Дар як тарафи баҳс Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, дар тарафи дигар ҷамъияти саҳомии "Камароб" аст, ки аз соли 1994 ба истихроҷи ангишт дар кони "Назарайлоқ" машғул будааст.
Даъво бар сари истихроҷи ангишт аз майдони "Кафтархона" ва ё кони маъруф ба "Назарайлоқ" аст, ки бино ба арзёбиҳо 400 миллион тонна ангишт дорад.
Ҳоло маълум нест, ки дар Додгоҳи олии иқтисодӣ баҳс сари саҳмияҳои “Камароб” ба нафъи кӣ меанҷомад. Фақат ин маълум аст, ки истихроҷи ангишт дар як кони бузурги ин маводи сӯхт, мутаваққиф шудааст.
Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ки 52 дарсади саҳмияҳои кони "Назарайлоқ"-ро дар ихтиёр дорад, мехоҳад, бо хариди 48 дарсади бақияи саҳмияҳо аз моликони корхонаи "Камароб", онро ба як ҷамъияти сирф давлатӣ табдил диҳад.
Ҷанҷол дар бораи "Камароб" то ба сатҳҳои баланди ҳукумат рафтааст, ки ба он муовини аввали сарвазир ҳам дахолат кардааст. Дар як номаи Вазорати молия аз рӯзи 13-уми феврали имсол омадааст:
"Тибқи супориши муовини якуми саравазири Тоҷикистон масъалаи дар заминаи молу мулки ҶСК "Камароб" таъсис додани ҷамъияти нав бо 100 дар сад ҳиссаи давлат ва додани ҳуқуқи истихроҷ ва коркарди ангишт дар майдони Кафтархонаи кони ангишти "Назарайлоқ" ба мақсад мувофиқ аст".
Аммо Вазорати саноат ва технологиҳои нав гуфтааст, ки муҳлати иҷозатномаи корхонаи "Камароб" барои истихроҷи ангишт дароз карда шавад ва кор идома ёбад. Ба қавли масъулони вазорат, баҳси Кумитаи сармоягузорӣ ва ҷамъияти саҳомии "Камароб" боис ба нигаронист. Вазорати саноат як нома ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки “бо назардошти имкониятҳои техникӣ ва кадрии "Камароб", муҳлати иҷозатномаи истихроҷи ангишт бо саҳмияи 48 дар сад тамдид карда шавад”.
Дар номаи вазорат, ки як нусхааш дастраси Радиои Озодӣ шуд, омадааст: "Новобаста аз вазъи минтақа дар солҳои 1997-2000, ин ҷамъият 100 километр роҳро бунёд карда, ҳашт пули мошингузар сохтааст. Аз соли 2008 то 2017 ҳудуди 116 ҳазору 150 тонна ангишт ба фурӯш гузоштааст".
Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ, баҳс миёни ду тараф идома дорад ва маълум нест, қарори ниҳоӣ кай содир мешавад.
Раҳбарони наву кӯҳнаи корхона чӣ мегӯянд?
Ҳоло масъулони корхонаи "Камароб" мегӯянд, ҳуқуқи ворид шудан ба бинои корхонаро надоранд ва ночор мондаанд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, ки 52 дар сади саҳмияҳои корхона ва ҳаққи қабули қарорҳои ниҳоиро дорад, Мурод Хушвақтов, раиси "Камароб"-ро аз вазифа барканор ва ба ҷойи ӯ Обидхӯҷа Шарифовро таъйин кардааст.
Мурод Хушвақтов гуфт, "мо ҳуқуқи ба бинои корхона ворид шуданро надорем. Баъди он ки муҷаввизи моро боздоштанд, 120 коргар бекор монд".
Обидхӯҷа Шарифов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ намуд, ки мудири "Камароб" таъйин шудааст ва мунтазири хулосаи додгоҳ аст, то корро барои истихроҷи ангишт аз сар бигиранд.
Мурод Хушвақтов ва саҳҳомони дигари корхона мегӯянд, ҳоло фақат мехоҳанд, мақомот 52 миллион сомонӣ харҷи кардаи онҳо пардозанд. Вале Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ин замина посухи рушан намедиҳад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар номае ба ҳукумат навиштааст, "саҳмдорони “Камароб" далелҳои беасос, аз ҷумла пардохти маблағҳо барои бунёди роҳи корхонаро пеш оварда ва барои ба давлат супоридани саҳмияҳои худ розигӣ надоданд".
Чӣ гуна саҳмияҳои "Кайсун Майнинг" ба Кумитаи амвол расид?
Корхонаи "Камароб” дар ибтидо фаъолияти худро бо саҳмияи "48 ба 52 дар сад" бо ширкати бритониёии "Садлбек Голд Корпоррейшн" шурӯъ намуд ва дар соли 2015 ин ширкат саҳмияҳои худро ба ширкати чинии "Кайсун Майнинг корпорейшн" ба савдо зад.
Ширкати чинӣ бо вуҷуди исрори муассисон, аз пардохти андоз сарпечӣ намуд ва баъди муроҷиати намояндаҳои корхонаи "Камароб" ба Кумитаи андоз, "Кайсун Майнинг корпорейшн" барои падохти 79 миллион сомонӣ ҷарима карда шуд.
Аммо ин ширкати чинӣ ҷаримаро напардохта, Тоҷикистонро тарк намуд ва Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ саҳмияҳои ширкатро дар як тендер ба фурӯш гузошт, вале харидор пайдо накард. Баъди ин саҳмияи 52-дарсадаи ширкати чиниро Кумита аз номи худ ба ҳисоби давлат шомил кард ва боз аз ҶДММ "Камароб" талаб намуд, ки саҳмияҳои 48-дарсадии худро ҳам ба Кумита вогузорад ва раиси корхона иваз карда шавад
Ҳоло маълум нест, ки дар Додгоҳи олии иқтисодӣ баҳс сари саҳмияҳои "Камароб" ба нафъи кӣ меанҷомад. Фақат ин маълум аст, ки истихроҷи ангишт дар як кони бузурги ин маводи сӯхт мутаваққиф шудааст ва даҳҳо корманд мунтазиранд, ки масъала ҳарчи зудтар ҳал шавад ва онҳо сари кор баргарданду рӯзгорашонро пеш баранд.