Беш аз бист сол талош барои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як паноҳандаи афғон мегӯяд, беш аз бист сол боз дар талоши гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон аст, то хонаводааш аз ҳаққи пурраи кору таҳсил бархурдор шаванд. Вале то ба ҳол ин санадро ба даст наовардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Нафиса Абдулҳакими 44-сола дар ин бора расман муроҷиат накардааст.