то 10 фоизи мардон аз бисёрзанӣ таҷриба кардаанд. Дар бисёре аз ин мавридҳои бисёрзанӣ арӯсҳо аз наврасони поён аз синни қонунӣ буданд. Издивоҷҳои дуюму сеюми ғайриқонунӣ хеле ривоҷёфта буданд ки дар онҳо на зан ва на кӯдакон мақоми ҳуқуқӣ надоштанд.

Кӯдакон

Бақайдгирии таваллуд: Кӯдакон шаҳрвандиашонро аз зода шудан дар дохилӣ кишвар ва волидайни худ мустаҳақ мешаванд. Ҳукумат бояд ҳар зоишро ба қайд гирад. Азбаски дастрасӣ ба Хадамоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла маориф бақайдгирии таваллудро талаб месозад, бисёре аз волидайн то рафтани кӯдак ба мактаб барои ба қайд гирифтани он мунтазир шудаанд.

Маориф. Таҳсили озоду саросарии ҳамагонӣ то синни 16 солагӣ ва ё ҳатми синфи 9 ҳатмӣ мебошад. Хазинаи кӯдакони созмони миллал (UNICEF) ишора намудааст, ки ҳозирӣ дар синфҳои ибтидоӣ дар мактаб умуман хуб аст, вале духтарон ба вазъи номусоид дучор мешаванд ҳангоме, ки хонаводаҳо онҳоро баъд аз хатми мактаби ибтидоӣ барои нигоҳубини атфоли хурд ва ё корҳои зироатӣ аз мактаб боз мехонанд. Хонаводаҳо бештар ба идомаи таҳсили писарон аз духтарон дида маблағгузорӣ карданду боварӣ доранд, ки писарони таҳсили хуб дошта ғами хонавода ва волидайнро дар пирӣ зиёдтар хӯрда метавонанд.

Муносибати бераҳмона бо кӯдак: Кумитаи умури занону кӯдакон ва идораҳои минтақавии ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон масъули сарукор бо мушкилоти хушунат нисбати кӯдакон мебошанд. Дар с.2016 ҳукумат идораи Бозраси Ҳуқуқи Кӯдаконро таъсис дод. Будҷаву ҳайати маҳдуди кормандони он зарфияти ҳалли масъалҳои ба кӯдакон вобастаро маҳдуд сохт.

Духтарони ҳадафи хушунат қарор гирифтаанд метавонанд аз якчанд марказҳо дар сар то сари кишвар ҳамдастӣ ҷӯянд. Ассосиатсияи занҳои илмии Тоҷикистон, ки аз тарафи UNICEF ва идораи раиси шаҳри Душанбе дастгирӣ мешавад, хати оҷили телефониро барои машваратҳои бепули ҳуқуқӣ ва равонӣ ба духтарони ҳадафи хушунат қарор гирифта ташкил намуд. Баъзе мавридҳои буданд ки писарбачагони мавриди азият қарор гирифта қодир буданд аз телефони оҷил барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқиву равонӣ истифода намоянд. Маблағгузорӣ ва тавоноии чунин барномаҳо маҳдуд мебошанд. Барномаи панҷсолаи маркази дастгирӣ аз духтарон аз барои камбуди маблағ дар соли дуввӯми худ хотима ёфт.

Издивоҷи барвақту маҷбурӣ. Синни ҳадди ақали қонунии издивоҷ барои марду зан 18 сол аст. Дар баъзе аз мавридҳои истисноӣ, ки онро судя ташхис мекунад, масалан дар сурати ҳомиладор шудан ин ҷуфти мазкур метавонад ба суд аризаи поён овардани ин ҳадро то 17 солагӣ бисупорад. Издивоҷи синни поёнтар аз ҳадди таъиншуда дар деҳот бештар буд.

Бисёре аз волидайн духтаронашонро маҷбур карданд, то онҳо мактабро рост баъд аз синфи 9 тарк кунанд. Дар ин сурат волидайн боварӣ доштанд, ки духтарони онҳо аллакай соҳиби донишу малакаи кофӣ гаштаанд ба мисоли таомпазӣ ва ё чеварӣ, то манбаъи даромадашонро дар зиндагии ояндаашон дарёбанд.

Қонун ба равшанӣ издивоҷҳои маҷбуриро барои духтарони поёнтар аз синни 18 солагӣ ва ё бо духтари поён аз синни 18 сола ба издивоҷ дохил шуданро манъ мекунад. Издивоҷи бармаҳал бо ҷарима ва ё шаш моҳи зиндон ҷазо дода мешавад, ҳол он ки ҷазои издивоҷи маҷбурӣ то панҷ соли зиндон мебошад. Азбаски ҷуфтҳо аз барои якеи аз онҳо зери синни 18 буданашон аз ба никоҳ расида наметавонистанд онҳо ростан аз рӯҳонии маҳаллӣ хоҳиш мекарданд то вай онҳоро никоҳ намояд. Аммо бе қайди расмӣ арӯс ҳуқуқи расмии камеро дорост. Истисмори ҷинсии кӯдакон: Қонун истисмори ҷинсии кӯдакон ва поронографияи кӯдакиро манъ кардааст. Органҳои ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои истисмори тиҷоратии ҷинсии кӯдаконро тафтиш карданд, вале оморе оид ба шумораи ба ҷавобгарӣ кашидашудагон ва ё маҳкумшудагон муҳайё набуд. Синни ҳадди ақалли алоқаи боризоияти ҷинсӣ 16 сол аст. Тибқи маълумоти СҒД ки бо осебдидагони хушунати хонагӣ, истисмори ҷинсӣ ва хариду фурӯш бо мақсади истисмори ҷинсӣ кор мекард якчанд мавридҳои буданд ки дар онҳо аъзои оила ва ё ҷониби сеюм кӯдаконро ба кори ҷинсӣ дар клубҳои шабонаву хонаҳои шахсӣ маҷбур карда будан.

Рабоиши байналмилалии кӯдак: Кишвар узви конвенсияи соли 1980 Гаага оид ба ҷанбаҳои рабоиши баӣналмилалии кӯдак нест. Ба гузориши солонаи департаменти давлатӣ оид ба ҷанбаҳои рабоиши байналмиллалии кӯдак дар www.travel.state.gov/content/childabduction/en/legal/compliance.html нигаред.

Зидди яҳудият (Антисемитизм)

Дар кишвар гузориши оид ба зидди яҳудият мавҷуд набуд. Ҷамъияти камшумори яҳудиён ҷои ибодатро доштанд ва ба фишори ошкорои ҳукумат ва ё дигар фишори иҷтимоӣ мавоҷеҳ нашуданд. Муҳоҷирати онҳо ба дигар кишварҳо давом ёфт.

Қочоқи афрод

Ба гузориши Департаменти Давлатӣ оид ба Қочоқи Афрод нигаред. www.state.gov/j/tip/rls/tiprpt/.

Шахсони дорои маъюбӣ

Қонуни ҳифзи иҷтимоии ашхоси маъюб ба шахсоне, ки ё маъюбии ҷисмонӣ ва ё равонӣ доранд, тааллуқ дорад ба шумули маъюбияти ҳиссӣ ва ё рушдӣ. Қонун табъизро ба муқобили шахсони маъюбӣ дошта, дар корёбӣ, таҳсил ва дастрасӣ ба тандурустӣ ва дигар хадамоти давлатиро манъ мекунад, валекин дар умум муассисаҳои давлатию хусусӣ барои татбиқи ин қонунҳо манобеъи кофӣ муҳайё накарданд. Қонун талаб мекунад, ки иморатҳои давлатӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, воситаҳои нақлиёт, ба шумули мусофирати ҳавоӣ барои шахсони маъюбӣ дошта дастрас бошанд, вале ҳукумат ин моддаҳоро иҷро накард.

Бисёре аз кӯдакони маъюб тавони ба мактаб рафтанро надоштанд, зеро духтурон онҳоро чун аз “ҷиҳати тиббӣ муносиб” баррасӣ накарданд. Кӯдакони аз ҷиҳати тиббӣ номуносиб имкони рафтан ба мактабҳои махсуси давлатӣ барои шахсони маъюбии ҷисмонӣ ва равонӣ доштанд. Духтурон фанҳои қобили омӯзишро таъин карда, директорони мактабҳои давлатӣ метавонанд бо иҷозати худ талаботро барои гузариш ба синфи оянда тағир диҳанд.

Ҳукумат нисбати Комиссияи риояи ҳуқуқи байналмиллали башар, Ҷамъияти маъюбон ва сохторҳои ҳукуматии маҳаллии муҳофизат аз ҳуқуқи маъюбон масъулият нишон медиҳад. Агарчи ҳукумат муассисаҳои зисти якҷо ва табобати маъюбонро нигоҳ дошт, дастгирии молии онҳо маҳдуд ва шароити онҳо бад буданд.

Ақаллиятҳои миллӣ/ нажодӣ/ қавмӣ

Баъзе гузоришҳо расиданд роҷеъ ба азият додани узбекҳову афғонҳо аз тарафи органҳои ҳифзи ҳуқуқ.

Таъқиботи иҷтимоӣ, табъиз ва аъмоли хушунат бар асоси ҷанбагирии ҷинсӣ ва ҳуввияти ҷинсӣ

Агарчи рафтори ҳамҷинсгароӣ дар кишвар, дар ҳамон синнe, ки равобити байни ҷинсҳои мухолиф иҷоза доранд қонунӣ аст, валекин қонун ҳеҷ ҳимояти ҳуқуқиро дар муқобили табъиз дар назар надорад. Дар саросари кишвар шахсони марбути LGBTI мавриди бадмуомилагии ҷисмониву равонӣ, азият, тамаъҷӯӣ ва истисмори онҳо бо таҳдиди ошкорсозии дардовари мақоми LGBTI-ии онҳо ба аҳли хонаводаашон, қарор гирифтанд.

Қонуни зидди табъизи ҷанбагирӣ бар асоси ҷинсият ва ё ҳуввияти ҷинсӣ вуҷуд нест ва мансубини LGBTI осеббинандагони азияти пулис буда мавриди таҳдидҳои лату кӯбӣ оммавӣ қарор гирифтаанд. Фаъолияткории ҷамъиятӣ ба намояндагӣ аз онҳо маҳдуд буд. Намояндагони доираи яккаҷинсҳо шикоят кардаанд, ки кормандони органҳои ҳифзи ҳуқуқ бо таҳдиди ифшои фаъолияташон ба оилаву кордиҳандаҳояшон, аз онҳо пул меситонданд. Ҷиноятҳо бар асоси нафрат ба муқобили мансубини иҷтимоӣ LGBTI беҷавоб монданд. Намояндагони LGBTI иддао доштанд, ки таъминкунандагони тандурустӣ ашхоси аҳли LGBTI-ро мавриди табъизу азият қарор доданд.

Гурӯҳҳои ҳимоя аз LGBTI ва тандурустӣ оид ба аз тарафи кормандони давлат ва рӯҳониён мавриди азият, ба шумули коршикании фаъолияташон аз тарафи вазорати тандурустӣ қарор гирифтанашон гузоришҳо доданд.

Тибқи хабарҳо мақомоти давлатӣ рӯйхати садҳо шахсони мутаалиқ ба аҳли ҳамчинсгароён аз марду зан, шахсони дуҷинса ва ҷинс ивазнамуда (LGBTI) ро чун бахше аз нияти таъини рафтори ахлоқӣ ва ҳимояти қишрҳои осебпазири ҷомеа тартиб намудааст. Прокуратураи генералӣ рӯйхатеро таҳия кардааст ки ин иборат аз 319 марду 48 зан аст.

Ахзи санади нав барои шахси тағири ҷинс намуда аз давлат мушкил буд. Қонун тағири ҷинсро дар асноди ҳуввияти шахсӣ, дар сурате агар муассисаи тиббӣ санади лозимаро бидиҳад, иҷозат медиҳад. Азбаски санаде аз ин қабил вуҷуд надорад, тағири ҳуввият тибқи ҷинси мувофиқ, барои ашхоси табдили ҷинс намуда номумкин буд. Ин ҳолат мушкилотро дар ҳар мавқеи, ки талаби ҳуввияти расмиро мекард эҷод намуда, метавонист шахсро аз сафар ба хориҷ бо далели гирифта натавонистани шиносномаи нав, боз дорад.

СПИД ва нанги ҷамъиятӣ

Дар кишвар табъиз нисбати шахсони мубтало бар СПИД буда вуҷуд дошт ва нангу табъиз монеаҳои асосие буданд барои шахсони ба СПИД дучор гашта барои дастарсӣ ба пешгирӣ, муолиҷа ва ҳимоят.

Давлат санҷиши бепули СПИД-ро дар 140 муассиса муҳайё кард, ки иттилоъ дар бораи шарик ҳатмӣ ва бе ифшои номаш буд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қайд кард, ки кормандони расмӣ муназзам санҷиши СПИД-ро ба маҳбусон, аскарон, кӯдакони оворагард, муҳоҷирон ва шахсони ҷӯёи раводид, маскан ва ё шаҳрвандӣ пешкаш кардаанд.

Аз байни шахсони мубталои СПИД гашта занҳо дар ақаллият боқӣ монданд, агарчи ҳадди сироятгирии онҳо дар ҳоли афзоиш буд.

Қисми 7. Ҳуқуқи коргарон

а. Озодии анҷуман ва ҳаққи музокироти дастаҷамъӣ

Қонун ҳуқуқи ташкил ва пайвастан ба иттиҳодияҳои мустақилро таъмин мекунад валекин сабти ҳамагуна СҒД-ҳо ба шумули иттифоқҳои касабаро талаб менамояд. Қонун инчунин дар назар дорад, ки фаъолияти иттифоқҳои озод аз мудохила ба истиснои мавридҳои “аз тарафи қонун мушаххас гардида” аст, аммо қонун он мавридҳоро ташхис намекунад. Коргарон ҳаққи эътисобро доранд, вале қонуни сафороӣ талаб мекунад, ки митингҳо ва дигар аъмоли оммавӣ бояд иҷозати пешакии расмӣ дошта бошанд, ки он тавоноии иттифоқҳои касабаро дар ташкили митинги тазоҳурот маҳдуд месозад. Қонун ҳаққи ташкили музокироти дастаҷамъиро таъмин мекунад, вале он мушаххас табъизи зидди иттифоқҳои касабаро манъ намекунад.

Коргарон ба иттифоқҳо пайвастанд, вале ҳукумат ҷиҳати татбиқи таъсири намоёне бар меҳнати муташаккил ба шумули таъсир бар интихоби рахбарони иттифоқҳо аз васоили ғайрирасмӣ истифода намуд. Федератсияи марказии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон манфиатҳои коргаронро самаранок намояндагӣ накард. Баъзе гузоришҳо буданд, ки ҳукумат баъзе аз шаҳрвандонро барои пайвастан ба иттифоқҳо аз тарафи давлат тарафдоришуда водор намуда, садди роҳи ташкили иттифоқҳои мустақил мешуд. Мувофиқи маълумоти созмони байналмиллалии меҳнат, 1,3 миллион одам ба иттифоқҳо тааллуқ доштанд. Гузорише, ки оид ба табъизи зидди иттифоқҳо хабар медод, вуҷуд надошт. Хабарҳои латифабоб аз манобеъи сершумори дохили кишвар изҳор доштанд ки шаҳрвандон аз тарси қасдгирии давлат ба эътирознамоӣ хоҳиш надоштанд.

Шартномаҳои коллективии меҳнатӣ 90 фоизи коргаронро дар сектори расмӣ фаро гирифтанд. Дар баъзе мавридҳо коргарони хориҷӣ, махсусан коргарони Хитоӣ дар баҳсҳои меҳнатӣ бо коргарони маҳаллӣ муносибати беҳтареро ноил мегаштанд.

Давлат пурра иттифоқҳои касаба ва дигар иттифоқҳоро назорат мекунад. Гузорише аз таҳдид ё хушунати идороти давлатӣ бар зидди иттифоқҳои касаба мавҷуд нест, валекин аз тарси қасоси ҳукумат иттифоқҳо талабҳои маҳдуде дар амри ҳифзи ҳуқуқи коргарон иброз доштанд. Аксари даъвоҳои коргарон бо миёнҷигарии иттифоқ байни коргару кордиҳанда ҳал гардиданд.

СҒД-ии меҳнатӣ ҳамчун созмони меҳнати таъиннашуда дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи коргар нақши хурдеро бозиданд.

Муовини нахуствазир Азим Иброҳим дар мулоқот дар вазороати мудофиа эълон дошт ки дар саросари кишвар 51 комиссари ҳарбӣ барои айбдор шудан дар (ба ном “облава”) даъвати маҷбурии ҷавонмардон ба артиш, ҳангоми мавсими ҷалби аскарӣ, аз вазифаашон ронда шуданд.

б. Манъи меҳнати зӯрӣ ва ё маҷбурӣ

Қонун ҳар шакли меҳнати зӯрӣ ва ё маҷбуриро ба шумули меҳнати кӯдакон ба истиснои мавридҳои аз тарафи қонун муайяншуда манъ мекунад. Манобеъ, бозрасӣ ва ислоҳсозӣ нобаробар буданд. Қонун ҳам истисмори зӯрии ҷинсӣ ва ҳам меҳнати маҷбуриро манъ карда, ҷазои аз 5 то 15 соли зиндонро дар назар мегирад. Ин ҷазоҳо ба ҳадди кофӣ дақиқу мутаносиб бо дигар ҷиноятҳои ҷиддӣ чун таҷовуз ба номус буданд.

Ҳукумат дар пешрафти худ дар кам кардани истифодаи меҳнати маҷбурӣ ҳангоми ғуночини ҳосили пахта идома дод агарчи он то ҳол ҷой дорад. Вазорати шуғлу меҳнат ҳамроҳ бо намояндагони СҒД-ҳо ба вазифаи назорати ҳосилғундории пахтаро дар давоми сол идома дод.

5-уми январ, вазорати корҳои дохилӣ хабар дод ки пулис дар ш.Душанбе ду зан, яке аз ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре зани 37 сола аз ноҳияи Вахшро ки гӯё ба фурӯши ҷавонзанон ба Амороти Муттаҳидаи Араб дахл доштанд ҳабс намуд. Дар моҳи ноябри с.2014 онҳо ҷавонзани 23 соларо аз ноҳияи Хуросони кишвар ба Дубай оварда, ӯро ба танфурӯшӣ маҷбур сохтанд. Гузориши таъкид бар он ки ду зани ҳабсшуда аз ҳисоби қурбониёни хариду фурӯши инсон ҷамъан 65000 доллари амрикоӣ ҷамъ намуданд. Бар зидди ҳар ду зан парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Вазорат аз пешрафти тафтишот хабаре надод.

Дар моҳи апрел сокини 19 солаи ноҳияи Роғун Қиёмиддин Шарифов баъд аз ба дарёи Вахш андохтани худ ҳангоми фирор аз дасти кормандони сафарбарии ҳарбӣ ки мехостанд ӯро зӯран ба хидмат ҷалб созанд, ҳалок гардид.

Инчунин ба гузориши Департаменти Давлатӣ оид Қочоқи Афрод нигаред. www.state.gov/j/tip/rls/tiprpt/

в. Манъи меҳнати кӯдакон ва музди ҳадди ақал барои истиҳдом ба кор

Синни ҳадди ақали кор барои кӯдакон 16 сол муқаррар шудааст, агарчи кӯдакон метавонанд бо иҷозати махсуси иттифоқи касаба аз синни 15 солагӣ ҳам кор кунанд. Мувофиқи қонун ҷавонони синнашон поён аз 18 метавонанд на бештар аз 6 соат рӯзе ва ё 36 соат ҳафтае кор кунанд. Кӯдакони аз синни 7 сола боло метавонанд дар кори хона ва корҳои зироатӣ, ки он алоҳида чун ёрӣ ба оила ташреҳ шудааст. Бисёре синнашон поён аз 10 сол дар бозор ва ё дар кӯчаҳо машғули фурӯши аҷзо ҳастанд. Мавридҳои зиёдтарини истифода аз меҳнати кӯдак дар хона ва дар сектори зироатӣ буд.

Масъулияти татбиқи қонуни оид ба меҳнати кӯдакон бар дӯши прокуратураи генералӣ, вазорати адлия, вазорати ҳифзи иҷтимоӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва идораҳои дахлдори маҳаллӣ ва ноҳиявӣ аст. Иттифоқҳо ҳам барои гузориш додан аз вайронкориҳо дар истифода аз меҳнати хурдсолон масъул ҳастанд. Шаҳрвандон низ масъалаҳои ҳалношудаи миёни иттифоқҳову кордиҳандагонро барои тафтиш ба прокуратураи генералӣ мебаранд.

Азбаски аксари кӯдакон ба истиснои ёрдам ба оила кор мекарданд танҳо чанд хабари вайронкунии қонун буд. Инчунин хабарҳое буданд, ки мақомоти масъул ба хизмати аскарӣ наврасони поён аз синни 18-ро аз маҳалоти ҷамъиятӣ рабуда онҳоро бо мақсади пурра намудани талаби ноҳиявии сафарбарӣ барои иҷрои хизмати аскарӣ маҷбур кардаанд.

Ҳукумат қонунҳои меҳнатро татбиқ намуда, бо Созмони байналмилали муҳоҷират барои пешгирии истифода аз меҳнати маҷбурии кӯдакон ҳангоми ҳосили тирамоҳи ғуночини пахта ҳамкорӣ намуд. Бо вуҷуди он, гузоришҳои ҷудогонае буданд, ки аз истисмори кӯдакон дар зироат хабар додаанд. Ба таври умумӣ, мавридҳои меҳнати маҷбурии кӯдакон дар чидани ҳосили пахта аз с.2013 ба ин сӯ ба таври чашмгир коҳиш ёфта, арзёбии с.2015 Дар давоми ҳосилғундории с.2015 ҳукумат ду парвандаро дар муқобили кордиҳандагон барои истифода аз меӯнати кӯдак кушода онҳоро аз онҳо 1800 сомонӣ ва ё ($205) ҷарима ситонид. Комиссияи байнивазоратии муборизаи зидди қочоқи афрод раҳнамоеро бо такрори мамнуъиятҳои мавҷуда дар байни мақомоти маҳаллӣ интишор намуда ба идораи инспектори меҳнатӣ фармоиш то дод то вазифаи назоратиро ҳангмои мавсими ғуночини пахта ба ҷо орад. Валекин, тибқи гузориши СБМ дар давоми сол назорати мустақили ғуночини пахт сурат нагирифт.

Инчунин бар хулосаҳои департаменти меҳнатро оиди Зишттарин шаклҳои истифода аз меҳнати кӯдакро дар www.dol.gov/ilab/reports/child-labor/findings нигаред.

г. Табъиз дар робита бо шуғл ва ё касбу кор

Қонун табъизро бар асоси нажод, ҷинс, маъюбият, забон, ҷанбагирии ҷинсӣ, ташхиси ҷинс, статуси мусбати СПИД, дигар бемориҳои гузаранда ё вазъи иҷтимои манъ мекунад. Қонун табъизи коргарро бар асоси ранги пӯст, дин, ақидаи сиёсӣ, аслияти миллӣ, шаҳрвандӣ ва ё синну сол рӯирост манъ намекунад.

7-уми июн парламенти кишвар ислоҳотро ба қонуни оид ба пулис ки он хидмат дар пулис шахсони ду шаҳрвандӣ дошта, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро манъ сохт, қабул намуд. Дар моҳи ноябри с.2016 қонунгузорон ислоҳотеро ки дар хадамоти амният хидмат намудани шахсони ду шаҳрвандӣ доштаро манъ сохту дониши ҳатмии забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро талаб менамояд, тасдиқ карданд. Дар моҳи март шӯрои Маҷлиси Намояндагон ислоҳотро ба қонуни оид ба хидмати давлатӣ тасдиқ намуд ки он душаҳрвандиро барои ҳар касе ки дар кори давлатӣ аст манъ сохт.

Kордиҳандагон дар муқобили шахсон бар асоси ҷанбагирии ҷинсӣ, статуси мусбати СПИД табъиз намуда, пулис ба таври умум қонунро татбиқ накард. Шахсони аҳли LGBTI ва шахсони дорои статуси мусбати СПИД аз тарси азият кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва боварӣ бар он, ки пулис ба ҳеҷ иқдоме намепардозад, шикоят накарданро авлотар донистанд.

Қонун ба занон гирифтани музди баробари корро бо мардон барои меҳнати баробар пешбинӣ намудааст аммо монеаҳои фарҳангӣ ба маҳдуд сохтани имконоти касбиро барои занон идома бахшиданд. Кордиҳандагон занонро ба кор изофи бе пардхти музди иловагӣ маҷбур мекарданд.

д. Шароитҳои муносиби кор

Дар моҳи июн президент қарори оид ба аз 1-ӯми июл афзоиш додани музди кор, нафақапулӣ ва стипендияҳоро имзо намуд. Мутобиқи ҳисобу китоби нав музди ҳадди ақалли моҳона 400 сомонӣ ($50) буд, ва нафақаи ҳадди ақал 156 сомонӣ ($20) буд.

Аз моҳи январи с.2015 ҳукумат меъёри ҳадди ақали зиндагиро ба миқдори сабади истеъмоли мусодиф ба 435 сомонӣ ($55) муайян кард. Ҳукумат аз ҳеҷ гуна ҳадди расмии камбизоатӣ изҳороте надошт.

Идораи давлатии бозрасии назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли назди вазорати шуғлу меҳнати аҳолии кишвар органи масъул бар назорати пурраи татбиқи қонуни меҳнат дар кишвар аст. Вазорати молия татбиқи ҷиҳатҳои молиявии қонуни меҳнатро бар ӯҳда дошта, ожонсии назорати молиявии дастгоҳи президент масъул ба назорати дигар ҷиҳатҳои ин қонун аст. Манъи ҳуқуқии бар изофакории маҷбуриву барзиёд вуҷуд надорад. Қонун пардохти изофакориро талаб мекунад ки мутобиқи он барои ду соати аввали изофакорӣ бояд музди якуним ва ба боқимонда соатҳо музди дучанд пардохта шавад.

Манобеъ, бозрасиҳо ва ислоҳот барои татбиқи қонун баробар набуданд. Бозрасии давлатӣ тафтишотро як бор дар ду сол мегузаронад. Ҷаримаҳо барои хилофкориҳо аз ҷумла ҷаримаҳо аз 800 то 1200 сомонӣ ($90 to $140) мутобиқ буданд валекин қоидаҳо татбиқ нашуданд ва ҳукумат ба кормандони худ барои изофакориашон музд напардохт. Пардохти изофакорӣ дар тамоми секторҳои нерӯҳои меҳнатӣ мутаноқиз буданд.

Идораи бозрасӣ ва назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғл инчунин барои татбиқи меъёрҳои сиҳатмандӣ ва бехатарӣ низ масъул аст. Қисман аз сабаби фасодкорӣ ва ришвагирии бозрасон ҳукумат пурра ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ набуд. Қонун коргаронро бо ҳаққи баканоркашӣ аз шароити хатарбори корӣ бе тарси гум намудани кор таъмин мекунад вале коргарон хеле ба нударт аз ин ҳақ истифода карданд.

Деҳқонон ва коргарони соҳаи зироат ки бештар аз 60 фоизи шуғли аҳолиро дар кишвар ташкил медиҳанд ба коркунӣ дар шароити душвор идома доданд. Системаи назорату ба танзимоварии шароити корӣ дар сектори аграриву ғайрирасмӣ виҷуд надошт. Музди кор дар сектор и аграрӣ поёнтарин дар миёни ҳамаи секторҳои дигар буда бисёре аз коргарон муздашонро бо молу чиз мегирифтанд. Ноӯҳдабароии ҳукумат дар тазмину ҳимояи ҳаққи заминдорӣ ба маҳдудсозии тавоноиаш дар ҳимояи ҳуқуқи коргарони соҳаи зироат идома бахшид.