Низоъҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба пардаи синамо мекӯчанд

Филмсозони Тоҷикистону Қирғизистон бо таҳияи як филми ҳунарии муштарак паём медиҳанд, ки мардуми ду кишвар аксаран қурбони иғво ва хушунате мешаванд, ки афроди сабуксар роҳандозӣ мекунанд,

Филми нав ва муштарак ду коргардон дорад. Яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Қирғизистон. Филмномaро тарафи тоҷик омода кардааст ва бахши умдаи сармоягузориро тарафи қирғиз. Вале коргардонҳо ва ҳунармандон худро ду тараф намешуморанд, балки аз як зовияи ягона ба воқеият менигаранд.

Искандар Усмонов, коргардони тоҷик ва муаллифи филмнома рӯзи 17 май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин дастаи ҳунарӣ нишон додани ҳолатҳои муноқишаву хархашаҳо дар деҳоти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки бо сабабҳои ночиз сар мезананд, бузург карда мешаванд ва пеш аз ҳама ба сокинони деҳоти ду тараф зарари ҷониву молӣ мерасонанд.

Тинчтик Иброҳимов, коргардони филм аз Қирғизистон дар суҳбати телефонӣ аз Бишкек ба Радиои Озодӣ гуфт, филмномаро ба як хондан писандида ва ба таҳияи он даст задааст. «Мавзуи ин филм барои мардуми Қирғизистону Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва матни он ба ман маъқул омаду тасмим гирифтам онро ҳамроҳ наворбардорӣ кунем."-- гуфт Иброҳимов ва афзуд масъалаи аслие, ки ҳоло дар пешоруи онҳост камбуди маблағ аст. «Мо ба Департаменти истеҳсоли филми Бишкек расман муроҷиат кардем, ки кумаки молӣ кунад ва бо пеш омадани имкони молӣ дар наздиктарин фурсат нахустин саҳнаҳои филмро дар Иссиқкул, ки манзараҳояш ба мавзеъҳои сарҳадӣ шабоҳат дорад, наворбардорӣ хоҳем кард».

Ин эҳтимол низ мавҷуд аст, ки қисмати дигари филм дар ҷойи воқеа, вилоятҳои Бодканд ва Суғди Тоҷикистон рӯйи навор ояд. Бозигарони филм аз миёни ҳунарпешагони тоҷик ва қирғиз интихоб шудаанд. Чунончӣ, нақши асосӣ -- пирмамардро дар он ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Раҷаб Ҳусейн ("Устураҳои зиндони Павиак", "Дар интизории баҳр" ва ғайра) хоҳад бозид.

Достони филм сода аст. Бино бар филмнома, «як муйсафед аз деҳаи марзии Гулистони Исфара баъди шунидани хушхабари таваллуд шудани наберааш мехоҳад, ба деҳаи «Қирмиз»-и тарафи Қирғизистон ояд, аммо ҳангоми убур аз пайроҳа аз тарафи ду марзбони қирғиз боздошт шуда, зери мили силоҳ мавриди пурсиш қарор мегирад. Дар айни пурсиши муйсафед ду сарҳадбони тоҷик низ меоянду мили автоматҳои худро ба сӯи муйсафед дошта, ӯро ҳамчун «ҷосус» суолборон мекунанд.

Муйсафед ба хурҷине, ки дар пушти хараш гузоштааст, даст бурда, туҳфаву хурданиҳоро берун меорад ва мегуяд, дар Қирмиз писараш, ки бо як духтари қирғиз издивоҷ намудааст, соҳиби писар шудааст ва ӯ барои дидани набераву табрики писар ва арусаш меравад.

Дар ҳолате, ки баҳси сарҳадбонони ҳарду тараф бо муйсафед шадид мешавад, миёни марзбонони ду тараф баҳси дигар мехезад, ки наздик ба тирандозӣ мешавад. Ҳарду тараф муйсафедро боздошт кардан мехоҳад. Ӯро ҳамчунин барои муҷозот ба тарафи Тоҷикистон бурданӣ мешаванд, аммо марзбонони қирғиз мехоҳанд, ӯро дар ихтиёри хеш гиранд.

Ҳамин вақт набераи калонии пирмард дар дасташ дунояк ё найчае барои гузоштан дар гаҳвора, ки навзод аз он пешоб хоҳад кард, давида меояд ва ба дасти бобояш дода, мегӯяд, ҳама чиро гирифтаасту инро фаромуш кардааст. Номи шартии филм низ дар ҳоли ҳозир ҳамин аст: "Ман чиро фаромуш кардаам?" Бино бар филмнома, лаҳза ба лаҳзаи он шиддат боло меравад ва фазоро пур мекунад.

Аммо пас аз чанде садои шайпуру карнай баланд мешавад ва хешовандони муйсафед, ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо савори мошин ҳозир шуда, бо оғоз кардани як базм сарҳадбонони тоҷику қирғизро ба рақс меоранд ва бо мусолиҳа баҳси гумону шубҳаҳо поён меёбад.

Ончӣ дар филм дида хоҳад шуд, ба рӯйдодҳои воқеӣ бастагӣ мегирад. Воқеияти марзӣ ин аст, ки мардуми тоҷик ва қирғизи ду сӯи сарҳад дар умум хостории зиндагии орому осуда ва пойдории сулҳу саботанд. Вале дар ҳолатҳои сар задани муноқишаву низоъҳои марзӣ бархе аз сокинон хабарҳову наворҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд, ки мардумро ба ҳалли мушкилот ба истифода аз зӯр даъват мекунанд ва ба оташи муноқиша рӯған мерезанд.

Аҳолии маҳалҳои наздимарзии ду кишвар дар Исфараву Бодканд ва Бобоҷон Ғафурову Лайлак аз солҳо ба ин тараф канори ҳам, дар як кӯча ё ду сӯи роҳ зиндагӣ доранд ва аз як ҷӯ об менӯшанду аз як роҳ ва чарогоҳ истифода мекунанд. Гоҳе сари истифода аз ин манобеъ байни сокинон муноқишаву низоъҳо сар мезанад, ки бао хунрезӣ низ поён меёбанд.

Охирин муноқиша шоми 22-юми апрел дар минтақаи марзии Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд рух дод ва ҷонибҳо якдигарро ба сар задани ин ҳодиса муттаҳам мекунанд. Дар муноқишаи рӯзҳои 13 -14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди тоҷик куштаву беш аз 20 кас маҷруҳ шуданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он, байни байни вилоятҳои Суғду Бодканд муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.