Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо бе медал монданд

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми Аврупо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 18-19-уми май дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, бе медал бармегарданд.

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми Аврупо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 18-19-уми май дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, бе медал бармегарданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург 306 варзишгар (193 мард ва 113 зан) аз 24 кишвар ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт гуштигир дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд: Давлаталӣ Назаралиев (60 кг), Садр Боев, Хушвахт Идиев, Кароматулло Ҳакимов (ҳарсе дар вазни 81кг), Муҳаммад Муродов, Исроил Раҳимов, Муҳаммадуллоҳ Лоиқов, (ҳарсе дар вазни 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг).

Вале ҳамаи паҳлавонони тоҷик аз рақибонашон шикаст хӯрда, натавонистанд, ки медал ба даст биёранд. Зимнан, соли гузашта низ варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар Оренбург бе медал монда буданд.

Имсол ҳам дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар Оренбург дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 32 медал (10 тилло, 8 нуқра ва 14 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Беларус бо касби 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ҷойи сеюмро азони худ карданд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар Оренбург дар соли 2019:

Мардон

60 кг
1. БЛИЕВ Аюб (Русия)
2. АБДУЛЛОЕВ Рамазон (Русия)
3. ДОЛГИХ Иван (Русия)
3. СВЕТКОВ Егор (Русия)

66 кг
1. ЧӮПОНОВ Мурод (Русия)
2. БАЗАНДАРАШВИЛИ Георгий (Гурҷистон)
3. БИКЕГДЕМБЕРЕЛ Мунхчулуун (Муғулистон)
3. ҚИРҒИЗБОЕВ Гумар (Қазоқистон)

73 кг
1. ЕЛБАКИЕВ Георги (Русия)
2. ХОҶАЛИЕВ Аюб (Русия)
3. БИБИНЯН Самвел (Русия)
3. ГАИНУЛЛИН Ангсарбеек (Қазоқистон)

81 кг
1. ФОТИЕВ Мурод (Озарбойҷон)
2. ТЕПКАЕВ Турпал (Русия)
3. СОБИРОВ Мусо (Узбекистон)
3. БЕРЛИН Павел (Русия)

90 кг
1. ШАМИЛОВ Гаджи (Русия)
2. ШМИДТ Тим (Олмон)
3. АЛЛАХВЕРДИЕВ Элдар (Русия)
3. ПЕТЕРСИЛКА Фалк (Олмон)

100 кг
1. ДОВГАН Дмитрий (Русия)
2.ПЛЕШАКОВ Виталий (Русия)
3. МАРГИЕВ Иброҳим (Русия)
3. КОКЕЗА Йосип (Хорватия)

+100 кг
1. ЮСУПОВ Алишер (Узбекистон)
2. ДИГУРОВ Алан (Русия)
3. ШАЛИМОВ Александр (Русия)
3. КУХАРЕНКА Яхор (Беларус)