Манъ шудани хонасозӣ аз лой ва хишти хом дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз сокинон талаб мекунанд, ки манзили зисти худро аз гил ё хишти лойин бунёд накунанд. Сокинон мегӯянд, барои сохтани хона аз хишти пухта сармояи кофӣ надоранд.
  • Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, гил ва хишти лойин ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ расман эътироф нашудаанд ва ба талаботи бехатарии зидди зилзила ва селу ярч ҷавобгӯ нестанд.
Яксола пули аз Русия овардаам танҳо барои регу сементи пойдевори хона ва бомаш мерасад. Агар барои деворҳо хишти пухта харам, барои бом пул намемонад

Аввал иҷозаи мақомот, баъд сохтмони хона

Азизбек Ниёззода, сардори раёсати илм ва танзими меъёрҳои бинокории Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми додани иҷозати сохтмон, меъморон ин намуди масолеҳро тавсия намедиҳанд. Аммо дар баъзе маҳалҳо одамон худсарона бо истифода аз лой девор мекунанд, ки ба талаботи бехатарӣ, аз қабили зилзила ва сел ҷавобгӯ нест",-гуфт Ниёззода.

Акнун дар Тоҷикистон нафароне, ки соҳиби порчаи замин шудаанд, пеш аз оғози сохтмони бино бояд иҷозаи сармеъмори мақомоти маҳалли зисти худро гиранд.

Мақомот мегӯянд, меъмор замоне ба оғози корҳои сохтмонӣ иҷозат медиҳад, ки шаҳрванд лоиҳаи тасдиқшудаи хонаи ояндаашро бо ҳама масолеҳи сохтмон ва ҳамчунон меъёрҳои бехатарӣ ба ӯ пешниҳод кунад. Танҳо дар ҳамин сурат меъмор иҷозаи оғози сохтмонро ба сокинон метавонад бидиҳад.

Аз тарҳи хона то нархи маҳсулот

Ниёззода мегӯяд, агар бино аз 3 ошёна ва ё аз 300 метри мураббаъ зиёд бошад, молики он уҳдадор аст, ҳама ҷузъиёти тарҳи хона, номгӯи масолеҳе, ки аз он сохта мешавад ва нархномаи онро бо мақомот мувофиқа кунад. Чун хишти хом расман эътироф нашудааст, табъан чунин бино низ наметавонад аз он бунёд шавад.

Ҳамсуҳбати мо эътироф кард, ки сокинон дар минтақаҳои кишвар худсарона бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бо хишти хому лой хона бунёд кардаанд. Вале мақомот мегӯянд, назоратро нисбат ба тарҳу масолеҳи сохтмонии онҳое, ки хона месозанд, пурзӯр мекунанд.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Айни замон аҳолии Тоҷикистон аз марзи 9 миллион нафар гузаштааст.

"Хишти пухта харам, бомро бо чӣ мепӯшам?"

Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст ва мутаносибан талабот ба порчаи замин ва хона низ зиёд аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сокинон: "Бомпӯшҳои зебо мехоҳем, аммо тавони молӣ надорем". ВИДЕО

Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, девор ва хишти гилин маҳсулоти аз ҳама арзон барои бунёди хона аст ва онҳо барои хариди хишти пухта пул надорад.

Наимҷон Ҳомидов, сокини ноҳияи Хуросон, соли гузашта барои бунёди хона як порча замин гирифт. Мехоҳад, ки деворҳои манзилаш аз хишти пухта бошад, аммо пулаш барои хариди он намерасад.

"Ҳоло сертификати замин ва лоиҳаи хонаро дорам. Агар ҳамин сол хонаро насозам, аз замони гирифтани сертификат 2 сол мегузарад ва метавонанд онро бекор кунанд. Бинобар ин, тасмим гирифтам, бо хишти хом хонаро созам. Яксола пули аз Русия овардаам танҳо барои қуму сементи пойдевори хона ва бомаш мерасад. Агар барои деворҳо хишти пухта харам, барои бом пул намемонад",-гуфт ӯ.

Чаро бисёриҳо хишти хом истифода мекунанд?

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар фасли тобистон мекӯшад аз хоки пойдевори хонааш хишти лойӣ омода карда, девор созад ва боми хонаро пӯшонад, то қарори истифодаи сертификати заминро аз даст надиҳад. Хиште, ки ӯ аз хок тайёр мекунад, ба ҷуз меҳнати худ сарфи дигаре надорад. Аммо корхонаҳои хишти пухта, дар атрофи шаҳри Душанбе, ки аксаран ба чиниҳо тааллуқ дорад, як донаи онро аз 50 то 75 дирам мефурӯшанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қарори нави ҳукумат. Ҳатман хонаҳои 5 ошёна созед

Бо вуҷуди ба ҳайси маҳсулоти сохтмонӣ расман эътироф нашудани хишти лойӣ, дар гӯшаҳои кишвар он ҳамчун маҳсулоти сохтмонӣ ба фурӯш гузошта мешавад ва нархаш ба маротиб арзонтар аз хишти пухта 18 то 20 дирам аст.

Ҳокимшо Сияров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, аксар оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон бо мушкили бунёди манзили зисти алоҳида аз волидони хеш даст ба гиребонанд, аммо дар кишвар механизмҳои молиявие барои харид ва ё сохтмони манзил вуҷуд надорад.

Мушкили "ипотека"

Ӯ гуфт: "Дар аксар кишварҳои ҷаҳон, ҳатто давлатҳои пешрафта, сокинони оддӣ пул надоранд, ки якбора хона харанд ва ё онро созанд. Қарзҳои ипотекии дастрас вуҷуд дорад, ки одамон барои сохтмони манзил ва ё хариди он истифода мекунанд. Дар мо мизони қарзи ипотекӣ на кам аз 14 фоиз аст ва ба муҳлати на беш аз 5 сол дода мешавад. Барои чунин қарз гирифтан якчанд ҳуҷҷат ва кори собит бо маоши баланд зарур аст, ки боз ҳам барои оммаи васеъ ин гуна қарзҳо дастнорас мешаванд."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кӣ чӣ дорад? Исми моликони манзил дар Тоҷикистон ошкор мешавад

Ин иқтисоддон афзуд, вақте чунин механизме вуҷуд надорад, сокинон аз ночорӣ аз гилу лой хона месозанд. "Дар ҳолати пеш омадани офатҳои табиӣ ба мисли селу зилзила ин гуна хонаҳо зуд вайрон мешаванд ва дар ниҳоят сарбории давлат мешаванд, чун дар Тоҷикистон таҷрибаи суғурта ё бима кардани хонаҳо низ роиҷ нест", -- мегӯяд Сияров.

Мақомот ва созмонҳои имдодӣ дар гузашта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб ҳангоми омадани сел ва вайрон шудани даҳҳо хонаи мардум, аз ҳисоби пулҳои будҷа ва ҷалби соҳибкорон ба сокинон хона сохта буданд.