"Касе ғами мардумро намехӯрад." Шумораи аввали Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Нахустин барномаи “Озодӣ Онлайн” аст. Барнома барои дарди дил кардан ва расонидани назару андешаҳои Шумо ба ҷомеа ва ба қавле ба “боло”.

Дар ин барнома ҳафтае ду дафъа саре мезанем ба ҷаҳони маҷозӣ ба Инстаграму Фейсбук ва Ютубу шабакаҳои дигари иҷтимоӣ, то бубинем, суҳбат дар бораи чист. Назарҳои шумо дар вебсайти Радиои Озодиро низ ҳатман мегӯем.

Имрӯз аввал назарҳоро дар бораи ҳалокати чанд муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон мегӯем, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон доданд.

Як корбаре бо номи "Ғариб" дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст:

  • “Агар нархи билет арзон мешуд ин қадар мардуми бечораи тоҷик ба азобу машаққати зиёд дучор намешуд. Афсӯс, касе ғами мардуми одиро намехӯрад! Худо накунаду дар чунин фоҷиа писари мақомдоре дучор шавад, дарҳол дар фикри ислоҳ мешаванд.”

Агар ба Фейсбук биравем, назарҳои ҷолиб дар бораи бадрафторӣ бо сарбозони тоҷик аст. Дар бораи хабари онки як афсарро барои бо дос задан ба сари сарбози қаторӣ ҷазо доданд.

Як корбаре бо номи Алишер Сайфиддинов навиштааст:

  • “Баъди хондани чунин хабар ягон волидайн фарзандашро ихтиёрӣ ба артиш намефиристад. Афсар бояд барои ин кор тамоман аз кор ронда ва ё ба зиндон маҳкум мешуд."

Лоиқшои Аюбҷон баръакс гуфтааст, ки бовар надорад ягон афсар ба зертобеаш чунин рафтор кунад. Ба гуфтаи ӯ, бисёриҳо мисли додрас ҳукм содир мекунанду мехоҳанд гунаҳкор 10-15 сол зиндонӣ шавад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, “шояд воқеа на он қадар ваҳмангез бошад”.

Басҳи дигаре, ки ҳафтаи гузашта доғ шуд, дар бораи сигору нос дар Тоҷикистон буд. Бисёре аз корбарони Радиои Озодӣ дар бораи пешниҳоди боло бурдани қимати сигор дар Тоҷикистон навиштаанд.

Ба назари як корбаре бо номи "МММ":

  • "Мақомот аз сигор нигарон ҳастанд, вале бачаҳо баъди ин ҳама мушкилоте, ки доранд, чӣ гуна сигор накашанд?"

Ба қавли МММ, беҳтараш доруҳои қалбакии дорухонаҳо ва фирмаҳое, ки чунин доруҳоро ворид мекунанд, аз байн бурда шаванд ё маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузаштаро.

Ҳатто нафаре бо номи Сталин, диктатори собиқ Шӯравӣ, ки сигорӣ буд, дар вебсайти Озодӣ шарҳ навишта ва гуфтааст:

  • "Бисёр хуб мешуд, ки ҳам нархи нос ва ҳам сигорро даҳчанд боло баранд, то наврасону чавонон натавонанд, аз он истифода баранд ва ба одати бад гирифтор нашаванд. Ва ин барои беҳбудии саломати миллат мешавад!”

Воқеан ҳар сонияи ин барнома барои шумост ва махсус барои видеоҳои шумо. Ба мисли видеое, ки як ҷавони тоҷик аз Душанбе фиристод ва аз беадолатии кормандони милиса шикоят кард.

Шумораи нахустини барномаи Озодӣ Онлайнро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Мошинаки маро дида натавонистанд" Нахустин шумораи Озодӣ Онлайн

Агар фикр мекунед ба шумо ҳам ноадолатӣ шудааст, телефонатонро бигиреду айни ин ҷавон сабт кунед ва ба мо фиристед.

Видеоҳо ва назарҳоро ба василаи Вайбер ва ё Вотсапп, Телеграм ва ИМО фиристед ва ба ин шумора: +420 724 053 959. Дар вебсайти Радиои Озодӣ барои шумо ҳам ҷо дорем. То дидор дар барномаи дигар.