Пас аз гузориши "Озодӣ" маҳбуси собиқ кумакпулӣ гирифт. ВИДЕО

Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бекории маҳбусони собиқ ва зиндагии пурмушкили Наимҷон Исомиддинов, мақомот қисме аз кӯмакпулии ӯро пардохт ва барояш ваъдаи кор кардаанд. Наимҷон баъди панҷ соли адои ҷазо, 4 моҳи пеш аз зиндон озод шуд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ аз он шикоят мекард, ки ба ҳар ҷое барои дарёфти кор муроҷиат кунад, ба далели доштани доғи судӣ, посухи рад мегирад. Наимҷон гуфта буд, дар қайди Шуғли аҳолӣ ҳаст ва то ҳанӯз онҷо ҳам барояш коре пайдо нашудааст. Дар ин муддат, ӯ аз кӯмакпулии се моҳае, ки давлат барои зиндониёни собиқ пешбинӣ кардааст, ягон дирам нагирифта буд.

  • Баъди як рӯзи нашри гузориши Радиои Озодӣ, Наимҷонро ба идораи шуғли аҳолӣ даъват карда, қисме аз ин маблағро пардохт кардаанд. Ҳамчунин ба ӯ ваъда додаанд, ки то моҳи дигар боқимондаи пулашро дода, рӯзҳои наздик ӯро бо ҷойи кор ҳам таъмин хоҳанд кард.
Як мушкили умдаи маҳбусони собиқ ин будааст, ки дар ягон ниҳод, чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, ба кор қабул намешаванд.

Наимҷон Исмоиддинов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, баъди аз зиндон берун шудан, ӯ худро ба қайди шуғли аҳолӣ гузошт, то барои пеш бурдани зиндагӣ кӯмакпулӣ ва ҷойи кор пайдо кунад. Ин сокини шаҳри Бохтар гуфт, "муддати 3 моҳ ранҷ кашидам. Мерафтам, дарашон баста буд. Мерафтам, маблағ нагузаштааст, мегуфтанд. Баъд аз нашри видеои Радиои Озодӣ рафтем, якумин одам будам, ки маблағро гирифтам",-афзуд вай.

Наимҷон замони таҳсил дар донишгоҳ бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҷиноят 9 сол зиндонӣ шуд. Баъди панҷ соли адои ҷазо, авф ва озод гашт. Мегӯяд, ба муҳоҷират рафта наметавонад, чун сиҳатиаш дигар хуб нест.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳбуси собиқ кумакпулӣ дарёфт кард

Мехоҳад бо ба роҳ мондани тиҷорати хурде дар бозор зиндагии худро пеш барад. Аммо маблағе барои шурӯи кор надорад. Ӯ дар зиндон касби кафшергариву челонгариро аз худ кардааст, аммо ҳоло бо нафақапулии ночизи модари маъюбаш зиндагӣ дорад.

Маҳбусоне, ки аз зиндон раҳо мешаванд, дар аксар ҳолатҳо кор пайдо намекунанд.

Ба гуфтаи Наимҷон, корфармоҳо ба ӯ, ки дар гузашта зиндонӣ буд, бовар надоранд. "Корхонаҳои шахсӣ, ба чанд нуқтаи сӯзишворӣ ва шустушӯи мошинҳо рафтам, ки моҳонааш 500 сомон аст, барои кори нигаҳбонӣ ҳам муроҷиат кардам, аммо бовар намекунанд, мегӯянд шумо шабу нимашаб корро партофта меравед. Ҳамин хел баҳонаҳо мекобанд",-мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи ин маҳбуси пешин, маҳз набуди кори мувофиқ ва тангдастӣ қисме аз собиқ маҳбусонро дубора ба зиндон бармегардонад. Наимҷон мегӯяд, "мешавад ҳолатҳое, ки ҷинояткор мебарояд, муҳлати 1 сол ним сол мегарданд, кор, ки нест дубора ҷиноят карда ба маҳбус мераванд. Дубора ба корҳои ношоиста даст мезананд. Кор бошад, дастгирӣ бошад, ҷинояткорӣ аз байн меравад.”

Масъулияти бо кор таъмин кардани маҳбусони собиқ бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аст. Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, дар соли 2018 беш аз 60 ҳазор нафари бекор, аз ҷумла, маҳбусони собиқ дар кишвар бо ҷойи кор таъмин шудааст. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ба маҳбусон ҳамчунин барои ба роҳ мондани тиҷорати хурди худ қарзҳои имтиёзнок ва 3 моҳи аввал 1200 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.

Аммо як пажӯҳиши Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, ки дар миёни беш аз 300 зиндонии собиқ ва нозирони минтақавӣ анҷом шудааст, муайян кард, ки баъди берун омадан аз зиндон, аксарият мисли Наимҷон зиндагии сахту пур мушкиле доранд. Онҳо дар аксар ҳолат бекору бехона ва бесанад монда, чун одамони "навъи дувум" шинохта мешаванд.

Як мушкили умдаи онҳо ҳам ин будааст, ки дар ягон ниҳод чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ ба кор қабул намешаванд. Ё агар қабул ҳам шаванд, баъди огоҳ шудани корфармо аз “доғи судӣ”- онҳо, аз кор ронда мешаванд.