"Hyatt Regency"-и Душанберо ба фурӯш гузоштанд

Бинои Ҳятт Реҷенсӣ дар Душанбе

Меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency дар шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта шудааст. Дар ин бора "Тоҷинвест", идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон, хабар дод.

Нархи фурӯши меҳмонхона мушаххас зикр нашудааст, вале соли 2009, замоне ки меҳмонхона ба истифода дода шуд, масъулони "Русские отели", молики аввали он гуфта буданд, барои сохтмонаш 140 миллион доллар харҷ кардаанд. Як ҳамсуҳбати огоҳи мо аз ин ҷараён рӯзи 6-уми июн гуфт, нархи меҳмонхона бо ҳар сармоядоре, ки ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, "дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад".

Бино ба арзёбии ӯ, нархи эҳтимолии меҳмонхона тақрибан 150-160 миллион доллар аст. Вале мақомот расман дар бораи нархи он чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, ҳудуди меҳмонхонаи Hyatt Regency 1,3 гектар ва масоҳати истифодшавандаи бино 38 ҳазор метри мураббаъ аст. Дар ин меҳмонхона 190 ҷойи корӣ мавҷуд будааст.

Меҳмонхонаи Hyatt Regency ҷузъи ширкати "Созидание" аст, ки дар шаҳри Душанбе ҳамчунон як бинои муҳташами ҳуҷраҳои кории навъи “А”-ро дар ихтиёр дорад.

Бунёдгузор ва молики нахустини меҳмонхона ва офисҳои "Созидание" ширкати “Русские отели” буд, ки ба Олег Дерипаска, олигархи рус ва яке аз дӯстони Владимир Путин, президенти Русия тааллуқ дорад.

Вақте ширкати дигари Олег Дерипаска – "РусАл" дар соли 2014 дар як баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария ба коршарики корхонаи алюминиюм ТАЛКО - СDH Investment - ғолиб омада ва онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард, мушкилоти ширкати “Созидание” бо ниҳодҳои андози Тоҷикистон сар зад.

Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”-ро ба сарпечӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи беш аз 322 миллион сомонӣ айбдор карда, ба пардохти ин маблағи ҳангуфт амр дод.

Талоши "Созидание" барои бекор кардани ин амри Кумитаи андоз дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе натиҷа надод, чун додгоҳ моҳи майи соли 2014 баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард.

Ҳар ду ҷониб дар ин моҷаро қартаи худро дар даст дошт ва натиҷа ин шуд, ки ба мусолиҳа омаданд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 бо судури як қарор розигӣ дод, ки ба ивази оштии Талко ва Русал, корхонаи алюминиюми Тоҷикистон пардохти андозу ҷаримаҳои "Созидание"-ро ба дӯш мегирад. Чун барои Тоҷикистон ин ба маънои "аз як ҷайб ба ҷайби дигар" гузоштани маблағ буд.

Ҳамин гуна ду бинои Олег Дерипаска "Созидание" ва Hyatt Regency ба дасти Талко гузашт. Ҳоло Hyatt Regency дубора ба фурӯш гузошта шудааст. Маълум нест, чаро.