Дар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шумурдаанд, ки “дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон назар ба бемориҳои сироятӣ одамон бештар мемиранд”. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар тақрибан ду соли охир аз садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта, беш аз ду ҳазор каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷавоби ин суолро мепурсанд, ки чигуна мешавад омори маргу мир дар роҳҳоро кам кард? Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бояд қоидаи ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, чи ронандаҳо ва чи пиёдагардон.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аксар садамаҳои нақлиётӣ бо айби пиёдагардон, суръати баланди мошин, сабқат ва рӯёрӯӣ рух медиҳад. Мақомот мегӯянд, камтар аз як дарсади садамаҳои нақлиётӣ дар ҳолати мастии ронандагон рух ба вуқуъ мепайвандад.
Сокинони пойтахти Тоҷикистон дар умум бо ин баҳогузорӣ розиянд ва эътироф мекунанд, ки нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ “кори маъмулӣ шудааст”.
Яке аз роҳгузарон дар Душанбе шикоят кард, ки “ронандаҳо имкон намедиҳанд, аз роҳ гузарем.” Яке аз ронандаҳо мегӯяд, кӯшиш мекунад, ба пиёдагардон роҳ диҳад, вале вақту ҷойи убури онҳоро дақиқ намедонад. “Бояд хеле ҳушёр бошӣ. Онҳо аз ҳар ҷое, ки барои худашон маъқул аст, мегузаранд, на аз он ҷое, ки барои убури пиёдагардон муайян шудааст”, -- афзуд ӯ.
Ҳафтаи гузашта як вакили порлумони Тоҷикистон барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор дар роҳҳои кишвар пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд. Ҷамшед Муртазозода гуфт, пас аз як пажӯҳиш дар мавзӯи амнияти роҳҳо ба ин хулоса расидааст. Пешниҳоде, ки ба бовари ронандаҳо мушкили онҳоро бештар намуда, ба фасод роҳ мекушояд.
Муртазозода 7 май дар нишасте бахшида ба ҳафтаи бехатарии ҳаракат дар роҳ гуфт, ҷарима барои набастани тасмаи бехатарӣ ва надоштани курсии кӯдакона дар мошин боло бурда шавад. Ҳоло барои набастани тасмаи бехатарӣ 55 сомонӣ ва барои дар ранги сурхи чароғаки роҳ гузаштан то 275 сомонӣ ҷарима муқаррар кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вакили порлумони Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз садамаҳои маргбор ҳамчунин пешниҳод кард, синни иҷоза барои ронандагиро боло баранд васуръати ҳаракати мошинро аз 60 ба 50 километр соат поин оваранд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, бо афзоиши ҷарима намешавад мушкилро ҳал кард. Ва ҳамчунин таъкид мекунанд, ки дар навбати аввал бояд татбиқи қонун барои ҳама яксон бошад ва мақомдорону аъзои хонаводаи онҳо ҳангоми нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беҷазо намонанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, “баъзе одамон ҷаримаҳои калон месупоранд ва ҷазои сахт мегиранд, вале баъзеи дигар осон аз банди қонун раҳо мешаванд ва ба беназмӣ идома медиҳанд.”