Марги ду тоҷик дар амалиёти ниҳодҳои амниятии Русия
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ду нафаре, ки шаби 21-уми май дар амалиёти Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Владимир кушта шудаанд, бо эҳтимоли зиёд шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Хадамоти федеролии амнияти Русия ҳувияти ин ду кушташударо ошкор накард, вале ба таъкиди онҳо ин ду муҳоҷир барои ҳамлаи террористӣ омодагӣ мегирифтанд.