"На ба қонуни Ислом рост меояд, на ба Конститутсия"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъулони ҷамоату маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум пардохтаанд. Онҳо мегӯянд, рӯйхати оилаҳои камбизоат ва маъюбону ятимонро дар даст доранд ва фитри рӯзаро маҳз ба шахсони ниёзманд мерасонанд. Вале сокинон мегӯянд, пардохт кардан ё накардан ва ба кӣ додани садақаи фитр ба ихтиёри онҳост ва набояд масъулони ҷамоатҳо ба ин кор дахолат кунанд.