Отақул Бӯстонов - ширкатдори 107-солаи ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Отақул Бӯстонов 107 сол дорад. Вақте ҷанги дуюми ҷаҳон шурӯъ шуд, ӯ 19 сол дошт. Ӯ охирин иштирокчии муҳорибаи машҳури Сталинград дар Тоҷикистон мебошад. Саргузаштҳои ӯро дар солҳои 1940-ум ҳамакнун фарзандонаш нақл мекунанд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар шумули он сарбозоне будааст, ки дар муҳорибаи Рейхстаг дар Берлин соли 1945 иштирок карда баъди ғалаба бар фашизми нозӣ ба ватан баргашт.
То имрӯз аз ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Русия барои ин хидматҳояш ситоиш мешавад. Рӯзи 8 маи соли 2019 ба табрики Бӯстонов шогирдони мактаб рафта буданд.