Ҳизби мухолиф интихоботи президентии Қазоқистонро таҳрим кард

Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон (ҲУСДҚ) дар анҷумани 26 апрел эълон кард, ки интихоботи президентии 9 июнро таҳрим мекунад.

Рӯзноманигор Ермурод Бапӣ, ки ибтидои ҳафтаи ҷорӣ дар бораи пешбарии номзадиаш аз ҲУСДҚ хабар дода буд, номзадиашро пас гирифт.

Бапӣ дар анҷумани ҳизб гуфт, бо назардошти қарори ҳамсафонаш ба чунин натиҷа расидааст.

Бо ёдоварӣ аз ҳодисаи ҳабс ва ҷаримаи чанд фаъоли маданӣ барои шиори "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест" Бапӣ гуфт, "ҳоло насле эътироз мекунад, ки дар солҳои аввали истиқлоли Қазоқистон таваллуд шудааст".

ҲУСДҚ, ки худро ҳизби мухолиф эълом мекунад, дар интихоботи порлумонии соли 2016 натавонист, ҳадди 7-дарсадиро убур ва вориди порлумон шавад.

ҲУСДҚ - яке аз ҳафт ҳизби расмии Қазоқистон аст.