Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки 9-уми май дар қароргоҳи Конфедератсиони футболи Осиё – Куала-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни наврасони зери 16-сола дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун баргузор мешавад.
Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни наврасони зери 16-сола 47 даста ширкат меварзад, ки тибқи қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ бошад, 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
Макони баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни наврасони зери 16-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони қаҳрамонии Осиё-2020 миёни наврасони зери 16-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Натоиҷи қуръакашии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Урдун (мизбон), Непал, Шри-Ланка, Кувайт.
Гурӯҳи «В»: Ҳиндустон, Узбекистон (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон.
Гурӯҳи «С»: Эрон (мизбон), Афғонистон, Фаластин, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Умон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Сурия, Покистон.
Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш, Қатар (мизбон), Бутан.
Гурӯҳи «F»: Ироқ, Қирғизистон (мизбон), Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Индонезия (мизбон), Чин, Бруней, Филиппин, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Ветнам (мизбон), Тимори Шарқӣ, Муғулистон, Макао.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Сингапур (мизбон), Гуам.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Малайзия, Камбоҷа, Лаос (мизбон).
Гурӯҳи «К»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Мянмар (мизбон), Тайбэйи Чин.