Билетҳои қалбакии ҳавопаймо даҳҳо мусофирро сарсон кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳафт рӯз боз тақрибан 80 нафар наметавонанд, аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба кишварҳои гуногун сафар кунанд. Мақомот гуфтанд, билети онҳо қалбакист. Сокинон мегӯянд, билетҳоро ба нархи аз якуним то дуним ҳазор сомонӣ харидаанд. Ҳоло онҳо мунтазири баррасии масъала аз тарафи мақомот ҳастанд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин робита ду нафар дастгир шудааст ва таҳқиқот идома дорад.