Падар барои марги писари сарбозаш товон мехоҳад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъди се соли ҳалокати як сарбози Горди миллии Тоҷикистон, Додгоҳи Душанбе ба баррасии даъвои волидони ӯ барои пардохти ҷуброни моддиву маънавӣ оғоз кард. Шӯҳрат Таваллоев соли 2016 дар як қисми низомӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Мақомот далели марги ӯро худкушӣ номиданд, вале наздиконаш ба он шубҳа доранд.