На пои рафтан, на ҷои мондан. Солҳо талош барои шаҳрвандии Тоҷикистон. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як паноҳандаи афғон мегӯяд, беш аз бист сол боз дар талоши гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон аст, то хонаводааш аз ҳаққи пурраи кору таҳсил бархурдор шаванд. Вале то ба ҳол ин санадро ба даст наовардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Нафиса Абдулҳакими 44-сола дар ин бора расман муроҷиат накардааст.

Нафиса Абдулҳаким соли 1998 дар пайи ҳамлаи Толибон ба шаҳри Мазори Шариф, бо ҳамсар ва чанде аз ҳамшаҳриёнаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овард ва дигар ба кишвари худ барнагашт. Ӯ дар ноҳияи Ваҳдат, бисткилометрии шаҳри Душанбе, зиндагӣ мекунад.

"Бо заврақ аз дарёи Панҷ гузашта, аввал вориди ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон шудем. Он вақт як кӯдак доштам. Дар тӯли зиндагиам дар Тоҷикистон се тифли дигар ба дунё овардам. Онҳо низ шаҳрвандии ин кишварро гирифта наметавонанд, то дар донишгоҳҳо бихонанд ва соҳиби кор шаванд", -- нақл кард ӯ рӯзи 11 май ба Радиои Озодӣ.

Нафиса Абдулҳаким нисфи умри худро дар Тоҷикистон гузарондааст ва мегӯяд, "аз зиндагӣ дар кишвар розӣ аст", аммо аз тақдири фарзандонаш нигарон аст, ки надоштани шиносномаи тоҷикӣ "монеи кору таҳсили онҳо шудааст".

Ӯ гуфт: "Мо ҳамаи он имкониятҳое, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дорад, надорем. Мехоҳам, ки фарзандонам дар мактабҳои тоҷикӣ ва русӣ хонанд. Борҳо ба Вазорати маориф муроҷиат кардем. Гуфтанд, ки намешавад. Як духтару як писарам ягона мактаби афғонӣ дар Душанберо то охир нахонданд. Гуфтанд, мо ҳаққи кору идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро надорем ва вақтро зоеъ намекунем. Ҳоло писарам устои таъмири мошинҳо ва духтарам бекор аст."

Ин хонавода "шаҳодатномаи гуреза"-ро дорад ва аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки барояшон ҳаққи шаҳрвандӣ бидиҳанд, то ба зиндагии худ дар кишвар идома диҳанд. Онҳо бо таваҷҷуҳ ба бесуботӣ дар Афғонистон аз бозгашт ба ватани худ меҳаросанд.

Нигарониҳои ин зан аз дарёфт накардани мақоми шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қонунгузории кишвар барои хориҷиён чунин имконият додааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, гуфт, Тоҷикистон таҷрибаи додани шаҳрвандӣ ба хориҷиёнро дорад ва афроде ба мисли Нафиса метавонанд барои дарёфти шаҳрвандӣ худро дар Хадамоти шиносномадиҳӣ сабтином кунанд.

"Намешавад, ки бо пешниҳоди як корт зуд шиносномаро ба даст биёрӣ. Расман муроҷиат кунанд. Сабтином мешаванд ва бояд мунтазири ҷавоби расмӣ бошанд. Баъди сабтином шудан, Хадамот ба ҳукумат пешниҳод мекунад ва додани шаҳрвандӣ дар салоҳияти ҳукумат аст", -- шарҳ дод ӯ.

Созмони “Инсон ва адолат” дар Тоҷикистон аз гурезаҳо дар кишвар ҳимоят мекунад. Дар ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар сурати муроҷиати Нафиса Абдулҳаким, метавонанд дар таҳияи санадҳо барои дарёфти шаҳрвандӣ кумак намоянд.

Дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ ҳудуди 3 ҳазор паноҳҷӯ зиндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Эрону Ироқ ва Украинаву Узбекистон ҳам ҳастанд. Дар ин миён бештарини онҳо, зиёда аз 2 ҳазору 600 нафар аз Афғонистон ҳастанд, ки аз ҷангу хунрезӣ гурехта, ба Тоҷикистон омадаанд. Бо вуҷуди солҳо зиндагӣ дар Тоҷикистон бисёре аз онҳо мақоми шаҳрвандӣ нагирифтаанд ва ба гуфтаи худашон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз афроди огоҳ мегӯянд, баъзе аз ин паноҳҷӯён солҳо боз талош доранд, ки тавассути Созмони Милал ба кишвари севум ва асосан ба Аврупову Канада бираванд. "Аз сабаби онки навбат тӯлонист ва имкони дар як вақт баррасӣ кардани санадҳо ва фиристодани онҳо ба кишвари севум вуҷуд надорад, мунтазир мондаанд. Агар баъзеашон мехоҳанд, Тоҷикистонро ватани худ бипазиранд, баъзеи дигар баҳона мекунанд, ки ин кишвар солҳо боз шаҳрвандӣ намедиҳад ва онҳо бояд ба кишвари севум интиқол ёбанд", -- гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Тоҷикистон, ки бузургтарин мизбони паноҳҷӯён дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, тарҳи қонуни афви хориҷиён ва афродеро таҳия кардааст, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд. Қаблан як мақоми расмии огоҳ аз ин санад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, тарҳ комилан омода аст ва “ҳоло дар вазорату идораҳо мувофиқа мешавад.”

Ҳадафи ин санад, қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён ва ҳам афроди бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки дар зиндагии рӯзмарраашон ба мушкилоти зиёдӣ ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.