Ҳавопаймоҳои Афғонистон ба Ҳинду Чин аз фазои Тоҷикистон роҳ меҷӯянд

Афғонистон пас аз масдуд шудани масири парвозҳояш тариқи фазои Покистон ба Ҳинду Чин, ҳоло ба осмони Тоҷикистон рӯ оварда ва аз ин роҳ мехоҳад мусофиронашро ба ин кишварҳо бирасонад.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон бо имзои як тавофуқнома ба ин натиҷа расиданд. Намояндаҳои Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯянд, ки қабл аз иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои Афғонистон, бояд ин масъаларо бо мақомоти Пекину Деҳлӣ ҳаллу фасл намоянд.

Аҳмад Ямо Аймоқ, атташеи транспорти сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки охири ҳафтаи гузашта мақомоти зиддахли Кобулу Душанбе рӯи эҷоди роҳҳои нави ҳавоӣ ва убур аз фазои Тоҷикистон ба самти Ҳинду Чин, ба тафовуқ расиданд.

Бинои вазорати нақлиётӣ Тоҷикистон.

Вай гуфт, ки пас аз даргириҳои моҳи феврал дар минтақаи Кашмир миёни Ҳинду Покистон, Исломобод ҳарими ҳавоии худро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои Афғонистон ба Чину Ҳинд баст кард ва мақомоти ҳавонавардии кишвараш дар пайи роҳҳои дигар шуданд.

Вазорати нақлиёти Афғонистон ҳам хабар дод, ки ҳафтаи гузашта Муҳаммадқасим Вафозода, раиси умумии ҳавонавардии мулкӣ ва Ғуломмаъсум Маъсумӣ, сарпарасти раёсати хадамоти траффики ҳавоии он кишвар бо масъулони Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва ширкати "Тоҷик эйр", ҷудогона мулоқот кардаанд.

Ба иттилои вазорати нақлиёти Афғонистон, дар дидор ду тараф дар мавриди эҷоди масирҳои нав барои анҷоми парвозҳои убурӣ аз Афғонистон ба Чинд ва Ҳинд гуфтугӯ ва тавофуқ карданд. Тибқи хабарномаи вазорати нақлиёти Афғонистон, мақомоти Душанбе ва Кобул ба манзури эҷоди ин масирҳо ва тақвияти зарфиятҳои трафики ҳавоии ду кишвар барои анҷоми парвозҳои убурӣ, як ёддошти тафоҳум низ имзо кардаанд.

"Иҷозаи Чину Ҳинд зарур аст"

Аммо як намояндаи Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон бидуни овардани номаш гуфт, пас аз имзои тавофуқнома мақомоти Тоҷикистон ҳоло бо Идораҳои ҳавонавардии Чину Ҳинд музокира пеш мебарад, то мавқеи онҳоро дар робита ба парвозҳои мусофирбари Афғонистон тариқи фазои Тоҷикистон ба ин кишварҳоро мушаххас кунад.

Манбаъ гуфт, танҳо баъди иҷозаи тарафи Ҳинду Чин ба парвозҳои Кобул аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати мувофиқа, ҳавопаймоҳо аз Кобул ба самти вилояти Бадахшони он кишвар ҳаракат намуда, вориди фазои вилояти Бадахшони Тоҷикистон мешаванд ва баъд ба Чину сипас ба сӯи Ҳинд ҳаракат хоҳад кард.

Аҳмад Ямо Аймоқ, Атташеи транспорти сафорати Афғонистон мегӯяд, аз Кобул ба Урумчии Чин дар ҳафтае як маротиба ҳавопаймои мусофирбар парвоз мекунад, вале ба самти Ҳинд ҳамарӯза то ду парвоз сурат мегирад.

Вай афзуд, талаби шаҳрвандон барои сафар ба Ҳинд водор намуд, ки Идораи ҳавонавардии Афғонистон пас аз масдуд шудани ҳарими ҳавоии Покистон, ба суроғи Тоҷикистон биояд.

Мушкили парвозҳо пас аз таниш дар Кашмир

Чаҳор моҳ қабл бинобар таниш миёни Ҳинд ва Покистон, убуру мурури ҳавопаймоҳои кишварҳои дигар аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон коҳиш ёфта буд.

Масъулони Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки "бинобар маҳкам шудани фазо хатсайрҳое, ки аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон убур мекарданд, равуо барои як муҳлати муайян кам шуд".

Он замон масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буданд, ин хатсайрҳо имкон дорад, масири ҳаракаташонро иваз кунанд. Тавре ин масъули вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ҳавопаймоҳои Русия, Олмон ва кишварҳои дигар аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ба ҷануб-шарқи Осиё парвоз мекунанд.

Расонаҳои Русия он замон ҳам навиштанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дастур гирифтаанд, ки ҳангоми тарҳрезии парвозҳо, масъалаи бастан будани ҳарими ҳавоии Афғонистону Покистон ва Ҳиндро ба эътибор гиранд.

Дар пайи танишҳо байни Исломобод ва Деҳлӣ, Покистон рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми феврал эълон кард, ки ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳама ҳавопаймоҳои низомӣ ва ғайринизомӣ бастааст.

Созмони ҳавонавардии Покистон ба ҳама ширкатҳои ҳавоӣ хабар дод, ки ба таври муваққат ҳамаи парвозҳои худро дар Покистон лағв кунанд. Аз он замон то ба ҳол ҳавопаймоҳои Афғонистон низ иҷозат надоранд аз фазои Покистон ба Ҳинд парвозҳо анҷом диҳанд.

Мақомоти Афғонистон дар пайи ин ҳодиса талош карданд, ки парвозҳо ба Ҳиндро тариқи фазои Эрон аз сар бигиранд. Аммо ин масир ба ҷои 2 соат парвоз фазои Покистон, 5 соатро дар бар мегирад ва хароҷоти он бештар мебошад.