Ин равонпизишк бовар дорад, ки "ҳар зан барои хушбахтии худ масъулият дорад ва бояд дарк кунад, ки барои хушбахт шудан дар зиндагӣ аз дасташ чӣ меояд". Омӯзгори барномаҳои ташаккули шахсият дар созмони ҷамъиятии "Академияи занона" мегӯяд, дарси хушбахтӣ танҳо як фалсафаи замонавӣ нест, балки роҳи ташаккули шахсияти худ ва мусоидат дар хушбахт шудани аъзои дигари оила аст.
Оё шавҳарону фарзандон монеи рушди занон мешаванд?
Дар фазои афзоиши афсурдагиву ноумедӣ, мушкилоти марбут ба камбуди маблағ ва имконияти маҳдуди кор ва рушд, машварати дурусти дарки билқувваву захираҳои маънавӣ метавонад роҳкушои мушкилот ва раҳнамои зиндагии занон шавад. Наргис Назарова давоми якуним соли охир аз наздик бо занон кор мекунад ва бо ин, ки таълими ташаккули шахсият бештар як таҷрибаи ғарбӣ аст, мухолифи нусхабардорӣ шудани арзишҳо аст.
Ӯ рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз занон дар Тоҷикистон бовар доранд, ки "шавҳару фарзанд монеи рушди шахсии онҳо мешавад", вале ин андеша дуруст нест. "Ин мояи маҳдудияти мо нест, балки захира ва қаноти мо аст, ки нерӯ медиҳад. Онҳо таконбахши мо ҳастанд, ки барои пешрафту ибрози ақида мусоидат мекунанд"-афзуд Назарова.
Вай гуфт, бархе одат доранд ҳамсарони худро "як шахси бад ва истибдодгар" қаламдод карда, бори мушкилоти зиндагии худро ба "омилҳои берунӣ" ҳавола кунанд. "Вале чаро талош намекунанд аз худ бипурсанд, ки чӣ амалу омилҳое буд, ки боиси ба ин ҳолат омадани зиндагиашон шудааст?" -- суол гузошт ӯ.
"Занону мардон баробарҳуқуқ не, баробарарзишанд"
Як ҳадафи Наргис Назарова, ба унвони равонпизишк ин аст, ки эҳсоси дарки масъулияти занон дар баробари сарнавишти худро бедор кунад, то тавонанд заъфу камбудҳои зиндагии худро бо дасти худ таҳрир намоянд. Наргис мегӯяд, дар сӯҳбатҳояш бо занон ҳамеша таъкид кардааст, ки занону мардон "баробарҳуқуқ не, балки арзиши баробар доранд".
Ба қавли ӯ, зан набояд кори сангин кунад, хишт чинад, хона созад, балки бо истифода аз зарофатҳои инсониву табиии худ мардони хонаро барои анҷоми ин корҳо водор намояд. Дар шароити мушкили иқтисодӣ, мегӯяд хонум Назарова, занони зиёд дар Тоҷикистон ҳам ногузир ба анҷоми корҳое даст мезананд, ки хоси мардон аст, аз ин хотир зуд мувозинатро аз даст медиҳанд, шикаста мешаванд, "месӯзанд".
Ихтисоси аввали Наргис Назарова иқтисодшинос аст ва ӯ дар гузашта дар ширкати таблиғотӣ кор карда, як соҳибкори муваффақ будааст. Мегӯяд, рӯзе дарк кард, ки аз ин вазъияташ розӣ нест ва тасмим гирифт ихтисоси равоншиносро азхуд кунад ва ҳоло хушбахт аз он аст, ки бо кору машваратҳои худ ба занони дигар кумак мекунад. Вай мегӯяд, мушкилот ҳеҷ гоҳ "кам ё нест намешавад, балки занон бояд муносибат ба қабули мушкилот ва тавони ҳал кардани онҳоро дошта бошанд".
Ба суоли инки оё худи ӯ хушбахт аст, гуфт, "назар ба чаҳор соли пеш, яъне шурӯи кор дар "Академияи занона" худро имрӯз хушбахттар эҳсос мекунам. Ман бо боварӣ мегӯям, ки дар роҳи хушбахтӣ қадам мезанам".
Мушкилоти хоси аксари занон
Журналисти номдор баъди таҷрибаи чандсолаи кор дар бахши тамринҳои гендерии СММ, мактаби равонпизишкиро хатм кард. Марям Давлатова, яке аз ҳамкорони барномаи "Алифбои шахсият" мегӯяд, борҳо дар амал дидааст, ки бо ҳарфи худ занони гуногунро ба ислоҳи шеваи зиндагиашон роҳнамоӣ кардааст. Гуфт, рӯзе дар Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) баъди мулоқот зани ҷавоне омад ва гирист. Ин зан гуфт, ки баъди марги шавҳар давоми се моҳ дар афсурдагии шадид буд ва ҳавсалаи муроқибат аз касе, бахсус аз фарзандонро надошт.
"Мавзӯи мо (дар барномаи телевизионӣ) мусибат буд ва (зан гуфт) "дар ин барнома шумо гуфтед, ҳар касе, ки мусибатро ба худ қабул мекунад, ин эгоизм аст, ин худхоҳӣ аст. Одам ба худаш ҳақ медиҳад, ки худро дар олами бадбахтӣ ғарқ кунад. Ин ҳарфҳои шумо мисли як сатил оби хунук буд ва ман дарк кардам, ки нисбат ба фарзандонам бераҳмӣ мекунам."
Марям Давлатова дар тӯли ин солҳо шинохти худро аз мушкилоти хоси аксар занони тоҷик дорад. Мегӯяд, бештари занҳо эҳсоси камбинӣ доранд ва арзиши инсонии худро намедонанд. "Чунин хислат ҳам дар оила ва ҳам мавқеи иҷтимоии занон таъсиргузор мешавад",-мегӯяд ӯ.
Мушкили иқтисодии занон
Мушкили дигари занон фаъол набудани онҳо аз назари иқтисодӣ аст, ки дар асл ба мудирияти оилавӣ ва танзими арзишҳои моддиву маънавии хонавода дар канори шавҳар таъсири манфӣ мерасонад. "Мо дар ҷаҳони сарватгароӣ, яъне олами сармоя зиндагӣ мекунем. Вале агар мо аз оила сар карда, донишҳои иқтисодӣ надошта бошем, мо дар ҷомеа инсонҳои муваффақро тарбия карда наметавонем. Ва ин ҳам мушкили занон аст".
Марям Давлатова, ки бо занони қишру гурӯҳҳои мухталиф ва дар кунҷу канори Тоҷикистон муошират мекунад, мегӯяд, ҳамеша аз занон даъват мекунад, ки дар зиндагӣ фаъол бошанд, чунки "дини Ислом ҳам бо фаъолии равониву иқтисодии занон ихтилофе надорад". Ӯ гуфт, "барои мо муҳим аст, ки мо аз Ислом чизҳои муҳимтарину нобашро аз хурофот ҷудо карда, истифода карда тавонем”.
Марям Давлатова гуфт, кору муоширати ӯ бо занон ӯро ба ин андеша водор кард, ки дар Тоҷикистон шумори занони мушовири равонӣ ва кӯмаккунанда дар ташаккули шахсият хеле зиёд лозим ҳастанд. "Орзуи ман таъсиси як маркази маърифати равонӣ аст, ки дар он мо ба равоншиносони ҷавони хатмкардаи донишгоҳҳо бо назардошти арзишҳои милливу фарҳангии худамон ба мардум хидмат карда тавонем".
Муассисаҳои кӯмаки равонӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон чандин гурӯҳу муассисаҳои кӯмаки равонӣ дар ташаккули шахсият амал мекунанд, ки бештаринашон аз ҷониби фаъолони ҷудогонаи ҷомеаи маданӣ таъсис шудаанд. Макони аслии кору намоиши онҳо пойтахт - шаҳри Душанбе аст ва танҳо бархе барои мулоқот бо муштариён ба манотиқи дуртар аз пойтахт сафар мекунанд.
Равонпизишкони ғарбӣ мегӯянд, фаъолияти мутахассисони ин соҳа бахусус дар даврони афсурдагии шадиди солҳои 1930-юми ИМА хеле муассир буд, чунки тавонистанд дар эҳёи маънавии ҷомеа корҳои зиёде анҷом диҳанд.