Мураббии боғча ба кӯдак: Бибӯс заминро, бадбахт! ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Мудири боғчаи бачагонаи "Звёздочка" дар Краснодар, ки кӯдакеро маҷбур кард, зону занад ва заминро бӯсад, аз кор меронанд. Дар ин бора нашрияи "Кубанские новости" ба нақл аз мудири шӯъбаи маорифи ин шаҳр Алексей Некрасов хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, шӯъбаи маориф аз ҳама гуна айбномаҳои волидони кӯдак ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ зидлди ин мураббӣ ҳимоят хоҳад кард. «Мудир рафтори зишт кард. Кӯдакро таҳқир кард ва ба ӯ на танҳо фишори равонӣ, балки ҷимонӣ овард. Ба ғайр аз ин, вай амалан ҳамаи бачаҳои дигарро таҳқир кардааст", – гуфт мансабдор.

Рӯзи 1 май дар шабакаи YouTube навори видеоие паҳн шуд, ки дар он мудири боғчаи бачагона кӯдакеро ба зону менишонад ва сари ӯро ба замин пахш карда, ӯро маҷбур мекунад, ки заминро бибӯсад. Вай гӯё ин корро ҳамчун ҷазо зидди он мекунад, ки гӯё писарак гуфтааст, Русияро дӯст намедорад. “Ба зону, бадбахт! Бибӯс заминеро, ки туро мехӯронад ва менушонад", – фарёд мезанад мураббӣ. Вай ҳамчунин бачаҳои дигарро «махлуқ» меномад, ки гӯё чӣ будани ватандӯстиро намедонанд ва ин, ба гуфтаи ӯ, натиҷаи тарбияи нодурусти маънавии кӯдакон аз тарафи муарббиёни дигар аст.

Дертар мудири боғчаи бачагонаи "Звёздочка" дар ҳимоят аз кирдори хеш гуфтааст, ин як «кӯдаки душвортарбия» буд ва гӯё гуфтааст, ки ба Русия «нафрат дорад». Дар бархе аз хабарҳо ин кӯдак «навомада» номида шудааст.

Пулис ҷузъиёти воқеаро месанҷад. Вакили Думаи давлатии Русия аз минтақаи Краснодар Светлана Бессараб дар ин робита ба додситонӣ муроҷиат кард ва рафтори муррабиро ваҳшонияти асримиёнагӣ номид. Ҳамчунин Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар ин минтақа Татяна Ковалева таҳқиқи хидматии воқеаро оғоз кардааст.

Моҳи феврали соли 2018 дар шаҳи Михайловкаи вилояти Волгоград як маъракаи ватанхоҳона созмон дода, дар он тарбиятгирандагони боғчаи бачагонро ба зону шинонданд ва аз сафи онҳо рақами "75"-ро сохтанд, ки ба ақидаи созмондиҳандагон рамзи солгарди пиирӯзии артиши шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград буд.