Тарҳи Чин кишварҳоро рушд медиҳад ё "фурӯ мебарад"? ВИДЕО

Дар Чин бо иштироки раҳбарони чанде аз кишварҳои олам нишасти “Як камарбанд – як роҳ” ҷараён дорад.
  • Тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" соли 2013 дар анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, ки ду тарҳи бузург -- "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" ва "Роҳи абрешими баҳрии асри XXI"-ро муттаҳид мекунад.
Мо ба баҳр роҳ надорем. Барои ҳамин, амалӣ гаштани барнома метавонад, кишвари мо ва минтақаро бо роҳҳои обӣ пайваст намояд.

Ин роҳ ба куҷо мебарад?

Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энержӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли Чин бо шарикони "Як камарбанд – як роҳ" ҳудуди 5 триллион долларро ташкил дода, барои 25 кишвари узв Чин бузургтарин шарики тиҷоратӣ гардидааст.

Рӯзи 13-уми апрел, ду ҳафта пеш аз нишасти Пекин, президенти Тоҷикистон бо хабарнигорони расонаҳои чинӣ ҳамсуҳбат шуд ва ба ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” баҳои баланд дод.

Вале шуморе аз кишварҳои ғарбӣ ва коршиносони маҳаллӣ ҳушдор медиҳанд, ки ҳадафи аслии ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” пешбурди манфиатҳои стратегии худи Чин аст. Ба гуфтаи онҳо, аз эҳтимол дур нест, ки ин мамолик имкони бозгардони қарзҳои ҳангуфти Чинро пайдо накунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Президенти Тоҷикистон ба хабарнигорони чинӣ чӣ гуфт?

"Мо ба баҳр роҳ надорем"

Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо расонаҳои чинӣ гуфт, Тоҷикистон ба ин назар аст, ки ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. “Ташаббус барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ муҳим ва ба манфиат аст, қобили қабул аст. Ҳадаф, пеш аз ҳама, эҳёи роҳи таърихии “Роҳи абрешим” аст”, -- афзуд ӯ.

Тоҷикистон аввалин кишваре мебошад, ки Ёддошти ҳамкориро дар иҷрои ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” имзо карда, стратегияи рушди миллиашро бо ин тарҳ ҳамоҳанг мекунад.

Президенти Тоҷикистон бовар дорад, ки ташаббус тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун мекашад. Ӯ гуфт, “мо ба баҳр роҳ надорем. Барои ҳамин, амалӣ гаштани барнома метавонад, кишвари мо ва минтақаро бо роҳҳои обӣ пайваст намояд.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Камарбанд"-и Чин барои Тоҷикистон: тахтабанд ё роҳи шукуфоӣ?

Чин яке аз бузургтарин сармоягузорони Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, Тоҷикистон беш аз дигарон аз Чин қарздор аст. Айни замон қарзи берунии Тоҷикистон ба беш аз 2 миллиарду 900 миллион доллар мерасад ва бахши асосии он аз Чин аст. Қаблан созмони Global risk insight гуфта буд, қарзҳои ҳангуфт дар оянда метавонанд "як фишанги пурзӯри Чин" дар таъсир ба кишварҳои қарздораш шавад.

Вобастагии молӣ аз Пекин

Гароиши иқтисодии берунии беш аз ҳадди Душанбе ба сӯи Пекин аксаран интиқодҳоро дар доираи коршиносони мустақил ба бор меоварад, ки дар тарҳи нави Чин афзоиши вобастагии молӣ ба ин кишварро мебинанд.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" хосияти геостратегӣ дорад ва ба дастёбӣ ба захираҳои арзон ва эҷоди зерсохтҳои логистикӣ барои кашонидани онҳо ба Чин нигаронида шудааст.

Амрико ва аксари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ин ташаббуси Чинро танқид кардаанд. Онҳо мегӯянд, сиёсати қарздиҳии Чин барои бунёди инфрасохтори минтақавӣ қарзеро ба дӯши кишварҳои дар ҳоли рушд бор мекунад, ки қудрати пардохти онро надоранд.