Fair Trials: "Қазияи Гадоев намунаи тарсноки сӯистифода аз Интерпол аст”

Шарофиддин Гадоев

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон боздошти Шарофиддин Гадоев, фаъоли мухолифини тоҷикро "намунаи тарсноки сӯистифода аз Интерпол" барои таъқиби паноҳҷӯён ва ҳамчунин хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ ва раҳбарони мухолифини сиёсӣ номидааст.

Созмони Fair Trials ё Муҳокимаҳои Одилона рӯзи 13-уми май бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дархости боздошт аз Интерполро барои таъқиби мухолифони худ истифода кардаанд. Fair Trials дар Лондон ва Брюсселу Вашингтон қароргоҳ дорад ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи паноҳҷӯён ва афроди дигарандеш, ки бегуноҳ таъқиб мешаванд, ёрӣ мерасонад.

Мақомоти Тоҷикистон таъқиби мухолифони сиёсиро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин афрод барои ҷиноятҳое, ки содир кардаанд, таъқиб мешаванд ва дархост аз Интерпол ҳам дар ин замина сурат мегирад.

Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, соли 2012 кишварро тарк карда, феълан дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад ва дар онҷо санади паноҳандагӣ гирифтааст.

Ӯ моҳи феврали имсол, ҳангоми сафараш ба Маскав аз тарафи маъмурони амниятии Русия дастгир ва зӯран ба Тоҷикистон бурда шуд. Созмони Fair Trials мегӯяд, "дар мавриди Гадоев, Тоҷикистон ба таври возеҳ сиёсати Интерполро дар бораи паноҳҷӯён нақз кардааст."

"Ҳангоми интиқол ва боздошт ба ин фаъоли 33-солаи мухолифин бадрафторӣ кардаанд. Дар Маскав маъмурони амниятии Русия Гадоевро ба мошин шинонда, сарашро бо халта пӯшондаанд ва даҳонашро бастаанд. Ӯро пеш аз савор кардан ба ҳавопаймои Душанбе латту кӯб намудаанд", -- омадааст дар баёнияи созмони Fair Trials.

Гадоев иддао мекунад, ки мақомоти тоҷик низ ӯро дар дохили ҳавопаймо таҳдид карда ва задаанд. Созмони Fair Trials мегӯяд, Гадоевро аввал ба як шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва сипас тавассути мақомоти амниятӣ ба як ҷойи номаълум бурда шудааст.

"Қазияи Гадоев дигарбора поймоли густардаи ҳуқуқи инсон ва маҳдудтар шудани фазо барои фаъолияти мухолифин ва ҷомеаи маданиро дар Тоҷикистон бармало кард. Бисёре аз фаъолони мухолифин ҳанӯз ҳам паси панҷара мемонанд, вале ба шарофати фишорҳои байналмилалӣ, кишварҳои хориҷӣ ва фаъолони ҳуқуқи инсон, мақомоти Тоҷикистон Гадоевро раҳо карданд ва ӯ рӯзи 2 март амн ба Ҳолланд баргашт", -- гуфтаанд масъулони созмон.

Дар хориҷи Тоҷикистон, асосан дар кишварҳои аврупоӣ даҳҳо тоҷикистониёне зиндагӣ мекунанд, ки мегӯянд, дар паи саркӯб шудани мухолифон ва маҳдуд шудани фазои сиёсӣ дар кишвар дар ин давлатҳо паноҳанда шудаанд.

Дар миёни онҳо аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24”, журналистон, вакилони дифоъ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки баъди интихоботи президентии соли 2013 фазои сиёсии Тоҷикистон маҳдуд шуд ва дар интихоботи парлумонии ду сол баъдаш ҳеҷ як ҳизби мухолифи ҳукумат ба узвияти маҷлис роҳ наёфт.