Гулбаҳор Усмонова гуфт, ба арӯси оила таъкид кардааст, ки кӯдакро бо шири модар бузург кунад. "Ба мо ҳам мегуфтанд, ки агар кӯдакро бо шири модар калон кунед, устухонаш сахт шуда, зиёд бемор намешавад. Аз таҷрибаи худам мегӯям, фарзанде, ки бо шири модар калон мешавад, бисёр боқувват ва камтар мариз мешавад", -- шарҳ дод ӯ.
Усмонова ин донишҳоро аз модару модаркалонҳояш гирифтааст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам мегӯяд, ки дар Тоҷикистон одати шир додани модарон ба кӯдакон маъмул аст ва 73 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар таҳқиқоти вижаи созмон Тоҷикистон дар миёни беш аз 40 кишвар аз назари тавсеаи фарҳанги додани шири модар ба фарзанд дар ҷойи аввал қарор дорад. Гузориш рӯзи 2 май нашр шуд. Дар он Туркманистон (57%), Қазоқистон (51%) ва Гурҷистон (35%) ҷой гирифтаанд. Дар ин кишварҳо занҳо одат доштаанд, ки ба навзодон аз шаш моҳ бештар шир диҳанд.
Шералӣ Раҳматуллоев, як масъули раёсати модару кӯдак дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, дар Тоҷикистон маъмулан модарон то 2-солагӣ ба кӯдакон шир медиҳанд. Ба қавли ин мақом, то 2-солагӣ додани шири модар ба навзод “ҳам тавсияи созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳам дини Ислом аст”.
Раҳматуллоев гуфт, дар “Қуръони шариф ҳам тавсия дода шудааст, ки модар ба кӯдак то 2-солагӣ шир бидиҳад”.
Вале асли матлаби пажӯҳишгарони Созмони ҷаҳонии беҳдошт на ин, балки кишварҳое будааст, ки дар онҳо мизони шир додани модарон ба навзодҳо шадидан дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Бо ин ки дар саросари ҷаҳон 77 дар сади кӯдакон бо шири модар бузург шудаанд, дар баъзе кишварҳо шумори зиёди навзодҳо аз ин имконият комилан маҳрум будаанд.
Мизони афзоиши ин раванд дар кишварҳои ғарбӣ мушоҳида шудааст. Масалан, дар Ирландия – 46%, дар Фаронса – 38% ва дар Малта 35 дарсади навзодҳо ҳеҷ гоҳ шири модарро истеъмол накардаанд. Пажӯҳишгарон, ки аз ин падида изҳори нигаронӣ мекунанд, дар хулосаҳои худ иртиботи мустақими маҳрум будани кӯдак аз шири модар ва фарбеҳӣ дар хурдсолиро собит кардаанд.
Пажӯҳиши бо номи “Ташаббуси назорат аз фарбеҳӣ дар кӯдакӣ” давоми даҳ соли охир ва дар миёни кӯдакони аз 6 то 9-солаи сокини беш аз 40 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст.
Таҳқиқот мегӯяд, сабаби нодида гирифтани машваратҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ин аст, ки “дар ин кишварҳо сиёсати ташвиқи шири модар суст буда, камбуди мутахассисони ёрирасон ба модарҳои ҷавон, рушди босуръати бозори ширу ғизои сунъӣ ва мушкилоти марбут ба қонунисозии ҳимояти модарон мушоҳида мешавад”.
Мушкили дигари тамдиди мӯҳлати шир додан ба навзод заминаҳои иқтисодӣ дорад. Нодира, як модари ҷавоне аз Душанбе мегӯяд, азбаски ӯву ҳамсараш даромади собит ва хуб надоранд, тасмим ин шуд, ки баъди шаш моҳи таваллуди фарзанди аввал тифлро ба тарбияи модаркалон гузошта, худи Нодира дубора сари кор баргардад.
Дар ин ҳолат, гуфт ӯ, ба сахтӣ тавонист то 8 моҳ фарзандашро шир диҳад. Нодира афзуд, рӯзҳое, ки маҷбур шуд аз сина додани писараш гузарад, “хеле сахту дарднок буд”, кӯдак ҳам бемор шуд, худи ӯ ҳам муддате таб карду муолиҷа гирифт, вале “илоҷи дигар надошт”. Билохира тифл ба ғизои сунъӣ гузашт ва модар ба ҷои кори худ бо маоши 200 доллар баргашт.
Бенте Миккелсен, як масъули Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар натиҷагири таҳқиқот гуфт, “ҳар қадар, ки кӯдак тӯлонитар шири модар истеъмол кунад, ҳамон қадар бештар аз фарбеҳшавӣ эмин мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар талошҳои мо барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ хеле мусоидат мекунад. Ҳар иқдом дар баробари фарбеҳӣ на танҳо дар вазъи сиҳатии кӯдакон, балки барои низоми куллии беҳдоштии кишварҳо фоида дорад”.
Табибон мегӯянд, мушкили вазни зиёд ва фарбеҳӣ боис ба эҷоди бемориҳои дил мешавад. Аз миёни 13,7 миллион кӯдаки сокини 21 кишвар - 400 ҳазор нафар дучори бисёрвазнӣ будаанд ва аксари онҳо сокини Аврупо мебошанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт машварат медиҳад, ки ҳар навзод дар 6 моҳи аввали зиндагӣ ҳатман шири модар истеъмол кунад ва баъди ин бо иловаи ғизоҳои муносиб барои навзодҳо, то дусолагӣ ва ҳатто бештар аз он ҳам додани шири модар идома ёбад. Дар ин сурат тавони муқовимати организми кӯдак, аз ҷумла дар баробари хатарҳои мисли фарбеҳӣ, бештар мешавад.
Таҳқиқоти ситоишкунанда аз вазъи атфоли ширхор дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки мутахассисони байналмилалӣ дар гузашта нишондодҳои рушди атфоли тоҷикро дар синни мактабхонӣ мавриди интиқод қарор додаанд. Аз ҷумла, соли 2015 як таҳқиқоти тиббӣ ва демографӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни беш аз 1 миллион кӯдак дар кишвар, 300 ҳазор нафарашон кӯтоҳқаданд ва як сабаби асосии он, истеъмоли ғизои номуносиб ва камвитамин аст.
Он замон Созмони ҷаҳонии озуқа дастурамалеро ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба гуфтаи муаллифонаш, бо назардошти хӯроки солиму муфид барои як наврас таҳия шудааст ва бояд бар асоси он дар мактабҳои Тоҷикистон хӯрокҳои серғизову сервитамин таҳия шавад.