Сомон Маҳмадбеков рӯзи шанбеи 11-уми май дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз гуштигири муғул Батболд Булган шикаст хӯрд.
Комроншоҳи Устопириён бошад, имрӯз, 12-уми май, ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Ӯ нахустин қувваозмоиро дар вазни зери 90 кило ба Саид Эмӣ Жамбекови русиягӣ бохт. Ҳамин тариқ, ҳарду варзишгари тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуданд.
Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2019” 431 варзишгар (256 мард ва 175 зан) аз 56 кишвар ширкат дорад. Рақобатҳо аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир гардид.
Тоҷикистонро дар “Baku Grand Slam 2019” ду гуштигир - Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ карданд.
Рӯзи ҷумъаи 10-уми май занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – вориди рақобатҳо шуданд. Рӯзи шанбеи 11-уми май барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум гардиданд. Мусобиқа шоми имрӯз, 12-уми май, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.
Зимнан, “Baku Grand Slam” ё «Тоскӯлоҳи бузург» дар Боку, ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ ба даст биёранд.
Дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило бо 924 имтиёз дар ҷойи 14-ум ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило бо 622 имтиёз дар ҷои 29-ум қарор доранд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи “Baku Grand Slam 2019” ба ҷуз аз медалу имтиёзҳои олимпӣ, ҷоизаи молӣ супурда мешавад. Барои ҷойи 1-ум 5000 доллар, ҷойи 2-юм - 3000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1500-долларӣ муқаррар шудааст.