Баъд аз Ироқ ва Сурия. Чӣ гуна ба ҳаёти одӣ баргашт? ВИДЕО

Бозгашти 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Бозгашт ба зиндагии осоишта, мутобиқшавии кӯдакону калонсолон ба ҳаёти баъдиҷангӣ ва пок кардани зеҳни онҳо аз осори хушунату бадбинӣ – масоиле буд, ки рӯзи 16-уми май дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд.

Ин нахустин муҳокимаи бози мавзӯъ баъди дар чанд соли охир ба Тоҷикистон оварда шудани тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 94 тифли тоҷик аз қаламравҳои Ироқу Сурия мебошад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъд аз Ироқ ва Сурия. Чӣ гуна ба ҳаёти одӣ баргашт?

Низоъҳои мусаллаҳона дар Ховари Миёна ва дар қатори дигарон, ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастани наздик ба 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, чолиши наве барои кишвар шуд. Охири моҳи апрел ҳукумати Тоҷикистон якбора 84 тифли то 18-солаи тоҷикро аз Ироқ ба ватан баргардонд ва ҳоло дар назар аст, 43 модари ин атфолро, ки дар зиндонҳои Бағдод ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд, баргардонад.

Владимир Воронков

"Ин кӯдакону модарон ҷабрдидаи терроризм ҳастанд", -- мегӯяд Владимир Воронков, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид.

Ӯ рӯзи 16-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Душанбе гуфт, ташаббуси ба ватан баргардонидани онҳо кори дуруст аст ва Тоҷикистон бояд ҳоло корро дар самти таҳқиқи решаҳои ин мушкил идома диҳад. Воронков афзуд: “Нисбат ба занон бояд тадбирҳои иловагии тафтишотӣ анҷом шавад. Мо дарк мекунем, ки аксари занон қурбонӣ ҳастанд ва ғайри ихтиёри худ ба артиши террористӣ шомил шуданд. Бо ин вуҷуд, як қисми онҳо иҷрокунандаи бисёр ҳодисаҳои террористиву ҷиноятҳо мебошанд. Аввал бояд таҳқиқоти ҳамаҷониба баргузор шуда, баъдан ҷараёни ҳамоишёбии онҳо анҷом гирад.»

Ин мақоми СММ мегӯяд, бидуни ҳалли ин масоил намешавад терроризмро, ки ба гуфтааш, “як маризии хеле сангини идеологӣ аст”, муолиҷа кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон мехоҳад, 34 зани тоҷикро аз Сурия баргардонад

Дар навбати худ, мақомоти тоҷик ҳам мегӯянд, тадбирҳои оғозёфта барои бозгардондани шаҳрвандон аз Ховари Миёна танҳо оғози кор аст ва дар пеш кори зиёди дигар аст. Аз ҷумла, дипломатҳои сафорати Тоҷикистон дар Ироқ, ки дар бозгардондани атфол нақш бозидаанд, мегӯянд, бо ин кишвар бояд созишномаи истирдоди зиндониҳо имзо ва тасвиб шавад. Танҳо дар асоси ин санад имкони аз зиндонҳо берун овардани занони тоҷик вуҷуд дорад.

Шерхон Салимзода

Феълан таваҷҷӯҳи дигари мақомот ба самти Сурия нигаронида шудааст, ки дар бархе аз паноҳгоҳҳои муҳоҷирон ҳамсарону оилаҳои ҷангҷӯёни доишӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Воронков гуфт, синни аксари кӯдакон дар ин урдугоҳҳо то 14-сола аст ва ҳамаи онҳо дар ҳолати риққатборе қарор доранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо сабаби идомаи низоъҳо дар Сурия, ҷараёни анҷоми тамоми чораҳои омодагӣ барои шиносоиву интиқоли ниҳоии шаҳрвандон мушкил пеш меравад.

Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи давлат дар заминаи афви баргаштаҳо иваз нашудааст:

“Музокирот дар бораи бозгардондани модарони ин кӯдакҳо ҷараён дорад. Агар ҷинояти вазнине накарда бошанд, ҳатман бозгардонда мешаванд. То ҳол чанд зани тоҷик аз кишварҳои ҷангзада бозгардонида шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон дар қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки агар шаҳрвандони кишвар бо пушаймонӣ ба мақомот таслим шаванду дар гузашта ҷинояти вазнине содир накарда бошанд, афв мешаванд”.

Лола Олимова

Мушкили нав барои Тоҷикистон

Журналисти тоҷик Лола Олимова, яке аз коршиносони ширкатдори ин нишаст, ба паҳлӯи дигари масъала таваҷҷӯҳ кард. Ӯ баъди анҷоми нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, дар асл иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар бозгардондани шаҳрвадон ва ваъдаи афв ба онҳое, ки ҷиноят накардаанд, “хеле башардӯстона аст”.

Вале ба бовари ин журналисти тоҷик, “мутобиқшавии шаҳрвандони баргашта аз қаламравҳои ҷангӣ бояд бар асоси маъёрҳо ва муқарарроти байналмилалӣ сурат гирад. Ин ҷараён чандон соддаву осон нахоҳад буд.”

“Дар Тоҷикистон зеҳнияти занони моро дарк мекунанд ва ба фарқ аз кишварҳое ба мисли Ироқ, онҳоро муҷозот намекунанд. Вале айни замон, ман гуфтам, ки мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳоло барномаҳои махсуси мутобиқкунӣ ваё ҳамгироии ин гурӯҳи шаҳрвандон вуҷуд надорад. Бале, ин мушкили нав барои Тоҷикистон аст, вале ин як чолиш аст. Дар Тоҷикистон хадамоти равоншиносони дар ҳолати бӯҳронӣ амалкунанда вуҷуд надорад. Барои кӯдакону калонсолоне, ки аз минтақаҳои ҷангӣ бармегарданд, барномаҳои дерадикализатсия лозим аст. Пӯшида нест, ки бисёре аз онҳо дар майдонҳои ҷанг, хурдсол ҳам бошанд, дарси ҷанг гузаштаанд”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Бархе кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд, тоҷикиро намедонанд"

Конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” қарор аст рӯзи 17-уми май ҳам идома кунад. Ин бахши нишаст бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти баландпояи кишварҳои дигари ҳамсояву созмонҳои байналмилалӣ барпо мешавад.

Ашита Митал, намояндаи дафтари СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мегӯяд, то замоне ки терроризм “ғизо” дорад ва ин “ғизо” – даромад аз ҷиноятҳои фаромиллии сердаромади мисли қочоқи инсону қочоқи маводи мухаддир аст, мубориза бо он сахту сангин мешавад.

“Кишварҳои ҳамкор бояд барои мубориза бо манбаи пайдоиши сармояи терроризм иродаи сиёсӣ нишон диҳанд”, -- гуфт ӯ ва афзуд, “танҳо дар ин сурат мешавад муваффақ шуд”.