Ҳоло шабонарӯзи севум аст, ки аҳли ҷомеаи Қирғизистон ҷанҷоли марбут истеъфои раиси КДАМ Идрис Қодирқуловро баррасӣ мекунанд, ки ба унвонии президенти ин кишвар Сооронбой Жээнбеков 15 май навиштааст.
Амниятии № 1 таҳти фишори ҷомеа
Дар изҳороте, ки дафтари матбуоти КДАМ Қирғизистон аз номи Қодирқулов нашр намудааст, таъкид мешавад, ки ба далели вокуниши шадиди аҳли ҷомеа нисбат ба баррасии ғайримунсифонаи парвандаҳо аз тарафи ниҳодҳои КДАМ аз рӯйи хариди нусхаи шиносномаҳои биометрик аз сӯйи Хадамоти давлатии номнависии Ҷумхурии Қиргизистон ва муттаҳам кардани худи раиси КДАМ барои таъсиргузорӣ ба раванди кор, ӯ тасмим гирифт, ки истеъфо кунад.
Сарманшаи ҷанҷол
Истеъфои мансабдори воломақоми қирғиз дар пасманзари ҷанҷоли марбут ба шиносномаҳои электруник дар Қирғизистон, ки моҳи дувум аст давом мекунад, сурат гирифт.
Моҳи октябри соли 2018 Хадамоти давлатии номнависии Ҷумхурии Қиргизистон тендер барои хариди нусхаҳои шиносномаҳои насли нав бо маблағи 1,2 миллиард сомро эълон кард, ки дар он 5 ширкати хориҷӣ ширкат кард, ки яке аз онҳо маблағи ҳади ниҳоии 686 миллиону 772 ҳазору 250 сомро пешниҳод кард, вале ғолиб бар асоси қарори комиссияи ХДН ширкати дигар эътироф шуд – “Гарсу пасаулис”, ки 940 миллиону 150 ҳазор сом пешниҳод дода буд.
Ниҳодҳои вижаи Қирғизистон парванди ҷиноӣ бар асоси моддаи “Фасод” боз карда, бархе аз мансабдорони Хадамоти давлатии номнависии Ҷумхурии Қиргизистонро дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои хориҷии ғолиби тендер муттаҳам донистанд.
Дар натиҷа муовини раиси ХДН Русланбеков Сарибаев, котиби давлатии ин ниҳод Дониёр Бакчиев ва директори корхонаи давлатии “Инфоком” Талант Абдуллоев ба ҳабс гирифта шуданд. Раиси ХДН Алина Шоиқова аз мансаб барканор карда шуда буд.
Вале бар асоси маълумоти Хадамоти давлатии номнависи, муҳлати дархости озмунии ширкатҳои дар тендер иштирок карда 2 апрели соли 2019 ба охир расид, вале шартнома бо ғолиби озмун ҶСП «Гарсу пасаулис» (Литвониё) баста нашуд. “Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи хариди давлатӣ” агар муҳлати амали дархости озмунӣ гузашта бошад ва шартномаи басташуда набошад, озмун баргузорнашуда ҳисобида мешавад. Воридоти нусхаи шиносномаҳои биометрики насли нав сурат нагирифт, шартнома бо ҶСП “Гарсу пасаулис” баста нашуд, аз буҷаи кишвар ба ҶСП “Гарсу пасаулис” кадом пардохте сурат нагирифтааст, мутаносибаи ҳеч кадом хисороти иқтисодие сурат нагирифтааст”,- шарҳ додааст ин ниҳод.
Қасос барои рад кардан?
Баъдтар, раиси барканоршудаи ХДН Алина Шоиқова ҷузъиёти наверо изҳор дошт, ки гӯё раиси КДАМ ӯ ва мушовири раисҷумҳур Достон Доғоевро бо намояндагони ширкати суисии «КБА НотаСис С.А» дар яке аз тарабхонаҳои Бишкек муаррифӣ кардааст, то дар Қирғизистон имкони эҷоди пойгоҳи худии омода кардани санадҳои дорои моҳияти давлатиро баррасӣ кунанд.
Дар КДАМ Қирғизистон иттифоқ уфтодани чунин як вохӯриро таъйид кардаанд, вале гуфтаанд, ки он танҳо дар доираи манофеи давлат баргузор шудааст. Ба ҷуз ин, дар дафтари матуботи ин ниҳод гуфтаанд, ки “дар ин мулоқоти ғайрирасмӣ Доғоев ва Шоиқова баррасии масъалаи ташкили истеҳсоли худии санадаҳои дорои аҳамияти давлатиро рад кардаанд. Аз ин рӯ, гуфтаҳои Шоиқова дар бораи таъқиби Қодирқулов барои кадом як манфиати шахсӣ ба воқеият мутобиқат намекунанд”.
Пуштибони аҳли ҷомеа
Пас аз садо додани номи худи раиси мақомоти вижа дар ин парванда, баъдтар дархостҳо дар бораи он ки ин ҳолати кор ҳам омӯхта шавад садо додан гирифт. Фаъоли иҷтимоӣ Эдил Байсалов, таъкид кард, ки барои чунин дахолат бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад:
“Раиси КДАМ умуман набояд ба ташкили мулоқоти гайрирасмӣ сару кор бигирад. Бигзор бо аъзои ҳукумат ва ё раисони ниҳодҳои давлатӣ дар дафтари худ, расман мулоқот кунад. Ӯ ба андозаи кофӣ имконот дорад. Барои чӣ Қодирқулов Шоиқова ва Доғоевро ба гаронтарин тарабхонаҳо даъват мекунадва ба сифати миёнрав амал менамояд? Моҳи дувум аст, ки гуфта мешавад дар ҷанҷоли шиносномаҳо раиси ХДН манфиатдор буд ва гӯё кадом соле онҳо дар кадом конфронсе мулоқот карда, ҳамроҳ хӯрок хӯрдаанд. Агар ин ҷиноят бошад, пас Идрис Қодирқулов ҳам бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.
Нақши ҷомеа ва ё интригаҳо?
Денис Бердаков, сиёсатшиноси қирғиз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чанд сабаби эҳтимолии истеъфои раиси КДАМ-и Қирғизистонро зикр кард. Ба гуфтаи вай, далели қавитарин шояд вокуниши иҷтимоӣ ба изҳороти раиси ХДН нисбат ба раиси КДАМ буд, ки мумкин аст шахсони масъули ин идора ба раисҷумҳур фишор оварда бошанд, мебошад. “Ин ҳам эҳтимол дорад, ки раиси КДАМ бо таваҷҷуҳ ба он ки кор то куҷо мушкил шуда истодааст, тасмим гирифт, ки худро зери хатар қарор надиҳад. Ва фарзияи сеюм, ки ҳамчунин садо медиҳад ин аст, ки дар давраи кори ӯ мубориза бо фасод дар сатҳи зарурӣ пеш бурда нашуд”, - гуфт сиёсатшинос.
Бердаков ҳамчунин таъкид мекунад, ки ба раванди масъала метавонад интихоботи пешорӯйи парлумонӣ ҳам таъсир гузошта бошад, ки ба он нухбагони сиёсии Қирғизистон аз ҳоло омодагӣ мегиранд.
Дар посух ба суоли ин ки оё имкон дорад, чунин таҷрибаҳои сиёсии Қирғизистон истеъфои мансабдорон бар пайи вокунишҳои иҷтимоӣ рӯйи ҳамсояҳо таъсир бигузорад, ҳамсуҳбати мо гуфт, ки дар солҳои гузашта мардуми кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон аз ҳад беш ғайрисиёсӣ шудаанд, ки ба иттилои сиёсӣ зиёд таваҷҷуҳ намекунанд.